Мақом ва манзалати зан дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ

Бе падар мумкин аст шуд маълум,

Чун Масеҳо зи Марями маъсум.

Лек бе модари хуҷаставуҷуд,

Валадеро нагуфта кас мавлуд.

Амир Хусрави Деҳлавӣ

 Аз замони бостон то имрўз зан-модар дорои мақому мартабаи баланд ва дар тамоми фаъолияти ҳамарўзаи зиндагӣ то ҷое бо мард баробар буд. Дар номаҳои бостон аз мақому мартабаи волои зан дар тамоми давраҳо, бахусус дар таърихи бостони мо хирадмандию покдоманӣ, дифоъ аз хонаводаву сарзамин, фидокорӣ, шуҷоату далерӣ ва муборизаҳои ватандўстонаи занон хеле зиёд зикр шудааст. Дар устураҳои куҳан эзадбонуе чун Ардависур Аноҳито, ки баъдтар Ноҳид шудааст, фариштаи нигаҳбони об аст ва ўро ба сурати бонуи шоиставу зебо васф кардаанд. Дар бораи вазифае, ки Аҳурамаздо ба уҳдаи ин эзадбону гузошт, дар Авасто дар бахши «Обон-яшт» хеле муфассал гуфта шудааст, ки ин аст:

 «Аҳурамаздо» ба «Спитамон Зартушт» гуфт:

 “Эй «Зартушти Спитамон»!

 «Ардависур-Аноҳито»-ро, ки дар ҳама ҷо (домон) густурда ва дармонбахшанда ва душмани девон ва пайрави ойини Аҳуроист, ситоиш кун!

 (Ўст), ки сазовор аст дар ҷаҳони хокӣ сутуда бошад ва ўро ниёиш кунанд.

 Ўст поке, ки ҷон афзояд ва галаву рамаву дороӣ ва кишвару гетиро бешию афзунӣ бахшад.

 «Ўст, ки нутфаи ҳама мардонро пок кунад ва заҳдони ҳама занонро барои зоиш беолоиш созад.

 Ўст, ки зоиши ҳама занонро осон гардонад ва ба ҳангоми ниёз, шир дар пистони занони бордор оварад» [1, 22].

 Ҷое ва мақоми парастише, ки чашмаи Бибӣ-Фотимаи Заҳро (дар аҳди бостон ҳатман мақоми парастиши Ардависур-Аноҳито буда) дар Бадахшони Тоҷикистон, дар ноҳияи Ишкошим дорад, дар ҳеч ҷое аз Шингону мулки Хутан то паҳнои Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон ва Эрони кунунӣ дида намешавад ва хусусиятҳои дармонбахши он чашма, ки дар «Обон-яшт»-и Авасто зикр шудааст, назир надоранд. Ҳатман баъд аз зуҳури ислом мардум аз рўи эҳтиром ва нигаҳдории ин макони муқаддас онро чашмаи Бибӣ-Фотимаи Заҳро номидаанд.

 Ориёи бостон, ки миёнаи ҷаҳонаш мегуфтанд, Бохтару Суғду Хоразм аст ва Бадахшони Тоҷикистон низ гўшае аз ин миёнаи ҷаҳон аст.

 Дар ҳама ахбор ва ишораҳои бостонӣ макони Ардависур-Аноҳиторо кўҳҳои баланди барфпўш гуфтаанд ва макони рўду рўдхонаҳои зиёде. Пас, эҳтимоли қавӣ меравад, ки ин макон бо ин ҳама пиряхҳову кўҳҳои баланду ҷўю рўдҳои равонаш ҳатман Бадахшон аст. 

