Абдуҷаббор Раҳмонзода: Озмун майдони суханваронест, ки ҳазорсолаҳо баргузор шавад ҳам, соле ба соли дигар монанд шуда наметавонад
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст баргузор мешавад, ба анҷом расид. Ҳамаи иштирокчиён бо мукофоту диплом ва ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуда буданд. Баргузор намудани чунин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ агар аз сӯе ба назари ҳамагон осон намуда бошад ҳам, вале дар асл чунин нест. Зеро худ низ шоҳиди он будам, ки аз раиси комиссияи озмун сар карда, то муовинону нозирон ва аъзои ҳакамон мунтазам ҷараёни озмунро назорат мекарданд ва дар баробари иштирокчиёни омзун, онҳо низ дар давутозу ҳаяҷону изтироб қарор доштанд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода - Раиси комиссияи озмун, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро субҳу шом дар Китобхонаи миллӣ медидем, ки мунтазам аз ҷараёни баргузории озмун назорат мебурданд.
Баъд аз анҷоми озмун бо академик Абдуҷаббор Раҳмонзода суҳбати кутоҳе анҷом додам, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунам.
- Лутфан мегуфтед, ки оё ҳамаи он нақшаҳое, ки пешакӣ барои баргузории омзуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» тарҳрезӣ шуда буд, иҷро шуд ё не?
- Дастовардҳои наврасону ҷавононро ба инобат гирифта, Пешвои дурандеш баргузории озмунро дастгирӣ карданд. Ва дуввум сол аст, ки озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мешавад. Ташаббуси мазкур боис шуд, ки доираи иштирокчиён бамаротиб васеъ ва дар он табақаҳои гуногуни ҷомеа, новобаста аз синну сол, ширкат варзиданд. Воқеан, ин амали шоистаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд. Волидайн дар пайи дарёфти асарҳои адибон шуда, баъди дарс нури дидагони хешро ба китоб хондан водор месозанд. Калонсолон низ рў ба китоб оварда, ба китобхонаҳо рафта, вақти холии худро дар ин макони маърифат мегузаронанд. Маврид ба зикр аст, ки барои озмуни мазкур як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад сомонӣ ҷудо шуда, номинатсияҳо низ ба қисмҳои алоҳида ҷудо шудаанд ва аз кўдаки боғча то калонсолон тавонистанад дар ин озмун иштирок карда, соҳиби мукофот гарданд.
Нақшаҳое, ки аз аввали сол барои баргузории озмун, тарҳрезӣ шуда буданд, қариб, ки ҳамаашро банд ба банд иҷро намудем. Бояд тазаккур дод, ки ба ин озмун беҳтарин китобхонҳову чароғҳои рўшан ва нури фурўғи субҳи доноӣи тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеа ҷалб гардида буданд. Озмун аз ноҳия оғоз гардида, то сатҳи вилоятҳову ҷумҳурӣ дар як сатҳи хело ҳам хуб гузаронида шуд. Ҳамагон шоҳиди он буданд, ки шоми 18-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муросими ҷоизасупории Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» бо як шуқўҳу шаҳомати баланд ҷамбаст гардида, ба ҳамаи иштирокчиён диплом, ифтихорнома ва мукофотпулӣ тақдим карда шуданд.
- Гумон мекунам аз байни ин қадар иштирокчиён ва довталабон интихоби ғолиби озмун, яъне барандаи шоҳҷоиза хеле душвор буд.
- Душвор набуд. Тилло дар ҳар куҷое набошад, хоҳ дар баҳр, хоҳ дар қаҳри замин, ҷилои худро гум нахоҳад кард. Аз аввали баромади Раъно Насриддинова аъзоёни ҳакамон дарк карданд, ки ў хело доно, зирак, дурандеш ва аз ҳама муҳим ҳозирҷавоб буд ва ба ҳамаи саволҳои додаи ҳакамон пусухҳои мушаххас дода тавонист. Дар симои Раънохон имрўз метавон бо сарфарозӣ гуфт, ки насли нави кишварамон насли дурандеш, қавиирода, китобхон, ғазалнавису шеърхон ҳастанд. Боиси ифтихор аст, ки мо чунин ганҷинаҳои миллатро дар чунин озмунҳо кашф мекунем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ месозем, то донанд, ки миллати тоҷик, миллати қадима ва миллати китохону китобдўст ҳаст.
Вазорату кумитаву идораҳо ва роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор муваззаф ҳастанд, ки минбаъд ҳар сол барои дарёфти чунин ганҷинаҳои миллат бояд аз ноҳияҳои дурдастарини кишварамон чунин дурдонаҳоро кашф карда, ба марказ биёранд, то онҳо тавонанд дар чунин озмунҳо малакаву маҳорат ва савияи дониши худро ба ҳамагон нишон бидиҳанд.
- Шумо, ки худ Раиси комиссияи озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» будед, мегуфтед оё аъзои ҳакамон тавонистанд вазифаҳои бар дўши онҳо вогузоршударо ба пуррагӣ иҷро намоянд?
- Албатта. Дар ҳар як номинатсияи озмун чанд нафарӣ аъзоёни ҳакамонро вобаст карда будем. Ҳар яки онҳо дар баргузории озмун кори худро бо сифати хело ҳам баланд анҷом дода буданд. Дар номинатсияи адабиёти бачагона худ шоҳиди он шудем, ки чи тавр аъзои ҳакамон бо як лутфи хосса ва мехрубонӣ, бо суханҳои ширин бо мактаббачагон суолу ҷавоб мекарданд. Ҳар як довталабро аз руйи китоби мутолеъакардааш ва дар доираи низомнома мепурсиданд.
- Метавон гуфт, ки озмуни мазкур ба ҳадафҳои худ ноил гашт?
- Мутолиаи китоб яке аз воситаҳои ғанӣ гардидани ҳофиза мебошад. Маҳз тавассути гирифтани ахбор ва хондани китоб инсон дар бораи воқеа ва рўйдодҳои олам маълумот пайдо карда, доираи ҷаҳонбинии хешро васеъ мегардонад. Дар олам миллатҳое ҳастанд, ки аксари мутлақи афроди онҳо ба китобхонӣ машғул шуда, ин амали шоистаро ба фарзандон аз овони кўдакӣ меомўзонанд. Барои ин қабил миллатҳо китоб ғизои рўҳ, роҳати ҷон ва манбаи илҳом мебошад. Тоҷикон ба доираи ҳамин қабил халқу миллатҳо дохил шуда, аз қадим ба китоб арҷ мегузоштанд ва хондани китобро ба фарзандон тарғиб мекарданд. Онҳо китобро муқаддас ва рафиқи мўнис медонистанд. Аксарашон зери болини фарзандон китоб мениҳоданд.
Ҳадафи аввалиндараҷи озмун, ин баланд бардоштани завқи китобхонии наврасону ҷавонон, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, рушди зеҳнии ҷавонону наврасон, тарбияи одобу ахлоқи ҳамида, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа буд. Имрўз натиҷаи ин озмун бори дигар собит сохт, ки дар ҳақиқат мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошанд.
- Соли оянда низ, озмун баргузор мегардад? Дар он чи тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд?
- Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ бо ҷавонони кишвар мунтазам таъкид менамояд, ки «Шумо – ҷавонони азиз, ҳаргиз фаромӯш накунед, ки гузаштагони мо – тоҷикон дар тўли тамоми таърих соҳиби саводу маърифат, китобу қалам, илму дониш ва офарандагони яке аз тамаддунҳои бостонӣ, инчунин, шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд».
Воқеан, ин таъкидҳои саривақтии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як наврасу ҷавони бедордилро водор месозад, ки ба донишомўзиву китобхонӣ машғул шавад ва ҷаҳони маънавии хешро ҳарчи бештар ғанӣ гардонад.
Аз ин рў, наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки китобхониро ба одати доимӣ табдил диҳанд, ба омўзиши илму дониш ҷиддӣ машғул шаванд ва дар рушди Тоҷикистони азизамон, ки хонаи умеду орзуи ҳар кадоми мову шумо мебошад, саҳми арзанда гузоранд ва Ватани маҳбубамонро ба як кишвари пешрафтаи фарҳангӣ мубаддал гардонанд.
Соли меомада низ озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор хоҳад шуд. Ин озмун озмоишест, майдони суханваронест, ки ҳазорсолаҳо баргузор шавад ҳам, соли аввал ба соли дувум соли дувум ба соли сеюм монанд шуда наметавонад. Натиҷаи ин озмунро мо баъди даҳсолаҳо мебинем. Аъзоёни ситоди озмун алакай чанд пешниҳодҳои худро руйи варақ овардаанд ва мо онро омўхта дар низомномаи соли яъндаи озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ворид хоҳем кард.
- Чун Шумо гуфтед, озмуни якум ба дуввум ва дуввум ба сеюм ҳеҷ монанд нахоҳад шуд. Мегуфтед, ки озмуни имсола аз озмуни аввал чӣ бартарияте дошт?
- Озмуни имсола аз озмуни соли гузашта ба куллӣ фарқ дошт. Аввал ин ки соли гузашта 4-номинатсия буд. Имсол бошад мо номинатсияи панҷум, яъне «Шоирӣ»-ро ворид кардаем. Баъдан номинатсияҳо ба се гурўҳ - миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидои, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) ҷудо ва теъдоди ҷойҳои якуму дуюму сеюм зиёд гардид. Хушбахтии кор дар он аст, ки имсол хурдтарин иштирокчӣ панҷсола ва бузургсолтарин довталаб 70 сол дошт, ки ин боиси сарафрозист.
Бо вуҷуди реҷаи сахти корӣ ман дар ҳар як номинатсия даромада бевосита мехостам баромадкунандагонро аз наздик бубинам. Тӯли ин муддат ошиқони воқеии китобро дидам
Устоди муҳтарам, ташаккур барои сўҳбати пурмуҳтаво!
Мусоҳиб Руқия Гадоалиева