Дар ҳошияи паёми Президент. Китобхона ва ҷомеа
Китобхона яке аз ниҳодҳои пурқудрати илмиву амалӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар он аксаран дастовардҳои беҳтарини хаттиву электронии инсоният захира ва мавриди инстифода қарор дода мешавад. Китобхонаи имрӯза на танҳо дар баландбародории донишу маънавиёти инсон, балки дар рушди ҷаҳонбинӣ, забономӯзӣ, меҳанпарастиву инсондӯстӣ, ташаккули ҳувияти милливу хештаншиносӣ, такмили малакаи истифодаи таҷҳизоту васоити инноватсионии иртиботӣ, ошноӣ бо иттилооти замонавию дастовардҳои ҷаҳони муосир таъсири бориз дорад ва аз ҳама муҳим зеҳни шахсияти китобдӯстро обутоб ва равнақ медиҳад. Беҳуда нест, ки имрӯз китобу китобдорӣ ба мавзӯи рӯз табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба ин масъала аз иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.
Сарвари давлат дар ҳар суханронӣ ва мулоқотҳояшон бо табақаҳои гуногуни кишвар аз фарҳангу маънавиёти бою қадимаи мардуми тоҷик, анъанаю суннатҳои неки ниёгон ва эҳёи он ҳарф мезананд ва таъкид менамоянд, ки мо бояд ба қадри арзишҳои олии маънавиамон бирасем ва онро ба насли оянда расонем. Ин нукта дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ мавриди таваҷҷуҳи хоса буд. Аз ҷумла, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш иброз намуданд, ки: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад». Мисоли равшани гуфтаҳои Пешвои миллатро мо дар фаъолияти китобхонаҳои бузурги хориҷӣ мебинем, ки аз захираи бузурги онҳо на танҳо хонандагони кишвар, балки аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон самаранок истифода мебаранд ва эҳтиёҷоти хешро тавассути фонди анъанавӣ ва ё захоири китобхонаи рақамии маҷозӣ (вертуалӣ) қонеъ мегардонанд. Тамоми кишварҳои мутараққии дунё захоири иттилоотии рақамии маҷозии хешро бо истифода аз шабакаи доимоамалкунандаи интернет ба маърази хонандагон манзур менамоянд ва бо ин роҳ як қисми хароҷоте, ки китобхонаҳо дар бунёди пойгоҳҳои электронӣ (таҷҳизот, технология ва такмили ихтисоси кормандон) сарф кардаанд бармегардонанд. Муҳиммияти ин пойгоҳҳо дар он аст, ки тамоми китобхонаҳои хурду бузурги кишвар ба он пайваст мебошанд ва маводи заруриро метавонанд бемамониат дастраси хонанда гардонанд ва ё худи хонанда, агар аъзои китобхона (соҳиби корт ва ё иҷозати воридшавӣ ба ин захира) бошад, дар мавриди зарурат (рӯзона ва ё шабона) аз он истифода менамояд. Ин низоми густурда метавонад дар кишвари мо низ татбиқ карда шавад, чунки имрӯз бо дастгирии Сарвари муаззам китобхонаи бузургу барҳаво ва бо тамоми таҷҳизоту технологияи муосири иртиботӣ таъмин аллакай мавҷуд аст ва танҳо китобхонаҳои поёниро (вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳот) бо таҷҳизоту технологияи замонавӣ таъмин ва ба шабакаи интернет пайваст кардан зарурат дорад.
Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри танзими фаъолияти китобдорӣ аз рӯзҳои нахустини фаъолият тадбирҳои зиёде андешида мешуд. Аз ҷумлаи ин тадбирҳои судманд қабули қонун, қарору барномаҳои давлатии дастгирии соҳаи китобдорӣ мебошанд, ки танзими фаъолияти китобхонаҳои кишварро дар замони соҳибистиқлолӣ пайгирона таъмин менамоянд. Ҳамзамон, бунёди зеботарин ва бузургтарин бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маркази кишвар, ки ҳамарӯза аз он ҳазорон хонандагони ватанӣ ва хориҷӣ истифода менамояду дар толорҳои барҳавои он чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор мегарданд, далели барҷастаи гуфтаҳои мост. Таваҷҷуҳи Сарвари муаззам дар бунёд ва таъмири садҳо китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳот, таъмини онҳо бо васоити техникӣ ва китобҳои тозаэҷод ниҳоят бузург аст.
Аз ҷумлаи ибтикороти ҳадафрас ва манфиатбори соли охир пешниҳод ва назорати Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” буд, ки он тавонист дар атрофи худ ҳазорон дӯстдорони китобу маънавиёт, илму адаб ва фарҳангро ба худ ҷалб намояд ва дар ҷомеаи тоҷик таҳаввулоти ҷиддие дар самти рӯ овардан ба китобу хониш, донишандӯзиву азбарнамоии осори гаронмояи ниёгону адибони муосир роҳандозӣ намояд.