 Дар китоби «Ҳикмати озодагон»-и устод Назри Яздонӣ омадааст: «Ҳамчуноне, ки аввалин арзишҳои бунёдии башарият ба монанди виҷдон, ростӣ, покӣ, хайри сегона аз хоки Ориёи бостону Тоҷикистони ҷавон зуҳур кардаанд, рушду камол ёфтаанд, аввалин шеъри башарият дар ҳамин сарзамин суруда шудааст. Таъбирҳои ширин, ташбеҳоти латифу зебо, диди шоирона…

 Гуфтани мисол зарурат надорад, Аз гаҳвора то тобут зоҳиран ва ботинан рўзгори миллат ҳамагӣ шеър аст, аз суруди «Алла» то суруди мотам…

 Аммо як намуна мехоҳам ёдовар шавам. Ин намуна ҳам шеър аст, ҳам сухантасвир, ҳам суханмуҷассамаи олист, ҳам мизону мавзуноти зебоист, ки умри «Авасто»-ро дорад ва ҳамеша, то имрўз ҳам тару тоза аст, модерн аст. Ин тасвири Ардвисура Аноҳито (Ноҳид) дар «Обон-яшт» аст:

126. Ардвисура Аноҳито ҳамора бо пайкари дўшизаи ҷавон, зебо, барўманд, бурзманд, камар дар миён баста, ростболо, озоднажодаву бузургвор, ки ҷомаи заррини гаронбаҳои пурчине дар бар дорад, падидор мешавад.

127. Ба ростӣ, ки Ардвисура Аноҳитои бузургвор ҳамон гуна, ки шеваи ўст, барсам бар даст гирифта, гўшвораҳои заррини чаҳоргўшае аз гўшҳо овехта ва гарданбанде ба гардани нозанини хеш баста, намоён мешавад. Ў камар бар миён бастааст. То зеботар бинамоянду дилнишинтар шавад.

128. Бар фарози сари Ардвисура Аноҳито тоҷе ороста бо яксад ситора ҷой дорад: тоҷи заррини ҳаштгўшае, ки ба сони чархе сохта шуда ва бо наворҳо зевар ёфта. Тоҷи зебои хушсохте, ки чанбаре аз он пеш омадааст.

 Ардвисура Аноҳита ҷомае аз пўсти бабар пўшида; аз пўсти сесад модабабар, ки ҳар як чаҳор бача зоид; аз он рўй, ки бабари мода зеботарин ҷонварест, ки мўе анбўҳ дорад.

 Бабар ҷонваре обзист, ки агар пўсташ ба ҳангом омода шавад, ҳамчун симу зар бисёр дурахшон ба чашм меояд.

 Вақте ман ин тасвирро бори нахуст хондам, муҷассамаи Афродитаи Юнони қадим – олиҳаи ишқу зебоӣ, филфавр пеши чашмам омад. Сухантасвирҳо ва муҷассамаи Венераи Руми қадим,– олиҳаи ишқу зебоӣ, хушиҳову хушҳолиҳо пеши назарам равшан шуд. Ин юнонию римӣ олиҳаҳое буданду ҳастанд, ки ҳанўз аз синфи панҷуми мактаби миёна аз тасвирҳои китоби дарсии «Таърихи дунёи қадим» дар зеҳну завқи ман нақш баста буданд. Ин нақшҳо воқеан барои ману мо олиҳаи зебоӣ буданд ва ҳастанд. Бешубҳа ин ҳеч бадӣ надорад, хуб аст. Зебоӣ миллату мазҳаб надорад. Агар дар ҳадди камол аст, аз арзишҳои миллӣ болотар аст, умумибашарист, қудсӣ, самовист…

 Аммо бад он аст, ки дар китоби дарсии ман тасвирҳову таълимҳои кишварҳои дур буданд, тасвири Аноҳитои аҷдодии ман набуд. Ман аз нуқсони миллатам азият мекашидам. Табиист, ки дар назари мани дувоздаҳсола миллатам дар баробари юнонию римӣ ноқис, камтар, қафомонда менамуд. Айби ман набуд, ки азият мекашидам, миллатамро нокомил медидам. Айби китоби дарсии ман буд, ки ҳақиқат намегуфт, айби муаллифи барномаи дарси таърих, айби миллатҷудоӣ, худкомагӣ, тоталитаризми сиёсӣ буд…

 Дар қиёс бо Аноҳитои ориёӣ, Афродитои юнонӣ ва Венераи румӣ чӣ фарқият доранд? Аноҳито савори гардунаест чаҳораспа, Афродитову Венера гардунаи дуаспа доранд. Пироҳани Афродитову Венера дар қиёси пироҳани Аноҳито бараҳнагиҳои бештар дорад. Дар сухантасвирҳо ва муҷассамаҳо, Афродитову Венера монанди Аноҳито бурзманду барўманд нестанд. Яъне тарбияти ҷисмонии ориён барои марду зан баробар буд, ҳар як зан монанди ҳар як мард тарбияти ҳатмии аспсаворӣ, найзаварӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ мегирифт…

 Сухантасвири Аноҳито дар «Обон-яшт» дусад солу чанде муқаддамтар аз тасвирҳои Афродитову Венера аст. Тасвирҳои қадимтар аз «Обон-яшт» дар дастраси мо нест, аммо дар назди илм мусаллам аст, ки решаҳои воқеии ҷаҳонбинии авастоӣ аз ҷаҳонбинии адолатпешагон (Пешдодиён) баҳра гирифта аст, ки чанд садсола то авастоиён роиҷу маъмул буд» [9, 512-515].

 Дар замони бостон аз шуҷоату  далерии занон ба монанди Хутак-хотун, Фотимаи Хуросонӣ, Рухшонаи Суғдӣ, Гурдофарид, Ҳумой, Гирдуя, Манижа, Бурондухт, Фарангис, Понту, Пурондухт, Динаг, Озармидухт ва  дигарон хеле зиёд гуфта шудааст ва ҳар кадоме аз онҳо барои дифоъ аз хонаводаву сарзаминашон диловариҳои зиёд нишон додаанд. Дар ин ҷо аз корнамоиҳои онҳо чанд мисол меорем.

 Хутак-хотун– «Хотун-зани Бедун подшоҳи Бухоро буд. Ва Ибни Аъсам ал-Куфӣ номи ин занро ҳамчун Хутак-хотун зикр мекунад. Хотун зани оқилае буда, аз сабаби хурд будани писараш Туғшода, 15 сол ҳокимияти Бухороро бар уҳда дошт. Арабҳо ҳар боре, ки  ба Бухоро ҳуҷум меоварданд, ин зани мубориз ҳар дафъа бо онҳо сулҳ баста, маблағе медод ва онҳоро аз Бухоро дур мекард» [6, 217] ва ба ҳамин тариқ, сарзаминашро аз чанги араб нигоҳ дошт.

 Яке аз тоҷикзанони муборизи дигар бо номи Фотимаи Хуросонӣ аст, ки «Муғулон ўро ба асорат гирифта, то ба маркази Муғулистон бурданд ва ў бо кадом сабабе ба дарбори хони бузург Уктой афтода, шахси бонуфузи дарбор шуда буд ва пас аз марги хон ҳамроҳи зани ў қариб 4 сол империяи бузурги муғулро идора кард. Тахмин меравад, ки бо дастгирии ин зан таъсиси давлати Куртҳо иҷозат дода шудааст. (Давлати Куртҳо нахустину дарозумртарин давлати аҳди муғулии тоҷикон аст, ки якуним аср дар Хуросони марказӣ ҳукумат карда, асосгузори он тоҷикони кўҳистонии вилояти Ғур мебошанд)» [3, 265].

