Сайре дар китобхонаҳои олам: Китобхонаи миллии Испания

Китобхонаи миллии Испания соли 1712 тавассути Филипи V зери унвони «Китобхонаи қаср» таъсис ёфтааст. Пеш аз ба тасвиб расидани Қонун “Дар бораи супоридани нусхаҳои ҳатмӣ”, ки алҳол амал мекунад, як фармони салтанатӣ ноширонро вазифадор месохт, ки як нусха аз китобҳои чопшуда дар Испанияро ба Китобхона барои нигоҳдорӣ ва истифода супоранд. Соли 1834 Китобхона аз назорати подшоҳӣ баромада, зери назорати Ҳукумати Испания даромад ва барои аввалин бор номи Китобхонаи миллиро ба худ гирифт. Бештари китобҳое, ки дар китобхонаи мазкур нигоҳдорӣ мешаванд, дар асри XIX ҷамъоварӣ шудаанд. Ва ин амал тариқи харидорӣ, туҳфа аз шахсони алоҳида ва дигар воситаҳо амалӣ гардидааст. Солҳои 1954 то 1975 дохили бинои Китобхона азнавсозӣ гардидааст, ки ин таъмиру азнавсозӣ ба хотири беҳтар намудани шароити нигоҳдории мавод ва дигар шароити лозима барои кормандон ва хонандагон муҳим арзёбӣ гардидааст.

Китобхонаи миллии Испания яке аз муассисаҳои бонуфузи кишвар ва сарпарасти «Низоми китобхонаҳои Испания» ба ҳисоб меравад. Ин китобхона аз лиҳози идорӣ як муассисаи мустақил буда, дар навбати худ ба Вазорати фарҳангу омӯзиш вобаста мебошад. Китобхона дорои шахсияти ҳуқуқӣ аст ва тавоноии анҷоми иқдомоти зарурӣ ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои хешро дорад ва тибқи муқаррароте идора мешавад, ки дар қонуни будҷаи умумии давлат муайян шудааст.

Китобхонаи миллии Испания аз чунин бахшҳо иборат мебошад:

  • Осорхонаи китоб ва бахши муносибатҳои фарҳангӣ.
  • Бахши назорати фаъолияти китобдорӣ.
  • Сарчашмашиносӣ-маҷмӯаҳои тахассусӣ.
  • Бахши умумӣ ва коргузорӣ.

Самтҳои асосии фаъолият:

  • Гирдоварӣ, феҳристнигорӣ ва нигаҳдории маҷмӯаҳои китобҳои чопӣ, нусхаҳои хаттӣ, маводи ғайрикитобӣ, штрихкод (рақами тартибӣ), монографияҳо дар қолаббандиҳои мухталифи рисолаҳое, ки ба яке аз забонҳои расмии Испания ва дигар забонҳо бо мақсади кумак ба пажуҳиши фарҳанг ва ривоҷи маълумот дар ин маҷмӯаҳо таҳия шудааст.
  • Ташвиқи пажуҳиш (ба хусус дар заминаи илмҳои ҷамъиятӣ) аз тариқи машварат, мутолиа, амонат ва зиёдсозии сарчашмаҳои ташкилдиҳандаи маҷмӯа.
  • Густариши назорат бар талаботи Қонун “Дар бораи супоридани нусхаҳои ҳатмӣ” бо мақсади интишор ва ба ҷараён андохтани иттилоот.
  • Фароҳам овардани хадамоти баҳодиҳӣ ва мутолиа.
  • Густариши барномаҳои пажуҳишӣ ва ҳамкорӣ бо дигар китобхонаҳо ва муассисаҳои илмӣ.
  • Иҷрои барномаҳои пажуҳишӣ, тавсиа ва ҳамоҳангсозиву рушди онҳо дар ҳавзаҳое, ки таҳти ихтиёри китобхона аст.
  • Дигар вазифаҳое, ки тибқи қонунгузории кишвар ба Китобхонаи мииллӣ вобаста гардидааст.

Сохтори созмонии Китобхонаи миллии Испания аз се раёсат иборат аст:

- Раёсати умумӣ

- Раёсати техникӣ

- Раёсати иҷроия

Китобхонаи миллии Испания бузургтарин муассисаи китобдорӣ дар ин кишвар мебошад. Фонди Китобхона дорои осори гаронбаҳое аст, ки ба асри нуҳуми мелодӣ бар мегардад. Китобхонаи малика Модар, ки «Австриягӣ» буд, ба ин Китобхона эҳдо шудааст. Ҳамзамон осоре, ки аз шоҳзода Карлос аз Австрия мусодира гардидааст, низ ба ин Китобхона дода шудааст. Ҳамчунин осори зиёде аз Фаронса харидорӣ гардидааст. Ин китобхона яке аз маконҳои тамошобоби шаҳри Мадрид ба шумор меравад.

Фонди Китобхонаи миллии Испания дорои 4000000 млн нусха китоб, 2697495 брошюра, 1610 рӯзнома, 83100 нашрияи даврӣ, 25000 нусхаи хаттӣ, 3009 ҷилд китоби қадимӣ, 237970 ҷилд китобҳои нодир, 25700 наққошӣ, 674000 ҳаккокӣ, 29000 портрет, 1000000 акс, 462000 корти почта, 918700
постер, 104016 нақша, 310633 аудиовидио, 26016 филм, 105800 маводи микрография ва 6598  парвандаи электроникӣ аст.

Ҳамин тавр, Китобхонаи миллии Испания яке аз китобхонаҳои зебо ва бузурги кишвари Испания ба шумор рафта, дар баландбардории сатҳи маънавиёти мардуми Испания нақши муассир додад. 

Таҳияи ҲАДИЯТУЛЛОҲИ Амриддин,

сардори шуъбаи котибот

Барчаспҳо: