Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» дар мавзўъи «Бузғолаи шўхи ман» баргузор гардид. Сараввал муаллима Фирўза Аҳророва дар бораи бузғола нақл кард. Вай гуфт, ки бузу бузғола гунае аз ҳайвони хонагӣ буда, барои инсон фоидаовар аст ва дар таркиби ширҳои хушк, ки барои истеъмоли навзодон истифода мебаранд, аз шири буз низ илова мекунанд.
Муҳаммадюсуф Имомзода Ректори Донишгоҳи мииллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Руссия, доктори илмҳои филологӣ, профессор аст. Аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаи илм дар Тоҷикистон мебошад, ки берун аз қаламрави кишвар низ соҳиби иззату икром аст.
Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ 28-уми апрели соли 1959 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии
Шоири ватансарои тоҷик Бозор Собир тўли нимаи дуввуми солҳои асри гузашта ашъори шоирони маъруфи хориҷиро аз қабили Абай, Ҷорҷ Байрон, Апполиннер Гийом, Пабло Неруда, Расул Ғамзатов, А.А. Пушкин, А.А. Фет, Сергей Есенин, Сергей Граховский, Семён Липкин, Хосе Рисал ва дигаронро тарҷума намудааст, ки дар адабиёти муосири тоҷик дар самти тарҷумаи бадеӣ намунаи беҳтарини тарҷумаҳо ба шумор мераванд. Таҳлилу баррасиҳои тарҷумаҳо нишон доданд, ки арзиши бадеии ин тарҷумаҳо аз ашъори худи Бозор Собир камтар набуда, шоир бо тарҷумаҳои худ дар адабиёти
Устод Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР яке аз чор адиби бузурги Шарқи нимаи аввали асри XX шинохта шудааст. Яке аз асарҳои бузурги ӯ «Ёддоштҳо» мебошад, ки бузургтарин асари насри адабии Шарқ ба ҳисоб меравад. Дар он рӯзгори ҳамзамонони Айнӣ инъикос ёфтааст.
Леонид Леонов «Ёддоштҳо» - ро чун новеллаҳо шинохтааст. Воқеан, дар ин асар ҳикоя, қисса, ривоят, воқеаҳое тасвир шудаанд, ки риштаи пайванди онҳо сарнавишти муаллиф ва ҳунари эҷодии ӯст.
Баъд аз зӯҳри дирӯз, 25-уми апрел дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон барномаи консертии хайриявӣ таҳти унвони “Мо ҳам метавонем” доир гардид.
Асаре, ки аз нависандаи ҳакими рус Лев Николаевич Толстой нахустин бор ба забони тоҷикӣ пешкаш мегардад, агарчи ба гунаи як дебоча дар муқаддимаи рисолаи нисбатан муфассали ин нависанда бо унвони “Ҳунар чист?”(“Что такое искусство?”) ҷой дода шудааст, аз назари оғозу анҷом ва таҷассуми назари мушаххас, мустақил мебошад. Дар ин матлаб нависанда дидгоҳи худро дар хусуси моҳияти асари бадеъ (умуман осори ҳунарӣ) ба сурати хеле мушаххас баён медорад ва зоҳир аст, ки масоили мавриди нигаронии нависандаи бузург махсусу мунҳасир ба замони худи ӯ набудаанд. Ин
Нишасти 172-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, адибону олимон, омӯзгорони забон ва адабиёти макотиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мухлисони каломи бадеъро ба ҳам овард. Маҳфил бо силсилаи сурудҳои сарояндагони ноҳия дар матни устод Аминҷон Шукӯҳӣ оғоз ёфт, ки матлаи зебои маҳфил гардид. Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов гуфт, ки бахшида ба эълон гардидани “Солҳои 2019-2021-солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нишасти маҳфил ин даъфа дар Ҷамоати
Маҳфилҳои адабӣ дар Иттифоқи нависандагон зуд-зуд баргузор мешаванд, аммо нишасте, ки ба 120-солагии Пайрав Сулаймонӣ ихтисос дошт, аз маҳофили пешин хеле тафовут дошт. Тафовуташ ҳамин буд, ки сари масъалаи мақоми Пайрав Сулаймонӣ дар адабиёти тоҷик ва ҳусну муаммоҳои шеъраш миёни адибону муҳаққиқон баҳси тӯлоние ба вуҷуд омад. Ибтидо устод Абдураҳмон Абдуманнонов хеле муфассал маърӯзае дар шакли
Дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Академия баргузор гардид. Дар ин вохурӣ дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии китоби арзишманди таърихии “Тоҷикон дар оинаи таърих” доир шуд.
Дар маросими муаррифии китоб Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин Сие Фучжан, Мудири кулли маҷмааи нашриёти “Ренмин” ва таърихнигори шинохтаи чинӣ оид ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам
“Ойини ойина” ва “Қалами найшакарӣ” исми ду китоби Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонист. «Ойини ойина» аз саргузашт ва эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ ҳикоят мекунад. Андешаҳое, ки муҳаққиқон ва аҳли қалам дар бораи мушаххасоти эҷодиёти устод гуфтаанд, ҷолиби диққат ҳастанд. Қисмате аз саргузашти шоир, ки бо қалами ӯ пешниҳод мешавад шояд барои хонандагони арҷманд ибратбахш бошад. Китоб дар мачмӯъ васфу тантанаи дарду ифтихори ватандорӣ, роҳату ҷабри ишқу муҳаббат, андешаҳои бадеъ аз пастиҳо ва баландиҳои рӯзгори инсонаш, ки ба андешаи шоир, лаззату ширинии рӯзгори инсони дар ҳамин бешу ками зиндагӣ ҳаст.
Адабиёт як навъи ҳунар буда, дар тафовут аз меъморӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, гулдўзӣ, рассомӣ, мусиқӣ, театр, кино, рақс ва суруд ҳаёти воқеиро бо сухан тасвир мекунад. Адабиёт калимаи арабӣ буда, шакли ҷамъи «адаб» аст ва маънои фазилатҳои маънавӣ (одоб, хулқи нек, хушгуфторӣ, хушрафторӣ ва ғайра) – ро дорад. Адабиёт ба маънои васеъ ва маҳдуд фаҳмида мешавад. Агар адабиёти сиёсӣ, илмӣ ва ғайра дар назар дошта шуда бошад, ин дарки адабиёт ба маънои васеъ аст. Агар адабиёти бадеиро дар назар дошта бошем, маънои маҳдуд ё мушаххасаш он аст, ки маҷмўи асарҳои бадеиро дар бар мегирад. Адабиёти бадеӣ ҳақиқати ҳаётро ба воситаи тасвири манзара ва
Дар аввалин рӯзи сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин (25-уми апрели соли равон) ҷиҳати ширкат дар кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд «Як камарбанд - як роҳ» дар нашриёти “Контраст”-и пойтахти кишвар китоби сарвари Чин Си Ҷинпин бо номи “Дар бораи дипломатияи миллии Чин, ибтикори “Як камарбанд – як роҳ” ва ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият” бо забони тоҷикӣ интишор ёфт.