Хонандагон дар синфи 11 омўзиши биологияи умумиро, ки дар синфи 10 ба он шурўъ карда буданд, давом медиҳанд. Дар синфи 10 кадом мавзўъҳоро омўхтанд? Гуногуншаклии олами зинда, эволюцияи кимиёвӣ ва биологӣ, эволютсияи биосфера, пайдоиши ҳаёт дар рўйи Замин, ташаккули кимиёвиии ҳуҷайра, мубодилаи моддаҳо, сохт ва вазифаи ҳуҷайра, афзоиши организмҳо, инкишофи фардии организмҳо, мафҳумҳои асосии генетика ва қонунҳои ба мерос гузаштани аломатҳо ва ғайраро.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти шумораи 50706 китобе маҳфуз аст, ки «Садриддин Айнӣ” ном дорад ва он асарҳои мунтахаби абарустод мебошад, ки Нашриёти давлатии Тоҷикистон соли 1949 чоп кардааст. Аз чопи он 70 сол сипарӣ гардид.Китоби мазкур замоне интишор ёфт, ки устод Айнӣ дар ҳаёт буд ва яқинан худи ӯ панҷ асари маъруфашро зери унвони “Асарҳои мунтахаб” мураттаб намуд. Дар саҳифаи аввали он мехонем: “Нашриёти давлатии