февраля 2020

Таърихи адабиёт дар ҷаҳон: Фоҷианомаҳои Юнони Бостон

​ Аз имрӯз тарҳи нав оғоз мекунем. Ҳадаф муаррифии хонандагон бо чеҳраҳои адабии олам ва таърихи рушди ададбиёти ҷаҳон аст. Тарҳи навро аз Юнони Бостон шуруъ мекунем, чун эҳтимолан хелеҳо таърихи адабиёт дар ин қитъаи оламро, ки бузургтарин адибону файласуфонро ба ҷаҳониён додааст, камтар медонанд.

Фоҷианомаҳои Юнони Бостон

 Фоҷианомаҳои Юнон шабаҳи асосии худро аз сурудҳои умумиҷаҳони (хор) гирифтааст, ки пайдоиши онҳо ба ибодати худо Дионис алоқаманд аст. Барои ҳамин хор дар фоҷиа (традегия) ва

Модарномаи муҳоҷири овора

​ Эссеи  «Модарномаи  муҳоҷири  овора» дар  эҷодиёти  Сайдаҳмади  Зардон  ҷойгоҳи  вежа  дорад. Онро  ба  далели   латофати  баён  ва  ҷазобияту  салосати  сухан  метавон  шеъри  мансур  низ  номид. Ёди  Модару  Ватан, меҳри  сарзамини  адждодӣ  ва  азизону  пайвандон  ягона  дороӣ, буду  шуди  қаҳрамони  асар  аст, ки  дар  шакли  нома  ба  модар  баён  шудааст. Ин  меҳру  муҳаббати  бепоён   муаллифи  номаро  дар  муҳликтарин  лаҳзаҳо   низ  чун  тумори  балогардон  ҳифз  менамояд, то ўро  ба  сарзаманзили  мақсуд   бирасонад.

 

Саҳифаҳои дурахшони 70 соли пуршараф

 Ин китоб ба таъсиси факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки соли гузашта 70-солагии худро ҷашн гирифт. Ректори пешини он академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар с арсухани китоб навиштааст: Мояи ифтихору шарафмандист, ки дар рўзҳои таҷлили ҷашни 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки дурнамои рушди Тоҷикистони азизро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд муайян намудааст, 70-умин солгарди таъсисёбии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро бо шукргузорӣ ва сиёсати маорифпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ваҳдату созандагии  ҷашн мегирем.

Дарахтшинонӣ дар Китобхонаи миллӣ

​Дирӯз дар Китобхонаи милли ба истиқболи баҳор рӯзи ободонӣ буд. Аз сари субҳ кормандон гирду атрофи бинои китобхонаро тоза карданд, сабзаҳои хушкидаро аз ҳотаи он чиданд, ҷӯйборҳоро тоза намуданд. Ба дарахтон об монданд, бехи гулҳоро нарм карданд. Хазони сари роҳу дохили ҳотаро тоза карданд.

Нақши пешвои миллат дар рушди китобу китобдорӣ

​ Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин лиҳоз, мардуми олам бо арзи муҳаббату эҳтиром китобҳо, ганҷинаи маънавии ниёгонро дар хазинаҳои миллии хеш ҳифзу нигаҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрўз ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.

 Китобу китобдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи .

Санъати ороишӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Аврупо муаррифӣ мегарданд

​Санъати ороишӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон бояд ба мардуми Аврупо муаррифӣ гарданд. Ин нуктаро 25 феврал Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йозефсон зимни мулоқот бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии 

“Республикаи ман”. Аз таърихи офариниши як суруд

 Суруди овозадори «Республикаи ман» бар матни  Боқӣ Раҳимзода ва Муҳиддин Фарҳат, ки соли 1975 эҷод шуда буд ҳоло ҳам дар ҷашну чорабиниҳои бошукўҳи идона садо медиҳад. Имрўз ҳам зебогӣ ва маънои худро гум накардааст ва дар қатори сурудҳои тарбиявию ватандўстона мақоми аввалро дорад.

Таджикистан мой край родной

Таджикистан - моя Родина. Мое место рождения и любимый сердцу уголок.

