Ганҷҳои озмун: Мадинаи Ҷамоллидин – хонандаи синфи 10 аз шаҳри Душанбе

«Озмуни имсола барои ман як озмуни хотирмон буд зеро, ки  дар ин ҷо ман дўстони зиёдеро пайдо намудаам, ки ба мисли ман китобдӯсту китобхон ҳастанд ва бовар дорам дўстии мо баъд аз анҷоми ин озмун ҳам идома хоҳад дошт

***   ***   ***

Мадинаи Ҷамоллидин, хонандаи синфи 10-и Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошанд, ки дар номинатсияи чорум, яъне «Хондан ва аз бар намудани осори адибони ҷаҳон» иштирок намудааст. Ў 2 - ҳазор мисраъ байт аз шоирони ҷаҳон бо забони русӣ, англисӣ, олмонӣ во бо тарҷумаи тоҷикӣ аз бар намудааст. Боз 75 номгўйи асар, ки аз руйи номинатсия пешниҳод шуда буд, аз худ кардааст.

Чуноне, ки Мадина дар суҳбат бо мо гуфт, соли гузашта низ дар Озмуни мазкур дар номинатсияи «Хондан ва аз бар намудани адабиёти муосир» ширкат варзида буд, имсол бошад тасмим гирифтааст, ки ҳамроҳи модараш  Боякова Рузигул дар номинатсияи «Хондан ва аз бар намудани осори адибони ҷаҳон» ширкат варзиданд.

«Ман дар баробари таҳсил, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок карда истодаам. Пайваста талош дорам, ки барои ғолиб омадан дар ин озмун адабиёти зиёдеро аз эҷодиёти адибони классику муосири тоҷик ва ҷаҳон мутолиа намоям. То имрӯз дар бисёре аз озмунҳо иштирок намуда, то ҷое дастболо низ гаштаам ва умед дорам, ки дар озмуни мазкур низ муваффақ мешавам» -мегўяд Мадинаи Ҷамолиддин.

Мадина ғайр аз хондани осори адибони хориҷ боз ба навиштани ҳикоя ва шеърҳоро низ майлу рағбати зиёде дорад. Чуноне, ки ў худ мегўяд, агар сазовори шоҳҷоизаи озмун шавад, маблағи ба даст омадаро барои таълиф ва нашри шеърҳо ва ҳикояҳояш масраф  менамояд.

«Китобҳои зиёдеро мутолеъа намудаам ва аз бисёри онҳо ҳатто ба баъзе суолҳое, ки аз ҷониби аъзои ҳакамон дода шуда буданд ,саросема шуда, ба хаттогӣ  роҳ додам»- мегўяд Мадинахон.

Мадина ҳамеша дар ҷустуҷӯи илм буда, ғайр аз забони рўсӣ боз донандаи забони англисӣ, олмонӣ низ ҳаст ва кӯшиш менамояд, ки дар оянда боз ду забони дигарро низ азбар намояд.

«Озмуни имсола барои ман як озмуни хотирмон буд зеро, ки  дар ин ҷо ман дўстони зиёдеро падо намудаам, ки ба мисли ман китобдӯсту китобхон ҳастанд ва бовар дорам дўстии мо баъд аз анҷоми ин озмун ҳам идома хоҳад дошт» - мегўяд Мадина.

Маврид ба зикр аст, ки шавқи китобхониро дар дили Мадина модар ва бобояш  бедор кардаанд. Китобҳои дустдоштаи ў «Тысяча сияющих солнц»-и  Холид Ҳусейнӣ, «Виноваты звезды»-и Ҷон Грин, асарҳои Ҷоҷо Моес, Виктор Гюго ва дигарон мебошанд.

Мадина мехоҳад дар оянда нависандаи машҳур шавад ва ба тарҷумонӣ низ сару кор гирад.

Бояд ёдовар шуд, ки воқеъан боиси  шодмонӣ  ва  шукургузорист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму маърифат рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст.

Мадина мегўяд, ки  ба шарофати Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо дар саросари мамлакат китобхонаҳои замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки танҳо ва танҳо барои дурахшон сохтани фардои ҷавонон мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ аз ҷумлаи чунин иқдомҳои созанда аст, ки бо мақсади афзун гаштани дониши мо - хонандагон эълон гардидааст. Мо бояд аз ин озмун барои мутолиа ва азбар намудани осори ниёгон ва муосирон самаранок истифода барем.

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 7 декабр шуруъ гардид ва имрўз рӯзи охир ва ҷамбасти он аст. Ба даври ниҳоӣ 267 нафар довталабон аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе роҳхат гирифтааанд.  

Руқия Гадоалиева

Барчаспҳо: