Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути технологияи муосири иттилоотӣ
Нашр шуд 2016-09-02 19:18
Имрӯз бахшида ба “Рӯзи китоб” ва “25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути технологияи муосири иттилоотӣ” баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани муқаддамотии худ ҳамагонро бо ҷашни Китоб ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва барояшон хушбахтию пирўзиро таманно кард.
Сарбиблиографи китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тиббии Тоҷикистон Ҷурабой Раҷабов доир ба истифодаи технологияи иттилоотии муосир дар китобхонаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин суханронӣ кард ва гуфт, ки имрўз пешбурди кори китобхонаҳои Чин аз рўйи технологияи муосир мебошад.
Фирдавс Аминов, сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ доир ба навовариҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нақш ва мақоми технологияи замонавӣ дар пешбурди кори китобхонаҳо суханронӣ кард.
Муовини сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Якуб Бобохонов дар заминаи аҳамияти таъсиси китобхонаи электронӣ суханронӣ карда ва ба кормандон тарзи истифодаи дурусти онро амалан нишон дод.
Тавфиқ Баротов муовини сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ доир ба вазъи ҳуҷҷатҳои электронӣ дар китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард.
Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқони ҷавон ва хонандагони китобхона иштирок намуданд.