октября 2019

Форуми байналмилалӣ оид ба масоили маъюбӣ дар Китобхонаи миллӣ

 Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ оид ба масоили маъюбӣ баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон  Пратибҳа Меҳта, роҳбари Намояндагии  Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар 

Розиам худ бинам умри кӯтаҳе..

 Аз таваллуди шоири маъруф Махсум Олимӣ 63 сол гузашт ва рӯзи 24-уми октябр ба марги фоҷеабораш 27 сол пур мешавад. Яъне 27 сол аст, ки мо аз ӯ шеъри нав намехонем. Махсум Олимӣ аз зумраи шоирони навнависи кишвар буд, ки ҳар шеъраш аз ҷониби ҳаводорони каломи бадеъ ба хушӣ истиқбол мешуд. Вале дардову дареғо, ки бар асари як фоҷеа бармаҳал аз миёни мо рахти сафар барбаст. Қотилонаш то кунун маълум нестанд. Махсум ҳам аз ҷумлаи ҳамон ҳазорон шаҳиди ҷанги дохилист, ки на иллати куштораш маълум шуд ва на қотилонаш пайдо. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»

Донишмандони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!

 Мардуми шарифи тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, дар хотираи таърихии хеш корномаву қаҳрамонии фарзандони давлатсозу ватандӯст, далеру ғаюр ва фарҳангсолору адабпарварро ҳифз намуда, дар осори хаттиву шифоҳӣ симои барҷаставу

Ширкати Пешвои миллат дар Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»

 Имрӯз, 22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок ва суханронӣ карданд. Дар кори ҳамоиши бошукӯҳи илмӣ аҳли зиёи мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ — иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ 

Раҳнамои маҳфили адабӣ барои китобдорон

 5500 сол қабл аз ин китобҳо дар папи­рус таълиф шудаанд. Соли 1855 лўлакитоби дар папирус навишта­шударо пайдо карданд, ки андозаи дарозиаш 405 см ва бараш 42,5 см буд. Лўлакитоби мазкур дар хусуси сохти шоҳигарии Мисри Қадим Фиравн Рамзиси II ривоят мекунад. Ҳоло ин китоб дар ки­тобхонаи Британияи Кабир (Лондон) маҳфуз аст. Китоби калонҳаҷме ҳаст вазнаш 31 тоннаро ташкил медиҳад ё китоби кўчаке, ки аз сўрохи сўзан мегузарад ва китобе ҳаст, ки матни он бо ресмон дар матоъ навишта шудааст

 Китоб офаридаи инсон аст ва он барои инсонҳои имрўзу фардо таҳия мешавад. Онро ҳар яки мо бояд ҳифзу истифода на­моем ва

Бидон дунё саросар роз бошад...

 Вақте ба чеҳраҳои моломол аз фараҳу шодкомии ин афрод менигаред, аслан намехоҳед бовар кунед, ки онҳо маълуланд. Мисли дигарон табассум ҳамеша гирди лабонашон гул мекунад ва шояд беҳтар аз бисёриҳо зиндадилтару ба зиндагӣ умедвортаранд. Онҳо дилшикаста нестанд, ки аз модар чунин таваллуд шудаанд ва ё бар асари ҳодисае пойи равон аз даст додаанд, чашмашон нобино шудааст, гӯшашон

Тарҷумаи нави боз як ҳикояи Антон ЧЕХОВ ГУРЕЗА

(Ҳикоя)

  Ин як ташрифоти тулонӣ буд. Ибтидо Пашка бо модараш дар зери борон мерафт, гоҳе аз киштзорҳои даравшуда, гоҳ ҳам аз пайраҳаҳои беша гузар намуда, ки баргҳои зард ба мӯзаҳояш мечаспид, то он дам ки субҳ дамид. Сипас ӯ ҳудудан ду соъат дар даҳлези торик мунтазир истод, ки билохира, дарро боз кунанд. Даҳлез гармтару хушктар аз берун буд, вале чун шамол меомад, қатраҳои борон ба ин ҷо низ мепарид. Даҳлез, ки кам-кам пур аз мардум шуд, онгоҳ Пашкаи батангомада рӯяшро ба пӯстини кадом як кас, ки аз он бӯйи тези моҳии шӯр меомад, часпониду ғанаб рафт. Инак ғалақа садо доду дар боз шуд ва Пашкаю модар вориди қабулгоҳ шуданд. Ин ҷо ҳам интизорӣ тул 

Даҳумин нишасти Абонименти байникитобхонавиии кишварҳои узви ИДМ ба анҷом расид

 Дирӯз дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нишасти 10-уми Ҷаласаи Абонименти байникитобхонавиии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони масъул аз кишварҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Узбекистон , Тоҷикистон ҳамчунин, дар реҷаи фосилавӣ кишварҳои Арманистон ва Молдова ширкат намуданд.

Китобҳои тозавуруд: “Истеҳсолоти ҳунармандии Тоҷикистон”

​ Китоби тозанашр, ки ба забони русӣ (“Ремесленное  производство Таджикистана“) нашр шудааст, дар асоси матолиби фавроҳамомадаи мардумшиносӣ, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдоварӣ шудааст.

 Ин китоб дарбаргирандаи ҳама матолибест, ки мардумшиносони институт ҳангоми экспедитсияҳои мардумшиносӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон  тӯли солҳои  2013-2017   гирд овардаанд ва онро Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон чоп кардааст. 

Китобҳои тозавуруд: “Фарҳанги забони тоҷикӣ ва дурнамои фарҳангнигорӣ дар Тоҷикистон”

​ Маҷмўаи мақолаҳо ва матнҳо ба ифтихори 50 - солагии «Фарҳанги забони тоҷикӣ», ки зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст. Муҳаррири китоб академик Носирҷон Салимӣ, мураттибон  Сайфиддин Назарзода ва Шамсиддин Муҳаммадӣ

 Маҷмўа мақолаҳоеро фаро мегирад, ки ба таҳлилу баррасии масъалаҳои мақоми «фарҳанги забони тоҷикӣ»дар ҷомеаи фарҳангии тоҷикон, нақши он дар ташаккули фарҳангнигории тоҷикӣ, ҷойгоҳи он дар пешрафти забону адабиёти тоҷик дар робита ба 50- солагии ин асари муҳим ихтисос ёфтааст.

Маҳфили “Дастони моҳир” ва кенгуру

  Бачаҳо дар маҳфили навбатии “Дастни моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар бораи ҳайвони халтадоре бо номи кенгуру ошно шуданд ва расми онро кашиданду бо истифода аз ашёи конселярӣ онро сохтанд.

 Кенгуру ҳайвони пистондорест, ки барои табиати Тоҷикистон бегона аст. Аммо хонандагон бояд маълумот дар бораи он ҳайвонҳое ҳам дошта 

Адабиётшиноси маъруф Валӣ Самад дар синни 83-солагӣ моро тарк кард

 Валӣ Самад-донишманди маъруф, пажӯҳишгари тавоно ва адабиётшиноси борикназар баъд аз зуҳри дирӯз дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе баъди бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Ҷанозаи марҳум имрӯз ба хок супурда шуд. Валӣ Самад муаллифи 15 рисола ва 350 мақола дойир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбек мебошад. Даргузашти Валӣ Самад бидуни шак як талафоти гароне барои илм ва пажӯҳиши тоҷик аст.

Гӯшаи китоби Индонезия дар Китобхонаи миллӣ кушоиш ёфт

​ Қабл аз зӯҳри имрӯз, 25-уми октябр Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Нур - Султони Қазоқистон) ҷаноби  Раҳмат Прамоноро ба ҳузур пазируфт.

 Баъди суҳбат атрофи ҳамкориҳои мутақобилаи фарҳангӣ, табодули китоб, таҳкими ҳамкориҳо 

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Китобхона

​ Табъу нашр ва роҳандозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамеша дар мадди назари Китобхона қарор дорад, зеро яке аз вазифаҳои Китобхонаи миллӣ ҳамчун китобхонаи марказии ҷумҳурӣ, бо ҷалби мутахассисон, таъмин намудани китобхонаҳои кишвар бо дастурҳои методии китобдорӣ ва адабиёти тозанашр ва инчунин такмили ихтисоси китобдорони ҷумҳурӣ мебошад.

 Дар нуҳ моҳи соли равон китобҳои Д.Н.Логофет “Кишвари беҳуқуқон”, “Дар кўҳу водиҳои 

Маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо ширкати Ҷӯра Ҳошимӣ

 Имрўз дар маҳфили “Дар суҳбати адиб”-и Шуъбаи кўдакон ва наврасони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо адиби кўдакон устод Ҷўра Ҳошимӣ мулоқот баргузор гардид. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар расми ифтитоҳи маҳфил дар бораи роҳи эҷодии адиби шинохта

Ҷонбозӣ ва ҷиноят

 Роҳи асфалтпўш тамом шуду автомобили «Газик» ба роҳи пурчангу хок баромада тақар-туқуркунон чангу хокро ба ҳаво бардошт. Чангу хоки аз қафои мошин ба ҳаво хеста чун гирдбод печутоб хўрда гоҳо аз мошин қафо мемонд ва гоҳо гўё ба он ҳуҷум мекарда бошад, расидан мегирифт ва онро бо абри чанг мепўшонд. Сару рўи мусофири дар машина нишаста аз гарди роҳ пур шуда, вай шахси аз осиё баромадаро мемонд.

 Чанг ба даҳону бинӣ даромада нафаскаширо душвор мекард. Мусофир сулфакунон бо рўймолчааш даҳону биниашро дошта, роҳи чангро гирифтанӣ мешуд ва ба зўр нафас мекашид. Вале чанг ба ҳаво хеста, ба ў маҷоли чашм кушодан намедод. Ҳар замон бо чашмони ба сўзиш 

Китобҳои тозавуруд: “Ҳуқуқ”

  Ин китобча маҷмуи  саволҳо  санҷишӣ – тестӣ  дар асоси  барномаи  таълимӣ аз фанни  ҳуқуқ  барои донишҷуёни   факултетҳои иқтисодии  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон  бо  назардошти  тахассусҳо  ва ривояи  талаботи  ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи  «Стандарти  давлатии таҳсилоти  олли касбӣ» ва нақшаҳои амалкунандаи  таълимӣ  таҳия  шудааст.

 Омўхтани  асосҳои  ҳуқуқии  соҳибкорӣ, таърих  назария ва амалияи он  барои ҳамаи иштирокчиёни  муомилоти иҷтимоӣ  зарур  мебошад. Маҷмуаи  мазкур маҳз  барои  ҳамин  таҳия шудааст, ки нақш ва ҷоий ҳуқуқи соҳибкориро  дар танзими муносибатҳои соҳибкорӣ ва низоми ҳуқуқии кишвар муарифӣ  намояд.

“Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино”

 Дирӯз, 29-уми октябр дар доираи Конфронси илмии “Дастовардҳо ва дурнамои кинои тоҷик”, ки дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги кишвар бахшида ба 90-солагии кинои тоҷик бахшида шуда буд, китоби синамошинос Тилло Некқадамов бо номи “Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино” муаррифӣ шуд. Шариф Комилзод-Директори Пажӯҳишгоҳи ёдшуда зимни суханронии худ аз ин фармудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд кард: 

 «Дар ин росто, кинои тоҷик ба рушди ҷилдӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки    

Олими варзида, фотеҳи майдони ҷанг, ватандўсти асил

​ Солӣ ҷорӣ ба мавлуди профессор Додоҷон Тоҷиев 104 пур шуд, аз даргузашташ 32 сол сипарӣ гардид. Яке аз чеҳраҳои маъруф дар забоншиносии замони Шӯравии Тоҷикистон аст. Муаллифи даҳҳо китобу садҳо мақолаҳои илмиву пажӯҳишист. Шарафи ҳамнишинӣ бо олимони варзидае чун И. И. Зарубин, А. А. Фрейман, Е. Э. Бертельс, И. И. Мешанинов, С. Г. Бархударов доштааст ва аз ликсияву суҳбатҳояшон баҳраҳои комил бардоштааст. Муддати 30 сол сарварии бахши забон дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро ба уҳда доштаву даҳҳо тан худро аз шогирдони ростини профессор Тоҷиев медонанд.