Субҳон Амирқулов ба омўзиши масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик низ таваҷҷўҳ намудааст. Мақолаҳои ў «Айнӣ ва Бедил» (1968), «Мулоҳизаҳо доир ба афкори адабӣ – эстетики устод Айнӣ” (1982), «Қуллаи баланди шеъри сода» (оид ба иртиботи эҷодии М. Турсунзода ва Ҳофизи Шерозӣ; (1985) ва ғайра аз назари тадқиқи масоили ворисияти адабӣ, анъана ва навоварӣ, рушди адабиёт навишта шудаанд.
Субҳон Амирқулов 25 июни соли 1935 дар деҳаи Гулшани ноҳияи Ғузори Ўзбекистон таваллуд шудааст.
Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ яке аз мавзўъҳои ҷовидонаи адабиёти классикӣ ва муосири мардуми ориёӣ, минҷумла тоҷикон маҳсуб меёбад. Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ аз замоне ки назм дар олами ҳастӣ арзи вуҷуд кард, яке аз мавзўъҳои муҳим ва мубрам дониста шуд. Чунончи, яке аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳон – «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ сулҳ ва ваҳдати миллатҳои эронинажод ва мардуми ориёиро инъикос намудааст. Бо тараннум ва ё инъикоси ин мавзўъ адибони форсу тоҷик мардумро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудаанд.
Бобоҷон Азизов, ки имрӯз ба синни мубораки 70 қадам гузошт, аз ҷумлаи маъруфтарин сарояндагони солҳои 80-90 садаи гузашта мебошад. Яке аз чеҳраҳои мондагори санъати тоҷик. Шахсе, ки дар ҳунар роҳи худро ёфт, сабку шеваи хоси худро дорад. Мураббии даҳҳо ҷавони ҳунарманд ва падари мушфиқу меҳрубон.
Азизов Бобоҷон 26 июни соли 1950 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996). Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ,
Забони ҳар давлат равзанае ба ҷаҳон аст.
Ҷ.Стейнер, олими англис
Боадаб бошед, ба забони дипломатӣ нависед. Ҳатто дар эъломияи ҷанг назокатҳоро риоя кунед.
Отто фон Бисмарк, нахустин садраъзами империяи Олмон, дипломат
Субҳи 28 июни соли 2020 Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Амон Қодиров дар синни 75-солагӣ ин дунёи фониро падруд гуфт… Ин ҳунарманди асилу нотакрорро мардум бештар бо унвони «Ҳодӣ» аз намоиши телевизионии «Ҳодӣ ва Шодӣ» мешиносанд. Амон Қодиров бо завқу салиқаи хоса ҳамаи нақшҳои худро хеле табииву самимӣ, бо маҳорати баланду истеъдоди Худодод бозида, дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов, дар синамо ва телевизиони тоҷик бисёр