Раъно Насриддинова: Ҳатто ба сарам ҳам наомада буд, ки ман шоистаи Шоҳҷоиза мешавам
Нашр шуд 2020-12-19 13:25
Поёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ идгоҳро мемонд. Ман ба ҷустуҷӯи барандаи шоҳҷоиза Раъно Насриддинова паси саҳна гузаштам. Аммо ба назарам расид ин паси саҳна набуд, ин худи саҳна буд. Раъно дар иҳотаи хабарнигорон асту ба суолҳои ҳамагон посух медиҳад. Гоҳ аз телевизион суол мекунанд, гоҳ аз радио ва гоҳ аз нашрияҳо. Билохира, аз радиову телевизионҳо ҳам фориғ шуд ва як фурсати кутоҳе буд, ки ба чанд суол ба ӯ муроҷиат кардам.
- Раънохон шоҳҷоиза муборак шавад, медонем, ки айни ҳол Шуморо ҳаяҷон фаро гирифтааст, мегуфтед оё медонистед, ки сазовори Шоҳҷоиза мегардед?
- Ҳаргиз. Ҳатто ба сарам ҳам чунин фикр наомада буд, ки ман сазовори Шоҳҷоиза мегардам. Фақат ба қисмату тағдири баландам ҳавола мекардам. Ва бубинед, ки имрўз дар ин саҳнаи барҳавову зебанда тавонистам соҳиби чунин мақоми арзишманд гардам. Ин мақоми баланде, ки бароям сазовор донистанд, як масъулити бузургу сангинест, ки аз ман фаъолияти беҳтареро дар оянда талаб мекунад ва ман бояд бештар ва хубтар ин масъулияти ба зимаамгузоштаро дарк кунам ва ба ояндаи миллату давлати худ омодаи кор бошам.
- Чӣ эҳсосе ҳоло шуморо фаро гирифтааст?
- Эҳсосотест, ки бо сухан баён карда намешавад. Вақте шумо вазнинии ҳамин ҷомро ҳис мекунед, дастонатон, чашмонатон, вуҷудатон, баданатон ба дард ба ҳайяҷон меояд, ки шабҳои бехобӣ ба ёдатон меояд, устодоне, ки роҳнамои мекарданд, маро пеши назарам меоянд, падару модарам пеши назарам меояд. Хуллас ҳаяҷоне, ки ман дорам ба як гуфтан анҷом намеёбад.
- Ба назари Шумо баргузории чунин озмунҳо ба манфиати кор буд?
- Албатта, зеро, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ҷавононро ҳавасманду завқманд гардонданд, ки мо имрўз рў биёрем ба китобхониву китобнависӣ ва эҷодкорӣ. Мо ояндасозони миллат ҳастем ва давлату ҳукумат, тамоми талошҳои худро тамоми қувваю тавонии худро барои оне, ки мо соҳиби ақлу хирад, донишу шууру иродаи қавӣ шавем, пайваста талош мекунанд ва чунин озмунҳоро тарҳрезӣ мекунанд, то мо ҷавонони насли нав дар ин озмунҳо малака ва дониши худро санҷем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ созем, то онҳо донанд, ки миллати тоҷик фарҳангу таърихи пурғановату бой дорад.
- Ғайр аз Шоҳҷоиза, ғайр аз диплом ва мукофотҳое, ки имрўз супорида шуд, озмуни мазкур ба Шумо чӣ дод?
- Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» алалхусус барои ман боварӣ ба ирода, масъулият, дониш, шиносҳои нав, ҳиссиёти баланде, ки дар он сухан оҷиз ҳастанд ва қуввату тавоноӣ дод. Мақоми баланд кай пайдо мешавад, вақте инсон ба худ боварӣ дошта бошад, вақте ирода қавӣ бошад, вақте дониш мустаҳкам бошад. Ҷоизаи «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ин барои ман на танҳо шоҳҷоиза, балки ин заҳмату талоши устодони ман аст, ин заҳматҳои падарам ҳаст, ки маро ба ин саҳна расонданд, ин дӯстоне, ки ман дар ин озмун бо онҳо ошноӣ пайдо кардам.
- Ба ҳамсинну солҳоятон, ки мехоҳанд дар ин озмун дар оянда ширкат бикунанд чӣ маслиҳат медиҳед?
- Ҷавонӣ як давраест, ки дар он бояд омўхт дар он бибояд худро ташаккул дод. Ва ман барои онҳое, ки мехоҳанд дар ин озмун иштирок кунанд, аммо ҳоло ба хулосае наомаданд, меҳоҳам бигўям, ки озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» озмуни сангину оҳанине нест, озмуни пур аз ҳиссиёти баланд аст. Ба дили шахс новобаста аз он ғолиб мегардад, намегардад, мағлуб аст, ғолиб аст, як ҳиссиёти ифоданашавандаеро мебахшад. Ба ҳама тавсия медиҳам, ки китобро дўсти ҷонии худ донанд, зеро китоб роҳнамои ҳаёти мо хоҳад буд.
- Маблағи ба дастовардаро ба чи масраф мекунед?
- Тавре ман пеш ҳам дар баромадам гуфта будам, ваъда дода будам, ҷоизаи пулиеро, ки аз озмун ба даст мегирам, барои сохтани китобхона дар деҳаам, яъне деҳаи Сории шаҳри Панҷакент сарф хоҳам кард.
Мусоҳиб Руқия Гадоалиева