 Аз ҳусну ҷамоли зани тоҷик низ дар сарчашмаҳои таърихӣ зиёд зикр шудааст. Дар ин маврид Рухшонаи Суғдиро метавон мисол овард. Рухшонаи Суғдӣ зани хеле зебо буд ва Искандари Мақдунӣ ошиқу шефтаи ў шуда, бо нияти робитаи хешу таборӣ пайдо кардан бо ашрофи Бохтару Суғд ба ў хонадор мешавад. Ва пас аз марги Искандар Рухшона (Рухшонак) ҳамроҳи писараш Александри IV ба ҷои шавҳараш давлатдорӣ намудааст.

 Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома» дар васфи заковату шуҷоати зан дар симои Гурдофарид, ки нахустин бонуи гурд дар «Шоҳнома» аст ва дар разм бо Суҳроб диловариҳо намудааст, чунин гўяд:

Зане буд бар сони гурде савор,

Ҳамеша ба ҷанг-андарун номдор.

Куҷо номи ў буд Гурдофарид,

Ки чун ў ба ҷанг андарун кас надид [7, 233].

 Дар «Бундаҳишн» омада, «…ки дар ҳазораи чаҳорум, чун подшоҳӣ ба Баҳмани Исфандиёр расид, ориёиҳо бо ҳам дар ситез буданд. Ва аз тухмаи подшоҳӣ касе боқӣ намонда буд. Аз ин рўй Ҳумой духти Баҳман ба подшоҳӣ нишаст» [5, 98].

 Фирдавсӣ дар бораи подшоҳии Ҳумой чунин сурудааст:

Кунун бозгардам ба кори Ҳумой,

Пас аз марги Баҳман, ки бигрифт ҷой.

Ба беморӣ андар бимурд Ардашер,

Ҳаме буд бекор тоҷу сарир.

Ҳумой омаду тоҷ бар сар ниҳод,

Яке рою оини дигар ниҳод.

Сипаҳро ҳама сар ба сар бор дод,

Дари ганҷ букшоду динор дод [8, 44-45].

 Бархе аз муаррихон номи Ҳумойро Ҳумой ё Ҳумонӣ навиштаанд. Ва Ибни Балхӣ дар «Форснома» чунин навиштааст: «Ва ин Хумонӣ зани оқилу бо рою ҳазм будааст ва мақом ба Балх дошт…» [4, 58].

 Мурод аз ин сайри кўтоҳ дар таърихи ниёкон ва фазилатҳои занони миллати куҳантабори хеш, шинохтани хеш аст.

 Дар ҷомеаи имрўзини Тоҷикистон таъкид ва таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи шоистаи зан бештар аз пеш аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои таҳким ва боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити муносиби таҳсили духтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Тибқи квотаи президентӣ ҳар сол духтарони зиёд аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ба донишгоҳу донишкадаҳо ҷалб гардида, соҳиби тахассус ва касб мегарданд. Дар мавриди соҳибмаълумот ва донишманд будани зан, бахусус зани тоҷик устод Рустами Ваҳҳоб чунин гўяд:

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рўзгори беҳтаре ҳаст.

Агарчи аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст [2, 222].

 Духтарони тоҷик дар хориҷи кишвар низ дар риштаҳои гуногун хеле фаъолона дар пайи донишандўзӣ ҳастанд.

 Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрўзҳо аз ҳисоби занону гулдухтарони тоҷик низ дар мансабҳои роҳбарӣ, аз ҷумла аъзои ҳукумат, вазирон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, раисони кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Шўрои Олӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

 Имрўз ҷавондухтарони тоҷик ворисони модарони шуҷоъ ва гурди худ буда, дар навъҳои гуногуни варзиш муаррификунандаи миллат ва сарзамини худ ҳастанд. Яке аз ин гулдухтарони шуҷоъ Мавзуна Чориева аст, ки нахустин бор соли 2010 дар Мусобиқоти бокси Осиё дар Ҷумҳурии Қазоқистон пирўз ва беҳтарин бонуи муштзани Осиё шинохта шуд. Соли 2012 дар Муғулистон ҷои дуюмро ба даст овард ва худи ҳамин сол дар Чин соҳиби ҷои севвум гашт. Дар бозиҳои олимпӣ дар Лондон низ ҷойи севвумро ба даст оварда, парчами Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар баланд бардошт, ки боиси ифтихору сарбаландии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ гардид.

 Ҳадаф аз ин суханон ин аст, ки зан ва бахусус модари тоҷик пеш аз ҳама донишандўзу донишманд бошад. Зан тарбиятгари фарзанд аст, имони ў ба тавоноиҳои ақлу зеҳн ва кўшишу ҳунарҳои хеш дар парвардани фарзанди шоистаи хонадону сарзамин – духтарони порсову ҳунарманд ва писарони далеру хирадманд муҳимтарин нерўи вай хоҳад буд. Барои ҳар зан шарт ва зарур аст, ки ў донишманду оқилаву донову покдомон бошад.

 Устоди ахлоқи башар Саъдӣ фармудааст:

Зани хуби фармонбари порсо,

Кунад марди дарвешро подшо [8, 232].

Ҳаким Фирдавсӣ зани шоистаро чунин бинад:

Заноне ки эшон надоранд шарм,

Ба гуфтан надоранд овози нарм [9, 100].

Ғизое, ки инсон аз овони хурдӣ мегирад, шири модар аст ва ҳама нерўву қудрату хисол ва нияту амале, ки дар модар аст, ба воситаи шир ба кўдак таъсир мегузорад.

Зани тоҷик моми Бўалӣ буд,

Ва ё чун Робиъа поку валӣ буд.

Нахуст аз мактаби модар гузашта

Ба ҳар ҷо тоҷики соҳибдиле буд [2, 222].

Ё ҷои дигар:

Аё  ғамхори нону оби кўдак,

Шабонро зиндадорӣ хоби кўдак,

Биҳишти кўдакон домони мом аст,

Биҳишти модарон – одоби кўдак [2, 223].

 Инсон аз ду ҷавҳар шакл гирифтааст – ҷавҳари шариф ва ҷавҳари касиф. Пас, агар дар ў ҷавҳари шариф қавӣ гардад, пас, ҷисми ў аробаеро монад, ки ўро ба мақсуд расонад, бахусус зан, ки бори амонат мекашад ва ин бор фарзанд аст, метавонад насли солиму қавирўҳу қавиҷисмро тарбият бикунад. Дар ин сурат ў рисолати модар будани худро дар назди Офаридгор иҷро хоҳад кард.

Рўйхати адабиёт

  1. Авасто. Обон-яшт. Чопи шаум. Тарҷумаи Пури Довуд. – Теҳрон, 1347. – 626 с.
  2. Ваҳҳоб, Р. Салом. Маҷмўаи ашъор. – Душанбе: Адиб, 2015. – 256 с.
  3. Донишномаи мухтасари кўдакон ва наврасон. – Душанбе: Эр-Граф, 2013. – 564 с.
  4. Ибн ал-Балхӣ. Форснома. – Душанбе: Дониш, 1989. – 160 с.
  5. Мероси хаттии бостон. Китоби II. Ҷ.1. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 478 с.
  6. Наршахӣ, Ҷ. Таърихи Бухоро. – Душанбе: Пайванд, 2012. – 736 с.
  7. Фирдавсӣ, А. Шоҳнома. Ҷ. 2. – Душанбе: Адиб, 2007. – 480 с.
  8. Фирдавсӣ, А. Шоҳнома. Ҷ. 7. – Душанбе: Адиб, 2009. – 480 с.
  9. Фирдавсӣ, А. Шоҳнома. Ҷ. 9. – Душанбе: Адиб, 2009. – 480 с.
  10. Шерозӣ, С. Бўстон. Ҷ.4. – Душанбе: Адиб, 1990. – 304 с.
  11. Яздонӣ Н. Ҳикмати Озодагон. – Хуҷанд: Хуросон, 2017. – 528 с.

Манижабону Убайдуллоева, муовини сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон.