Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Китобхона

 Табъу нашр ва роҳандозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамеша дар мадди назари Китобхона қарор дорад, зеро яке аз вазифаҳои Китобхонаи миллӣ ҳамчун китобхонаи марказии ҷумҳурӣ, бо ҷалби мутахассисон, таъмин намудани китобхонаҳои кишвар бо дастурҳои методии китобдорӣ ва адабиёти тозанашр ва инчунин такмили ихтисоси китобдорони ҷумҳурӣ мебошад.

 Дар нуҳ моҳи соли равон китобҳои Д.Н.Логофет “Кишвари беҳуқуқон”, “Дар кўҳу водиҳои Бухоро” дар ҳаҷми 524 саҳифа, асари А.Вамбери “Саёҳат ба Осиёи Миёна” дар ҳаҷми 556 саҳифаи А4 аз таҳрири ниҳоӣ гузашта, барои нашр омода карда шуданд.

 Дастури “Роҳнамо – намунаи овезаҳо барои китобхонаҳои кишвар”, дастурҳои библиографии “Восеъ – қаҳрамони халқи тоҷик”, “Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2020)” дар ҳаҷми 329 саҳифа, “Адабиёт оид ба Тоҷикистон (2012-2018): феҳристи адабиёт” дар ҳаҷми 260 саҳифа, “Бахшида ба 65-солагии Зулфия Атоӣ: феҳристи адабиёт” дар ҳаҷми 190 саҳифа ва “Абдулҳамид Самад: феҳристи адабиёт” дар ҳаҷми 160 саҳифа ва “Адабиёти нав доир ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019” дар ҳаҷми 55 саҳифа, дастури методии “Созмондиҳии шабҳои адабӣ дар китобхонаҳо” дар ҳаҷми 158 саҳифа ба чоп омода карда шуданд.

  Маркази “Конуни забони тоҷикӣ” ва омўзиши забонҳои хориҷӣ баргардон ва ба нашр омода намудани «Фарҳанги рўзи сухан» - ро идома медиҳад. Таҳрири ниҳоии ҳарфҳои “Дол”, “Зо”, “Р”, “Е”, “У”, “Ҷ”, “Ҳ”, “Ч”, “М”, “Л” ва “Айн” дар ҳаҷми 700 саҳифа ба охир расид. Китоби “Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷилди 2” дар ҳаҷми 300 саҳифа таҳия ва 18 ҷузъи китоби “Аҷоибнома”-и Закариёи Қазвинӣ баргардон карда шуд. Дар курси омўзиши забони англисӣ дар ин давра 35 нафар қабул гардида, ба 20 нафар баъди хатми курси омўзишӣ сертификат дода шуд.