Китоб ё интернет?
Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳамаи чораҳои заруриро андешидааст. Намоиши китобро аз рўйи панҷ наминатсияи озмун таъсис дода, китобҳоро дар шакли электронӣ ва асл пешкаши иштирокҷиёни озмун гузоштааст. Ва толори махсусро бо шахсони масъул барои дарёфти маълумот ва рақами телефон омода намудааст.
Созу барги мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду қувват эътибори миллат аст.
Боиси ифтихору шукргузорист, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан бо иқдоми Пешвои муаззами милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе китобхонаи бошукўҳ бунёд гардид ва дари худро ба рўи муштариёнаш боз намуд. Ин иқдоми нек барои ҷавонони хушбахти замони истиқлолият туҳфаи беназири таърихӣ аст. Мехоҳам ин замон оид ба китоб ва нақши китобхона дар ҳаёти гузаштагонамон ибрози назар намоям.
Хонандагони азиз! Бузургон мегўянд, ки “Хонаи бекитоб мисли рўзи беофтоб аст”, дар воқеъ агар рўзе офтоб надурахшад, ё ки дар фасли ҳосилпаз тулўъ накунад, ҳатман ҳамаи меваҳои дарахтон хому талх ва нохўрданибоб мемонанд. Ҳамзамон дар ҳар хоне ва ё дар ҳар ҷомеаву давлате, ки китоб ва ё китобхона набошад, ҳатман ҷавонони он ҷомеа, ки назири меваҳоро доранд, хому норасида мемонанд.
Бояд қайд намуд, ки ҷавонон дар ҳар асру замон дар ҷомеа нақши ҳалкунанда ва тақдирсоз доранд, ё бо тарзи дигар бигўем онҳо назири баҳре ҳастанд, ки мо метавонем бо тариқи оқилона аз онҳо боғҳову бўстонҳо бунёд кунем ва баракс метавонем бо қувваи онҳо боғҳову бўстонҳоро бо хок яксон намуда, ба хористону регистон табдил диҳем. Таърих дар тўли гузашти солҳо борҳо нишон додааст, ки ҷавонон дар ҷомеа нақши созанда ва ҳам нақши сўзанда доранд.
Агар мо ҷавононро ба китобхонаву китобхонӣ ҷалб намоем, дар ин сурат бешак гуфта метавонем онҳо ҳамҷун қувваи созанда ба камол мерасанд. Зеро: китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамадин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.
Барои файлҳои кампютерамонро аз вирусҳои корношоям эмин доштан моро зарур аст, ки кампютерамонро бо антивируси Касперски муҷаҳҳаз гардонем.
Ба китобхона рафтану китоб хондан, назири ҳамон антивируси Касперскийро дорад, ки файлҳои бунёдкори афкори моро аз вирусҳои аз ҷониби ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ паҳн гардида, эмин нигоҳ медорад ва нақшаи бадхоҳонро ба монанди нақши рўйи об нобуд месозад.
Дар замони муосир, бо пешрафти илму техника ва бо пахши як тугмача аз тариқи шабакаҳои интернетӣ мо аз китобхонаҳои электронӣ аз набзи сайёра бохабар гардида, иттилоъ мегирем.
Бо вуҷуди ин қадар шуҳрати бузург касб карданаш интернет натавонист, ки фазилат ва қимати китоб ва китобхонаро коста намояд. Зеро одатан дар ҳар асру замон падидаи ҷадид қимати падидаи қадимро аз байн мебарад. Лекин интернет натавонист қимати китоб ва китобхонаро аз байн барад. Барои исботи ин нукта барои Шумо хонандаи азиз як далели ақлонӣ мебиёрам.
Чуноне ки гуфтем, дар замони муосир техникаю техналогия ба нуқтаи кулминатсионӣ расидааст. Масалан, компютер назар ба инсон миллион маротиба пештар ва дақиқу амиқтар мисолҳои математикиву физикиро ҳал менамояд.
Вале, вақте ки суол пайдо мешавад, оё компютер бузургтар аст ё инсон, ҳатман дар посух ҳама иттифоқи назар ба бузург будани инсон доранд. Зеро компютер бо вуҷуди он ҳама фазоилаш маҳсули тафаккури инсон аст.
Бартарии асосии китоб аз компютер дар он аст, ки муштарии илму дониш соатҳои тўлонӣ китоб хонад хастагиро ҳис намекунад. Вале дар назди компютер барои мутолиа дар як соат хастагиро ҳис мекунад ва ҳамзамон чашмони инсонро дардманду бо мурури замон биноишро кам мекунад.
Қобили ёдоварист, ки на ҳамаи ҷавонони мо фарҳанги хуби истифодабарии компютер ва интернетро медонанд. Аксарияти онҳо барои истифодаи оқилонаи он неву балки барои тамошои манзараҳои ғайриахлоқӣ ворид ба он мешаванд, ки он ба ахлоқу одоб ва донишу маърифати онҳо нақши манфӣ мегузорад.
Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегўянд: «Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи аъмоли зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи воситаҳои иттилооти ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизиони хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем».
Дар ҳамин замина ёдовар мешавем, ки имрўз интернет ҷавонони моро танбал ва беҳавсала намудааст. Борҳо мушоҳида намудаем, ки агар барои донишҷўи мо аз ҷониби муаллим супорише ба мононади навиштани реферат дар ягон мавзўъ дода шавад, ў ҳатман ба назди интернет нишаста номи мазўъро дар онҷо менависад ва дар як лаҳзаи кўтоҳ онро омода намуда ба муаллим месупорад ва ҷони худро халос мекунад. Бо ин иқдом донишҷў ҳам худаш ва ҳам муаллимро фиреб медиҳад, ки ин ҷойи таассуф ва афсўс аст. Агар он мавзўъро аз китоб мехонд, дар тафаккураш абадӣ мисли нақш дар санг мемонд.
Хонандаи азиз! Ба ин далелҳои овардаам гуфтанӣ нестам, ки интернет ҷизи бадест, аз он истифода набаред. Албатта, истифода баред. Техналогияи муосирро хуб аз бар намоед, ва онро мақсаднок бо фарҳанги баланд барои рушди зеҳнӣ ва кору пайкоратон истифода баред.
Дар ҳамин замина ҳикояеро аз ҳаёту фаъолияти олиму табиби машҳури олам Шайхурраис Ибни Сино мисол мебиёрам, ки шояд шавқу завқт Шуморо нисбати китобу китобхона бедор намояд.
Аз қадимулайём бузургони мо муҳаббати беандоза ба китобу китобхона доштанд. Ин пайкори некашон буд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ ва зиндагии ҷовидониро барои худ касб карданд. Ровиёни ахбор овардаанд, ки Абуалӣ ибни Сино пошоҳи Сомониён «Сивон-ул-хикмат» ибни Мансурро табобат кард ва ў шифо ёфт. Нўҳ ибни Мансур аз Ибни Сино пурсон шуд, ки дар ивазаш ба ў чӣ туҳфа кунад. Ибни Сино дар ивази хизматаш аз подшоҳ хоҳиш намуд, то ўро барои даромадан ба китохонаи иҷозат диҳад. Подшоҳ дарҳол ин хоҳиши ўро пазируфт ва ўро ба китобхони бузурги дарбор роҳ доданд.
Китобхона хонаи дуюми «Сивон-ул-хикмат» Ибни Сино шуд ва дар тўли 3 сол нобиға гардид. Ҳатто он қадр мутолиаҳои тўлонӣ дошт, ки гоҳҳо ўро дар байни рафҳои китоб хоб мебурд ва баъзе мушкилоту нофаҳмиҳояшро дар хоб ҳал менамуд.
Аз ин гуфтаҳо ба мо маълум мегардад, ки бузургони мо чӣ қадар муҳаббати беандоза ба китобу китобхона доштанд.
Ҳатто Саъдии Шерозӣ, замоне ки дар мадрасаи Низомияи Бағдод мехонд, мегўяд, ки замоне ман донишҷў будам, шабу рўз такрор ва мутолиаи китоб мекардам. Аз даргузашти он рўзҳо афсўс хўрда чунин мегўяд.
Маро дар Низомия идрор буд,
Шабу руз талқину такрор буд.
Қазо рўзгоре зи ман даррабуд ,
Ҳар он соати ў шаби қадр буд.
Қобили зикр ва мояи ифтихор аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли гузашта инҷониб озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мешавад. Соли гузашта дар ин озмун ҷавонон иштирок намуда, ҳамаро бо шеърдонию шерхониашон мафтун намуда, дар ҳайрат гузоштанд.
Банда аз ин ифтихор намуда, боварӣ ҳосил намудам, ки мо ворисони гузаштагони дорои фарҳанги пурғановатамонем. Агар кўшиш кунем мисли онҳо нобиға ва шуҳрати ҷаҳонӣ касб мекунем.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳамаи чораҳои заруриро андешидааст. Намоиши китобро аз рўйи панҷ наминатсияи озмун таъсис дода, китобҳоро дар шакли электронӣ ва асл пешкаши иштирокҷиёни озмун гузоштааст. Ва толори махсусро бо шахсони масъул барои дарёфти маълумот ва рақами телефон омода намудааст. Аз ҳамаи иштирокчиёни озмун ва муштариёни илму дониш даъват ба амал меорам, ки “Биёед ба китобхона меравем!”.
Ман бо боварии комил мегўям, ки агар мо аз ин китобхона оқилона истифода кунем, дар солҳои наздик боз ба ҷаҳониён мисли Ибни Сино ва Абўрайҳони Берунӣ нобиғагонро туҳфа хоҳем кард.
Дар ҳамин ҷо андешаҳои худро бо суханони пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба поён мерасонам: «Китоб дар радифи модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот ба ҳисоб меравад».
Ин буд чанд андешаи кўчаки банда оид ба бузургии китобу китобхона, боқӣ қазоват аз шумост!
Ҷалолиддин Нурзода,
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.