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” яке аз чорабиниҳои муваффақи фарҳангии соли 2019 буд ва он тавонист ба дили ҳазорон хонандагони кишвар ҷо гардад ва онҳоро ба ин даргоҳи муқаддас – китобхона роҳнамоӣ намояд. Теъдоди хонандагони китобхонаҳо беш аз пеш афзуд ва талабот ба китобҳои тозаэҷоди осори адабии ниёгон ва адибони муосир бамаротиб зиёд гардид. Ин иқдоми наҷиб имконият фароҳам овард, ки аз ҷониби нашриёт ва чопхонаҳои кишвар китобҳои зиёд нашр ва мавриди истифодаи мардум қарор гиранд. Дар ин кор, албатта, мақоми китобдорон низ назаррас буд ва онҳо ҳаддалимкон барои дарёфти ин ё он китоби ба хонанда зарур иқдомҳо пеш гирифтанд ва захираи китобхонаро бо маводи тозаэҷод пурра гардониданд.
Бо назардошти аҳаммияти китоб ҳамчун сарчашмаи дониш дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум дар Паём омадааст, ки «ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…”-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон, аз мактаб сар карда то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Яъне, Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”-ро аз рӯйи се самт: якум – миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм – таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм – дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд».
Ин иқдоми наҷиб Сарвари муаззам бо ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 05.02.2020, таҳти №: АП-1339, дар бораи Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мавриди амал қарор гирифт ва ин боз як ибтикори нодири Пешвои миллат барои рушди китобхониву китобдории кишвар буд, ки мақсади ниҳоии он баландбардории донишу маънавиёт ва фарҳанги китобхонии миллати кӯҳанбунёди тоҷик аст ва татбиқи он имконият фароҳам меорад, ки на танҳо фаъолияти китобхонаҳои марказӣ (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ноҳиявӣ), балки китобхонаҳои деҳот низ рӯ ба рушд ниҳанд ва китобҳои дар рӯйихати Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пешниҳодшударо дарёфт ва ба захираи китобхонаи хеш ворид созанд, то ин ки хонандагони деҳа аз он баҳравар гардида, дар рафти озмун ширкат варзанд. Бинобар мубрамияти масъалаи матраҳшаванда дар Паём дастур дода шудааст, ки «…роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд». Боварӣ дорем, ки ин иқдом на танҳо ба рушди китобхонаҳои деҳот мусоидат менамояд, балки фазои маънавию фарҳангӣ ва иттилоотии кишварро солим, дастрасии аҳолии деҳотро ба китобу матбуоти тозаэҷод муҳайё мегардонад ва дар баробари ин дар тайёрнамоии мутахассисони оянда заминаи воқеӣ гардида, рушди минбаъдаи ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёди миллиро таҳким мебахшад.
Қобили қайд аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамасола маблағи 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст ва танҳо барои Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин иқдоми наҷиби Сарвари муаззам таккони ҷиддӣ дар баландбардории мақоми китоб, хониш ва донишандӯзӣ дар ҷомеа, тақвияти неруи зеҳнии шаҳрвандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилият ва малакаи эҷодӣ, таҳкими донишҳои муосир, такмили захираи луғавӣ, забондонӣ, азхуднамоии осори адибони гузаштаву муосир, ватаниву хориҷӣ, тақвияти фазои маънавию фарҳангӣ дар кишвар имкониятҳои мусоид фароҳам меоварад.
Баргузории ин чорабинии ҳаётан муҳим фаъолияти китобхонаҳои кишварро аз нав эҳё ва онро ба хонанда наздик мегардонад, ки самараи он рушди минбаъдаи ҷомеаи тозабунёди тоҷикро таъмин ва таккони ҷиддӣ дар иттилоотонии аҳолӣ, такмили донишу маънавиёт ва фарҳанги мардум таъсири бориз мегузорад. Ҷалби аҳолӣ ба хониш ба такмили савия ва малакаи касбии китобдор таъсири мусбӣ мерасонад. Дар таъмини ниёзҳои гуногуни хонанда китобдорро (хусусан китобдори китобхонаи деҳот) зарур аст, ки на танҳо такя ба захираи китобию электронии худ намояд, балки дар ҳолатҳои муайян аз китобхонаҳои дигар тавассути Аббонементи байникитобхонавӣ маводи заруриро дархост ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба хонанда дастрас намояд. Хусусан дар таъмини эҳтиёҷоти насли наврас китобдор бояд ба саҳлангорӣ роҳ надиҳад, чунки наврасон ниҳоят зирак ва дар сурати таъмин нагардидани эҳтиёҷоти хеш мумкин аст, ки ба китобхона бори дигар муроҷиат нанамоянд.
Таваҷҷуҳи хос ва таъкиди ҷузъиёти баргузории озмуни мазкур аз ҷониби Пешвои миллат бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки нақши он дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти миллат, махсусан камолоти насли навраси тоҷик беандоза бузург аст.
Зимни ироаи Паём баён гардида буд, ки: «ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд».
Имрӯз теъдоди китобҳои тозанашри адабӣ ниҳоят афзуда бошанд ҳам дар китобхонаҳои деҳот номгӯйи ками онҳо ба чашм мерасанд. Сабаби дастрас нагардидани китобҳо ба китобхонаҳои деҳот зиёданд. Сабаби аввал гаронии нархи китоб бошад, дигар сабаб ин дастрасии китобхонаҳои деҳот ба сарчашмаҳои маблағгузорӣ мебошанд. Ғайр аз ин боз сабабҳое низ ҳастанд, ки аз кордонӣ ва маҳорати китобдор вобастагии ногусастанӣ дорад. Мисол дар як деҳа китобдор бо ҷалби аҳолӣ тавонистааст тамоми китобҳои тозанашр, таҷҳизотҳои нави компютерӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи интернет ва таъмини хонандагони хешро бо маводу иттилооти зарурӣ таъмин намояд ва дар радифи он китобхонаи деҳаи ҳамсоя қариб аз тамоми дастовардҳои китобхонаи аввал маҳрум аст. Хотирнишон менамоем, ки яке аз малакаҳои касбии китобдор кор бо аҳолӣ аст. Агар китобдор бо аҳолӣ алоқаи зич дошта бошад метавонад аз дастгирии ҳамарӯзаи ӯ баҳравар гардад ва мушкилиҳои китобхонаро, ки мақсади ниҳоии он хизмат ба мардум ва тарбияи маънавии насли наврас аст бо дастгирии ҳамдигар ин масъала ҳалли худро меёбад. Муҳайё сохтани фазои мусоиди фарҳангию маънавии деҳот яке аз вазифаҳои муқаддаси китобдор маҳсуб меёбад, аз ин рӯ, ӯро лозим аст, ки аз тамоми воситаю захираҳои мавҷуда моҳирона ва самаранок истифода барад. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки китобдор бояд захоири мавҷудаи моддӣ, зеҳнӣ ва табиии деҳаи худро донад. Тавонад, ки мардуми деҳаро ба кори китобхона ҷалб намояд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз ин захоир ба манфиати мардум ва тарбияи насли наврас истифода намояд. Ҷалби мардум ба шанбегӣ барои таъмири китобхона, дар рӯзи умумиҷаҳонии ҳадяи як китоб аз ҷониби ҳар як оила, ҷалби сармоя аз ҳисоби намояндагони сарватманд ва саховатпеша, пешниҳоди лоиҳа ба ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ ва ғайра, аз фаъолияти нонавиштае мебошанд, ки онро китобдори деҳот имрӯз бояд дар амал татбиқ намояд.
Иқдоми дигари Сарвари муаззам дар бораи «аз ҳисоби Фонди президентӣ чоп ва тақдим намудани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” ба тамоми аҳолии кишвар» ба тақвияти хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи ниёкони пурифтихор, ба вижа байни наврасону ҷавонон таъсири мусбӣ хоҳад гузошт. Ин иқдоми нодир баъди ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, аз 06.02.2020, таҳти №: АП-1347 тасдиқи амалии хешро меёбад ва он аз ҷониби ноширони кишвар мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор дорад. Таъмини фазои сиёсиву илмӣ ва маънавию фарҳангӣ дар кишвар яке аз вазифаҳои муҳимми замони муосир аст ва тавассути он ҷомеаи мо аз зуҳуроти номатлуб эмин нигоҳ дошта мешавад. Ҷаҳонишавӣ дар радифи дастовардҳои инноватсионии рушд ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди зист барои инсоният, ҳамзамон имконияти васеъ барои тавсеаи афкору ғояҳои зиддиинсонӣ, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористиро низ муҳайё кардааст. Аз ин рӯ, китобдор бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаддалимкон тавонад дар тарбияи насли наврас ва бунёди фазои мусоиди маънавию фарҳангии манотиқи ба ӯ вобаста талош варзад. Бо хонанда меҳрубон ва ба таъминоти эҳтиёҷоти ӯ диққати ҷиддӣ диҳад. Ҳаддалимкон ба китобхона хонандагони нав ба навро ҷалб намуда, дар замири онҳо рӯҳияи худшиносӣ, меҳанпарастӣ, садоқат ба ватан, ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба ниёгони пурифтихори хешро тарбият намояд. Китобхона ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи инсонист ва таърихан исбот гардидааст, ки халқият ва миллати эҷодкору китобдор ба қуллаҳои баланди орзуву омол хоҳанд расид.
Соҳаи китобдории тоҷик аз таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор буда, рӯ ба сӯйи рушд ниҳодааст ва китобдорони кишвар, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо меҳнати содиқона ва софдилонаи хеш ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав комёб гарданд ва аз иҷрои нақшаҳои бузурге, ки имрӯз ҷомеа муосир дар назди онҳо мегузорад бомувафаққият бароянд.
Қ. Буризода, дотсент, номзади илмҳои таърих