Донишмандоне ба монанди Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ, Ҳусайнналии Ҳиравӣ, Муҳаммад Муъин, Ғуломҳусайни Сиддиқӣ, Ҳусайн Хадевҷам ва чанд нафари дигар дар ин масъала изҳори назар кардаанд, ки нигоранда дар ин бора ба тафсил маълумот додаст. Бино ба таҳқиқи Ғуломҳусайни Сиддиқӣ ва Муҳаммад Муъин ойини ҷуръаашонӣ бар хок дар милали бостон (юнониён, ошириён, яҳудиён ва дигарон) собиқаи куҳан доштааст. Дар Юнони бостон, ки ба расми Бокус (рабуъулнавъи шароб) маъруф аст, саҳм ва насибаи ўро медиҳанд. Дар шеъри Ҳофиз бештар дар мавриди ёдоварӣ ва бузургдошти гузаштагон аз ин мафҳум
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати интихоб ва таъин гардиданатон ба мақоми аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба шумо дар иҷрои салоҳияти пурмасъулиятатон барору комёбиҳо орзу менамоям. Ҳамчунин, Рустами Эмомалиро ба муносибати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Раҷаббой ва Файзов Ёдгор
Чунин ном дорад китоби Шаҳобиддини Ҳақназар, ки ахиран ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст. Китоб соли 2018 даршаҳри Душанбе чоп шудааст ва қиссаву ҳикояҳои рӯзно манигори хушнависро дар бар гирифтааст. Маврид ба ёдоварист, ки рўзноманигори варзида, муаллифи барномаҳои ҷолиби радиёӣ Шаҳобиддин Ҳақназар дар риштаи наср низ гуфтаниҳои хешро дорад. Ин маҷмўа гулчине аз он гуфтаниҳоро фаро гирифта, умед аст, ки писанди хонандагон гардад.
Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор ба ин китоб сарсухан навиштааст, ки порае аз онро ин ҷо меорем.
Бояд зикр кард,ки дар назари орифон ақл дар шинохти маърифати Ҳақ оҷиз буда, бо ишқ ҳамеша дар ҷидол аст. Ҳофиз низ монанди дигар урафо ақли маъошро дар ҳарими ҳарами маърифат ва ё ваҳдат номаҳрам медонад. Нигоранда дар мақолаи «Ихтилофи ақлу ишқ дар шеъри Ҳофиз» дар ин масъала ба тафсил маълумот додаст (220). Ақли маслиҳатандеш мехост, ки аз ин фурўғи эзадӣ касби камол куна два суд ҷўяд, вале барқи ғайрати илоҳӣ дурахшиду ҷаҳонро пурошўб кард.
Бодаи аласт ва ишқи азалӣ
Рӯзҳои истироҳати гузаштаро метавон серхонандатарин рӯзҳои ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ номид. Аксари толорҳои хониш пур аз хонанда буданд. Аксари онҳо донишҷӯёне мебошанд, ки аз шароитҳои мусоиди Китобхона истифода мекунанд ва меоянд, то ба дарсҳои семинарии худ омодагӣ бинад, корҳои курсиву дипломӣ нависанд.
Қабл аз зӯҳри имрӯз бо ташаббуси Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба бахшида ба 142 – солагии Устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони « Солонаи устод Садриддин Айнӣ» доир гардид.
Мизи гирдро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин
Китоб ганҷинаест, ки дари садҳо хазинаи маърифатро барои хонанда мекушояд. Барои ин таҳкурсии шавқу рағбати хондан ба китобро бояд мо аз хурдӣ дар замири хеш бедор созем. Ҳар як наврас аз овони наврасӣ мекушад ба каҳрамоне монанд бошад. Дар хурдсолӣ китоби хуберо мутолиа мекардам, агар қаҳрамони китоб корномаҳо нишон диҳад,
Китоби дарсии мазкур, ки аз ҷониби Пиралӣ Назаров таълиф шудааст, аз назари илми таърих таҳия гардида, муаллифи он масъалаи таълими фанни “Таърихи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва назди Балтика” - ро ҳадафи омўзиш қарор додааст. Қимати таълимӣ ва илмии китоб аз он иборат аст, ки дар шароити муосири норасогиҳои адабиётҳои таълимӣ бо забони давлатӣ барои донишҷўёни факултаҳои таърих, таъриху ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии мактабхои олии Ҳумҳурии Тоҳикистон пешниҳод мегардад.
