Китобномаи мазкур осорномаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Ҷонишини аввали Директори Муассисаи давлатии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода ва адабиёт роҷеъ ба фаъолияти илмию эҷодии ўро дар бар мегирад. Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, ду қисм ва кумакфеҳристҳо иборат мебошад.
Мақолаи муқаддимавӣ роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти илмию эҷодӣ, омўзгорӣ, роҳбарӣ ва натиҷаи умдатарин таҳқиқотҳои ба анҷом расонидаи Шариф Комилзода маълумоти мушаххас медиҳад. Дар қисми якуми китобнома асарҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ,
«Озмуни имсола барои ман як озмуни хотирмон буд зеро, ки дар ин ҷо ман дўстони зиёдеро падо намудаам, ки ба мисли ман китобдӯсту китобхон ҳастанд ва бовар дорам дўстии мо баъд аз анҷоми ин озмун ҳам идома хоҳад дошт
*** *** ***
Мадинаи Ҷамоллидин, хонандаи синфи 10-и Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошанд, ки дар номинатсияи чорум, яъне «Хондан ва аз бар намудани осори адибони ҷаҳон» иштирок намудааст. Ў 2 - ҳазор мисраъ байт аз шоирони ҷаҳон бо забони русӣ, англисӣ, олмонӣ во бо
Рӯзи нуҳум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷараён дорад. Дар рӯзи нахустини озмун намояндагони вилояти Бадахшон, дар рӯзи дуюм сеюм довталабони вилояти Суғд, рӯзҳои чорум панҷум намояндагони вилояти Хатлон, рӯзи шашум ва ҳафтум довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рӯзҳои ҳаштуму нуҳум довталабони шаҳри Душанбе баромад доранд. Ба андешаи аъзои ҳакамон
Асли мавзӯъ ҳамин буд, яъне омодагиҳои Китобхонаи миллӣ ба баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Ин озмун ду сол аст, ки пайи ҳам гузаронида мешавад ва табиист, ки аз сол ба соли дигар он такмил ёфт, пурра шуд. Ва аз нигоҳи ташкилӣ низ. Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ бо дарназардошти камбудиҳои соли аввал имсол хеле пештар ва хубтар омодагӣ дид, то дар рафти озмун мушкилоте набошад. Аксари ҳакамон, ки суҳбат доштем, ба ин масъала таъкид мекарданд ва аз он изҳори қаноатмандӣ
Садорат ва кулли кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз даргузашти бармаҳал ва ногаҳонии мутахассиси Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён
Сайфуллоева Фирӯза
андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум изҳори тасаллият арз мекунад.
Феҳристи китобномаи «Илми Тоҷикистон Солнома» монографияҳо, мақолаҳои дар матбуот ва маҷўаҳои силсилавӣ, маҷмўаҳо фишурдаи суханрониҳо ва маводи конфронсҳои илми дар кишвар ва хориҷи он ба чоп расонидаи олимони АИ ҶТ – ро дар соли 2017 фаро мегирад. Маводи феҳрист мувофиқи дастури роҳнамои «Муқаррароти сабти библиографӣ» дар феҳристҳои китобхонаҳои давлатӣ бар асоси Таснифоти умумии даҳрақама (ТДУ) ҷой дода шуда аст.
Маводи феҳрист дар дохили фаслҳои таснифотӣ ба тартиби алифбоии ному насаби муаллифон ва унвони
Китоби “Эмомали Рахмон и год молодёжи”” (“Эмомалӣ Раҳмон ва соли ҷавонон”), ки ҳабдаҳумин китоб аз ин силсила китобҳо дар бораи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ба нашр расид. Муаллифон Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Самариддин Асозода буда, зери таҳрири академик Фарҳод Раҳимӣ рӯи чоп омадааст. Китоб сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 дар роҳи рушду нумӯъи кишвар, таҳкими Истилолу рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, боло бурдани нақши созандаи ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҳикоят мекунад. Муаллифон кӯшиш намудаанд муҳимтарин ва арзишмандтарин дастовардҳои соли 2017-ро дар китоб
Китоби мазкур соли равон бо талоши донишманди тоҷик Суҳайлӣ Расулов чоп шудааст ва гуфта мешавад, ки он як дастури таълимӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар сарсухан китоб муаллиф навиштааст, ки корҳои хаттӣ воситаи муҳим ва арзишманди саводомӯзӣ, такмили истеъдод, балоғати калом, тақвияти андеша ва ҳофиза, муназзамии лафзу маънӣ, равонии нутқ ва умуман инкишофи малакаву маҳорати толибилмон маҳсуб меёбад.