Таджикистан! Ты мой до крошечного камня

Мне твой засохший куст дороже роз в цвету,

Добра я – от тебя досталась доброта мне,

Сангҳои гаронбаҳои Бадахшон

Гар санг ҳама лаъли Бадахшон будӣ,

Пас қимати лаълу санг яксон будӣ

Саъдӣ

 Сангҳои гаронбаҳои Бадахшон ҳанӯз аз қарнҳои бостонӣ диққати оламиёнро ба худ ҷалб мекарданд ва лаълу лоҷвардаш дар бозорҳои Шарқ на танҳо ба нархи тилло, балки бештар аз он арзиш доштанд. Таваҷҷуҳ ба сангҳои гаронбаҳои 

Мақом ва манзалати зан дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ

Бе падар мумкин аст шуд маълум,

Чун Масеҳо зи Марями маъсум.

Лек бе модари хуҷаставуҷуд,

Валадеро нагуфта кас мавлуд.

Амир Хусрави Деҳлавӣ

Аз замони бостон то имрўз зан-модар дорои мақому мартабаи баланд ва дар тамоми фаъолияти ҳамарўзаи зиндагӣ то ҷое бо мард баробар буд.Дар номаҳои бостон аз мақому мартабаи волои 

Дар ҳошияи паёми Президент. Китобхона ва ҷомеа

​ Китобхона яке аз ниҳодҳои пурқудрати илмиву амалӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар он аксаран дастовардҳои беҳтарини хаттиву электронии инсоният захира ва мавриди инстифода қарор дода мешавад. Китобхонаи имрӯза на танҳо дар баландбародории донишу маънавиёти инсон, балки дар рушди ҷаҳонбинӣ, забономӯзӣ, меҳанпарастиву инсондӯстӣ, ташаккули ҳувияти милливу хештаншиносӣ, такмили

Китоб ё интернет?

​Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳамаи чораҳои заруриро андешидааст. Намоиши китобро аз рўйи панҷ наминатсияи озмун таъсис дода, китобҳоро дар шакли электронӣ ва асл пешкаши иштирокҷиёни озмун гузоштааст. Ва толори махсусро бо шахсони масъул барои дарёфти маълумот ва рақами телефон омода намудааст.  

Ҳикматҳои ҷовидонаи Лев Толстой

Лев Толстойи маҳбуб Толстойи шакко ва хушгузарон аст. Бидуни ў зиндагӣ берўҳу фақир буд. Ҳикматҳои Лев Толстой ҳамчун решаҳои дарахти куҳан дар замин фурў рехтаанд, ҷумалоте, ки фақат мутааллиқ ба мо нестанд, балки мутааллиқ ба наслҳои баъд ҳам ҳастанд. Ин ҷо тасмим гирифтем андарзҳое аз ин нависандаи оламшумул орем.

                              ***   ***   ***

         Мақсади ҳар гуна таълифот накўкорист.

                                         ****

Ҳашт нафар аъзои маҳфили “Равшандилон” ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд

 Ҳашт нафар аъзои маҳфили “Равшандилон” ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. Инҳо касоне мебошанд, ки бори аввал ё дуюм дар ин маҳфил ширкат мекунанд. Эҷодкоранд ва ё мухлиси эҷодкорон, ки мехоҳанд аз суҳбатҳояшон ташнагии маънавӣ бишкананд. Ва дар маҳфили навбатӣ, ки рӯзе қабл таҳти раёсати шоири маъруф Хайрандеш 

Китоб мӯниси ҷону дил аст

 Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор, нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб

Мо аз Худоем ва ба сӯйи Ӯ бармегардем!

Маъмурият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми шоир, нависанда, рӯзноманигори шинохта, узви Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон  (аз соли 2004), узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон  (аз соли 2015), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон  (2008), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), мутахассиси пешбари Шуъбаи матбуоти даврии Китибхонаи миллии Тоҷикистон

Валиҷон Баёнӣ

андуҳгин буда, барояш аз Худованди бузург Фирдавси барин ва ба