Дар спектаклҳои «Ғуруби аҷам», «Кабки қафас», «Сайхуни мафтуншуда», «Куруш ва Томирис», дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоишномаҳои «Шабпаракҳои озод», «Бедонаҳо», «Соҳибаи меҳмонхона», «Тахайюли бешагӣ», «Ишқи парӣ», «Шаби охирини Суқрот», «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин», «Маро танҳо магузор», «Ишқ ва шамшер», дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ «Отелло», «Амир Исмоил», «Шоҳ Носири Хусрав» ба саҳна гузошт.
Миралибеков Баҳодур 21 апрели соли 1950 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст.
Баъд аз зӯҳри дирӯз бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии аъзоёни фаъоли шуъба бо кормандони соҳаи тиб баргузор шуд, оид ба пешгирии бемории сироятии куруновирус (Covid 19) ва бемории сил баррасӣ гардид.
Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо иштироки шоири бачагон Абдусаттори Раҳмон баргузор гардид. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи меҳмон ва эҷодиёти вай мухтасар суханронӣ кард. Хонандагони фаъоли шуъба аз эҷодиёти адиби хушзавқ шеърҳо хонданд. Миёни адиб ва хонандагон табодули афкор сурат гирифт
Китоби адабиётшинос ва мунаққиди шинохтаи тоҷик Сафар Абдуллоҳ аз мақолоту гузоришҳои муаллиф дар риштаҳои нақди адабӣ, шеършиносӣ, масоили мубрами забону адаби форсӣ дар Тоҷикистон ва фарҳанги эронӣ фароҳам шудааст. Онҳо қаблан дар матбуоти Тоҷикистону Эрон, Русия ва Қазоқистон интишор шуда ва баъзе вокунишҳое доштаанд. Ин навиштаҳо аз вижагиҳое бархурдор мебошанд, ки барои ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва алоқамандии хонандагон ва ошиқони адаби дилнишини забони форсӣ хоҳанд буд.
Мо шеър пайи шўҳрати дунё насурудем,
Бо шўру дағо шўҳрати ҳудро нафузудем…
Ҳангоми мутолааи ашъори Равшани Ҳамроҳ ҳамин гуна иштиёқе дар ғояти аҷз ва шикастанафсӣ ба чашм мехўрад, ки ин қазия аз дасту дили поки шоир дар ҷодаи ҳақиқии эҷод иттилоъ медиҳад. Қаблан ҷуз пора – пораву аз ҳар куҷо офаридаҳои ин шоири танзгарои хушқариҳаро, ки ба даст меовардам, мехондам; аммо ҳанўз як андешаи мушаххасу комиле перомуни бардошту баракати қалами ў бар худ надошта будам. Ниҳоят ба тавассути
Саодат Икромӣ баъди марги шавҳараш Ҷалол Икромӣ боз се соли дигар зист ва соли 1996 дар синни 82 солагӣ тарки олам кард. Ӯ на танҳои бонуи донишманду босавод, балки модари мушфиқи фарзандоне буд, ки ҳар кадом олимони соҳибтахассус дар риштаҳои мухталиф буданд. Дилафрӯз Икромӣ – духтари Саодат ва Ҷалол Икромӣ дар суҳбате гуфтааст: “Падару модари ман 65 сол бо ҳам зиндагонӣ карданд. Вақте ба ҳам расиданд, падарам 19-сола ва модарам 15-сола буданд. Модаркалонам Саломатбибӣ аммаи падарам буданд. Он замон дар Бухоро ҳамин хел одат буд, ки ҳама
Шоири шинохтаи тоҷик, Ҷонишини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа як силсила шеърҳои тозаэҷоди худро, ки ба Асосгузори сулҳу Вавҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кору пайкору ҷаннисориҳои ӯ дар роҳи рушду нумуъи Тоҷикистон бахшида шудаанд, дар китобе бо номи “Субҳи беғуруб” гирд овардааст.
Дар ин маҷмўа шеърҳо, сурудҳо ва достону манзумаҳое гирд оварда шудаанд, ки онҳоро шоири шиноҳта, барандаи ҷоизаи ба адабии ба номи Мирзо Турсунзода Ато Мирхоҷа барои дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати
Соҳаи библиографияшиносии тоҷик баъди солҳои 80-уми асри ХХ рў ба инкишоф ниҳод. Дар ин давра як зумра муҳаққиқони ҳирфаӣ самтҳои гуногуни библиографияи миллиро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардида буданд. Аз ҷумла, шогирди нахустини библиографи тоҷик Раҳимҷон Шарофзода Абдураҳим Раҳимов рисолаи номзадиашро дар Шўрои диссертатсионии ДДФЛ дифоъ намуда, ба ватан баргашт ва ба омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ оғоз намуд. Дар ҳамин давра муҳаққиқони соҳа аз қабили М. Қосимова, Ҳ. Исомуддинова, Р.О. Талман, Р.Н. Костина. Х.
Дар ин китоб муаллиф дар асоси натиҷаи экспедитсияҳои илмӣ ва тадқиқотҳои сотсиологӣ оид ба масоили мубрами касбу ҳунарҳои анъанавии бонувон дар Тоҷикистон маълумот додаст. Муаллифи китоб Лайло Носирова буда, барои омўзишу таҳқиқ ва нигаҳдории унсурҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик мусоидат карда, ба фарҳангшиносон, этнографҳо, фолклоршиносон ва муҳаққиқону коршиносони соҳа пешниҳод мегардад.
Касбу ҳунарҳои халқӣ ҷузъе аз фарҳанги миллӣ буда, барои мардуми тоҷик аҳамияти махсусро касб кардааст. Ҳар як ҳунар эҳтиёҷи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва эстетикии одамонро қонеъ
Қиёмиддин Чақалов аз ҳунармандони варзидаи аҳли Файзобод аст. Бештар ҳаҷвнигорӣ мекунад. Нақшҳои мондагори ғайриҳаҷвӣ ҳам дорад, вале ӯро бештар чун ҳаҷвнигор мешиносанд. Ҳаҷваш ҳам баргирифта аз зиндагист ва худаш иқрор аст, ки ҳаҷваш ҷанбаи тарбиёвӣ дорад. Шеър ҳам менависад, сарояндагӣ ҳам мекунад, аммо дар басмҳои хусусӣ.
Чақалов Қиёмиддин 28 апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Дар китоб оид ба ҷанбаҳои мухталифи мероси фарҳанги Ғайримоддии халқи тоҷик маълумот дода шудааст. Маводи таҳқиқшуда аз шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ, ки дар асоси экспедитсияҳои мардумшиносии аз ҷониби Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот роҳандозӣ шуда буданд, истифода гардидааст. Китоб аз се бахш иборат буда, дар он оид ба ҷашну маросимҳо, касбу ҳунарҳо ва донишу таҷрибаҳои суннатии мардуми тоҷик таҳқиқот сурат гирифтааст. Китоб дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба муҳаққиқони соҳаи фарҳанг, фолклор, мардумшиносӣ ва умуман ихлосмандону алоқамандони мероси фарҳанги
Чунин ном дорад маҷмуъи мақолаҳое, ки Қурбоналӣ Бӯризода мураттаб кардааст. Маҷмўаи «Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ» инъикоси эҷоди масоили назарӣ, методӣ, амалӣ ва таълимии равандҳои инноватсионии соҳаи китобдориро дар худ таҷассум намудааст. Нашри мазкур дар раванди омўзишу баррасии масъалаҳои азхуднамоии навгониҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ ба муҳаққиқону мутахассисон, омўзгорону донишҷўён ҳамчун маводи илмию таълимӣ хизмат хоҳад намуд.
«Маҳабҳарта» ба забони санекрит иншо шуда, маънояш «Қиссаи авлоди Бҳаратаҳои бузург» мебошад. Он чун ҳамосаи Ҳинди бостонӣ дар асоси қиссаву ривоятҳои мардуми Ҳиндустони Шимолӣ дар нимаи дуюми ҳазораи дуюми то милод иншо шудааст. Муҳақиқон онро ба қалами ҳаким ва шоири қадими Ҳинд Кришна Двайпаяна Виаса мансуб медонанд.
«Маҳабҳарта» аз 85 ҳазор бандҳои чаҳормисраӣ / шлок / иборат буда, 18 китобро ташкил додаст. Мундариҷаи асосии достон дар атрофи муборизаву набардҳои фарзандони шоҳи афсонавӣ Бҳарат барои барқарор кардани ҳукумати Ҳастинапура /Деҳлии имрўза / сурат гирифтааст.
Ҷойи зикр аст, ки саҳми устод бар таҳияи як қатор барномаҳои соҳаи китобдорӣ ва лоиҳаҳои соҳавӣ бениҳоят назаррас мебошад. Ў муаллифи беш сад китобу мақолаҳои илмӣ перомуни масоили китобдориву китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти худ оид ба пуррагардонӣ ва тарғиби фонди нигоҳдории китобхонаи мазкур, ҷалби хонандагон, ҳамкорӣ бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо диққати махсус додааст.