Дар ҷаҳони муосири таҳсилот дар назар бояд дошт, ки таъмини иттилооту ахбороти фаврӣ тавассути воситаҳои техникӣ таъмин мегардад. Дар баробари ин малакаву
Сатҳи фарҳангии ҳар як миллат, аз ҷумла тоҷикон, ба вазъи фаъолияти китобхонаҳо ва дигар марказҳои фарҳангӣ ва илмии ҷумҳуриявӣ алоқамандии калон дорад. Дар ин самт вазифаи муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ хамчун маркази илмӣ ва методӣ барои барномасозӣ ва дастурдиҳии ҳама китобхонаҳои кишвар хеле бузург ва назаррас мебошад. Ташаккули дурусти фарҳанги китобдорӣ ва омўзиши асосҳои
Театри давлатии Академии Опера ва балети тоҷик ба номи Садриддин Айнӣ калонтарин театри мусиқии Тоҷикистон соли 1940 дар заминаи Театри мусиқии тоҷик таъсис ёфтааст. Ҳайати онро ҳофизон Т. Фозилова, А. Муллоқандов, Ҳ. Аҳмадов Б. Тўраев, А. Бобоева, Р. Ғолибова, М. Зиёев, раққос ва раққосаҳо: А. Азимова Ғ. Валаматзода, О. Исомова, М. Қобилов, А. Исҳоқова, У. Рабимов ва дигарон ташкил медоданд. Соли 1941 театр дар Даҳаи санъати тоҷик дар Москва иштирок намуда, нахустин
Дар охирин рӯзи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Бо Муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири шинохта Ато Мирхоҷа ҳамсуҳбат шудем. Ва табиист, ки суҳбати мо аввал дар атрофи озмун буд ва баъд дар атрофи масоили дигаре, ки он ҳам ба китобу китобхонӣ иртибот дошт, ҷараён гирифт.
- Бардошти Шумо аз озмун? Он чӣ хоҳад дод?
- Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба як маъракаи бисёр муҳими фарҳангӣ табдил ёфт. Ман фикр мекунам баъди 2-3 сол маърифати ин озмунро хубтар дарк мекунем, ки дар васеъ
Сайидумар Султонов дар деҳаи Қалъачаи Калони ноҳияи Ўротеппа (ҳозира Истаравшан) таваллуд ёфтааст. Вай соли 1947 мактаби миёнаи нопурраи деҳаи Нилўи ноҳияи Ҳисорро хатм намуда соли 1952 омўзишгоҳи шаҳри Ўротеппаро ба итмом расонидааст. Ҳамзамон солҳои 1948-1952 муаллими синфҳои ибтидоии мактаби зодгоҳаш буд. Сайидумар Султонов соли 1952 ба факултаи таъриху филологияи ДДТ ба номи В. И.
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ба анҷом расид. Ин бегоҳ дар бинои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор мешавад ва бо ҳамин дуюмин озмуни ҷумҳуриявӣ расман ба анҷом мерасад. Даври ниҳоии он муддати 11 рӯз дар Китобхонаи миллӣ багузор шуд. Дар ҳамин иртибот як суҳбате доштем бо Директори ин боргоҳи маърифат, профессор Ҷумахон Файзализода. Устоди муҳтарам, мегуфтед ба андешаи Шумо ҳадафи асосии эълон кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби Пешвои миллат чист ва чунин озмунҳо ба мардум чӣ медиҳанд? - Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки мардуми тоҷик
Агар умр вафо мекард, Нозирҷон Арабзода – ин файласуфи шинохтаву пажӯҳишгари донишманди осори фалсафии адибони классики форсу тоҷик ба синни мубораки 80 қадам мегузошт. Устод Арабзода аз ҷумлаи касонест, ки тӯли солҳои дароз фаъолият дар донишгоҳҳои мухталифи кишвар садҳо шогирдонро дарси фалсафаву ҳикмат додаву даҳҳо нафар таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои илмӣ навиштаанд.
Фишурдаи зиндагинома
Нозир Арабзода - доктори илмҳои фалсафа, профессор. 20
Ҳеч гузорише беҳтар аз суратгузориш нест. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар як суратгузоришест, ки қисман аз саҳифаҳои иҷтимоӣ гулчин шуд, вале қисмати асосии онро аз гузориши дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки махсус барои расонаҳо таҳия шуда буд, гирифтем. Сипос ба ҳамкасбони мо аз дафтари матуботии Вазорати маориф ва бахусус ба
Поёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ идгоҳро мемонд. Ман ба ҷустуҷӯи барандаи шоҳҷоиза Раъно Насриддинова паси саҳна гузаштам. Аммо ба назарам расид ин паси саҳна набуд, ин худи саҳна буд. Раъно дар иҳотаи хабарнигорон асту ба суолҳои ҳамагон посух медиҳад. Гоҳ аз телевизион суол мекунанд, гоҳ аз радио ва гоҳ аз нашрияҳо. Билохира, аз радиову телевизионҳо ҳам фориғ шуд ва як фурсати кутоҳе буд, ки ба чанд суол ба ӯ муроҷиат кардам.
- Раънохон шоҳҷоиза муборак шавад, медонем, ки айни ҳол Шуморо ҳаяҷон фаро гирифтааст, мегуфтед оё
Имсол барои ширкат дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз саросари Тоҷикистон 23 нафар довталаб иҷозаи ширкат дарёфт намуданд. Аз ин 23 нафар 20 нафар ширкат карданд ва 3 нафар бо сабабҳои гуногун ҳузур надоштанд. Озмун дар ошёнаи дувуми Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар муддати 07 – 13 декабри соли
Ибни Надим дар асари бисёр боарзишу мўътабари худ «Ал- феҳрист» ба нақл аз Ибни Муқаффаъ ба анвоъи гуногуни хутуте, ки дар байни ирониён ривоҷ дошта, таҳти ановине чун: дин дафария, вишдабирия, каштач, ним каштач, шоҳдабирия, ҳам дабирия ва ном дабирия ишора намуда аст, ки имрўз дар байни онҳо танҳо ду хат, яъне дин дабирия ё хатти Авесто ва хатти гашта дабира ё хатти паҳлавӣ қобили шиносоӣ аст. Ин сухани Ибни Надим шояд ба эътибори надоштани шиносоии дақиқ ранге
Дар рисолаи мазкур, ки соли 2018 чоп шудааст, дар заминаи яке аз куҳантарин дастурҳои забони форси тоҷикӣ, ки дар сазамини Чин аз тарафи Муҳаммад ибни Ҳаким ном як донишманди самарқандиасл бо номи «Минхоҷу – т – талаб» дар соли 1660 таълиф шудааст, таҳқиқи муқаддамотӣ анҷом пазируфта, зимнан худи дастур ба забони тоҷикӣ таҳия шудааст. Рисола барои истифодаи кормандони соҳаҳои мухталифи илм, устодону донишҷўёни макотиби олии мамлакат ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Дар сарсухани китоб мехонем:
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст баргузор мешавад, ба анҷом расид. Ҳамаи иштирокчиён бо мукофоту диплом ва ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуда буданд. Баргузор намудани чунин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ агар
Омўзиши хатти паҳлавӣ аз сўи ҳамин хирбадон, ки аз омўхтани хатти Авесто тўшаи охират меандўзанд, гуноҳи кабира ба шумор рафта ва хатоест нобахшиданӣ. Ба эътиқоди баъзе аз пажўҳандагон ин ду матлаб алорағми қарор гирифтани билофосила дар канори ҳам ҳар як маълуми давраи фарҳангиву таърихии хосе буда ва аз назари замонӣ дорои
Муассисаи инглисии мудирият «сарпарасти умур»-ро чунин таъриф мекунад. «Тафсири сиёсатҳо ва амали онҳо» ё ба маънои маҳдудтар «иҷрои шеваҳои умур». Ҳамин муассиса чанд ибора бар ин таъриф меафзояд ва дар таърифи «мудирият» меоварад. «…барои расидан ба ҳадафҳои таъиншуда». Муассисаи инглисии мудирият таърифи болоро густариш дода вазифаҳои тасмингирӣ, якпорчагӣ кардан ва
Имрӯз милоди босаодати яке аз шаҳсутунҳои санъати тоҷик аст. Шахсе, ки тӯли солиёни дароз бо сурудаш пайғомрасони тоҷикони олам буду ҳаст. Пулест миёни гузашта ва имрӯз, устодест забардаст. Аз ҳалқаи он таронасароёни маҳбуб Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Боймуҳаммад Ниёз, Барно Исҳоқова, Акашариф Ҷӯраев ва даҳҳои дигар, ки имрӯз ҷисман бо мо нестанд. Вале ҳамоно сурудашон,
Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло маҳфили хотирмоне баргузор шуд. Камол Насрулло аз маъруфтарин чеҳраҳои адаби мост, ки бо ашъори нобу дилпазираш мақоми хос дорад. Ӯ 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳкадаи Колхозчиён (Ғӯсар) фаро гирифта, соли 1971 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанберо ба итмом расондааст. Баъдан корманди Радиои тоҷик (1971-1974), моҳномаи «Машъал» (1974-1976), маҷаллаи «Садои Шарқ», (1976-1981),
Ин китоб соли 2019 чоп шудааст. Муаллиф доктори илми филология Мирзо Ҳасани Султон аст. Дар ин раҳнамо таърих, махсусият ва вазъи имрўзаи истилоҳоти тоҷикӣ ба ваҷҳи мухтасар таҳқиқ шуда, зимнан дар 14 банд усулномаи истилоҳнигории тоҷикӣ муқаррар гардидааст.
Раҳнамо барои истифодаи мутахассисони забон ва истилоҳот, кормандони соҳаҳои мухталифи илм, устодону донишҷўёни мактабҳои олии мамлакат ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Дар муқаддимаи китоб, ки “Истилоҳоти тоҷикӣ” номида
Дастхатҳо доим ҷустуҷў мешаванд. Қисме аз дастхатҳо, ки дар пўст менавиштанду баъди муддате онро тоза мекарданд ва дастхати дигар сабт менамуданд, ба нестӣ рафтанд. Дастхат китоби чопӣ нест. Дастхатро агар аз даст бидиҳанд, онро барқарор кардан номумкин бувад. Мегуянд, ки бисёр осори ниёгон пурра нестанд.Ҳиссае аз онҳо дастрас шудаасту бас. Кӣ гуфта метавонад, ки бо иллати задухурдҳои Искандари Мақдунӣ, арабҳо,Чингизхон чӣ қадар дастхатҳои нодир барбод рафтаанд?
Аз ҳудудҳои Машриқзамин берун шудани дастхатҳои ниёгон ҳам бесабаб нест. Ин ба тариқи тороҷгарӣ, тўҳфагузорӣ, хариду фурӯши тоҷирон ва
Ин китоб ҳамин рӯзҳо аз силсилаи “Достони донишварон”, зери назари академик Муҳаммадюсуф Имомзода чоп шудааст ва ба қалами Шодӣ Шокирзода навишта шудааст. Тавре аз номаш ҳам пайдост, китоб ба фаъолияту кору талошҳои Пешвои хирадманди миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.
Дар муаррифии китоби мазкур омадааст, ки дар дарозои таърих суннати хирадгароӣ сиришти азалии миллати моро ташкил дода, дар сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мақоми асосӣ дорад. Сарвари кишвар сиёсатро аз аркони маънавият ҳисобида, дар раванди давлатдорӣ сабақҳои
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон маҳфили ҳармоҳаи «Ганҷи сухан» бо ширкати ҳунармандони театри бачагонаи «Афсона» ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Баҳодур Неъматов баргузор шуд. Ин мулоқоти хотирмон ба Рӯзи байналмилалии маъюбон
Ин китоб соли 2013 бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ чоп шудааст. Муаллифи сарсухан С.Шосаидов навиштааст, ки “хусусияти хоси марҳилаи нави рушди афкори илмии китобдории миллӣ ин пеш аз ҳама васеъ гардидани доираи пажўҳишҳо, гуногунрангии ақидаҳо ва падидаҳои илмӣ, инъикоси батадриҷи қиммати назариявӣ ва амалии суннатҳои китобдории халқи тоҷик ва арзёбии мақоми ин суннатҳо дар масири таърихи ташаккулёбии назарияи китобхонашиносии миллӣ ба шумор меравад.
Таҳлили осори илмии китобхонашиносони тоҷик собит менамояд, ки имрўз таҳқиқи афкори кўҳанбунёди китобдории
(Аз тазкираи Мўҳтарам)
Дар ҷавоб ва татаббўъи як ғазали Мирзо Аббос Фурўғии Бастомӣ иншод карда:
Эй ҷон, аз он ба синаи худ ҷо кунам туро,
То сарфи роҳи он бути раъно кунам туро.
Чандон равам зи хеш,ки пинҳон шавӣ зи чашм,
Китоби мазкур бо талоши дастаҷамъии ҳайати эҷодии нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” таҳия гардида, ба таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 95-солагии рӯзномаи “Народная газета” ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Мураттибон дар китоб феҳристи маводи дар ҳамин рӯзнома нашршударо дар бораи кору фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ намудаанд.
Қобили зикр аст, ки рӯзномаи “Народная газета” ягона нашрияи давлатиест, ки барои мардуми русзабон чоп мешавад.
Ин китоби тозанашр чуноне аз номаш пайдост, ба фаъолиятҳои бонкӣ бахшида шудааст ва дар он масоили асосҳои ҳуқуқии гузаронидани амалиётҳои бонкӣ ва аҳамияти иқтисодии онҳо дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, амалиётҳои пассивӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, амалиёт бо пулҳои нақд, амалиётҳои қарзӣ, амалиёти хазинавӣ, амалиёти миёнаравӣ, амалиёти асъорӣ, амалиёт бо қоғазҳои қиматнок, гузаронидани амалиёт бо принсипи низоми бонкдории исломӣ, шаклҳои маҳсулоти муосири бонкӣ , сохтор ва бартарии активҳои бонк ва ҳисоботи бонкӣ арзёбӣ гардидаанд.
Дар шароити имрӯза рушди устувори иқтисодиёт бевосита
Муаллифи ин китоб номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ»-и Донишгоҳи давлатии Данғара Шарифхӯҷа Ҳасанов буда, бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ нашр шудааст. Сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сароғози ин китоб аст: «Тоҷикон ва Ўзбекистон ҳамеша ба таҳқими риштаҳои дўстию бародарӣ кўшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дўстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошад. Мо бояд барои халқҳоямон фазои дўстию самимият ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкориро, тавре дар замони Мавлоно Ҷомӣ
«Таърихи Табарӣ» аслан бо забони арабӣ таълиф шудааст. Санаи таълифоташ маълум нест. Онро соли 963 вазири давлати Сомониён Мир Абўалӣ бинни Муҳаммад Балъамӣ ба забони тоҷикӣ гардонида, ба асар иловаҳо дохил кардааст. Аз ҳамин ҷиҳат таҳқиқотчиён «Таърихи Табарӣ»-ро ба Балъамӣ ҳам нисбат медиҳанд. Садаи ХV1 Ваҳидӣ Балхӣ «Тарихи Табарӣ»-ро бо забони ӯзбекӣ тарҷума карда