Зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ 226 ҳазору 120 нафар хонандагон вориди толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ шуда, 177 ҳазору 570 нусха китоб фармоиш додаанд.
Дар ин муддат ба 2 ҳазору 672 унвонҷӯ кормандони китобхона 2167 китоб пешниҳод кардаанд.
Дар панҷмоҳаи аввали соли 2018 теъодои истифодабарндагони китоб аз ҷумлаи наврасон ва кӯдакон ба 16 ҳазору 619 нафар расида ва онҳо дар маҷмӯъбештар аз 42 ҳазору 770 китоб мутолиа кардаанд.
Чун ҳамеша бештари хонандагони толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ донишҷӯёни макотиби олии кишвар будаанд. Зарфи ин панҷ моҳ вуруди 55 ҳазору 969 нафар донишомӯзон ба қайд гирифта шудааст. Онҳо дар умум 83 ҳазору 63 китоб фармоиш додаанд.
Кормандони Китобхонаи миллӣ дар ин муддат ба 13 ҳазору 261 донишомӯзони риштаҳои мухталифи тиббӣ 11 ҳазору 488 китоб додаанд.
Афзоиши теъдоди хонандагон дар толори хониши электронӣ ба қайд гирифта шудааст.
Зарфи панҷ моҳи соли 2018 теъдоди хонандагони нави Китобхонаи миллӣ 9 ҳазору 440 нафар афзудааст. Ва аксари ин афрод донишҷӯёни макотиби олии кишваранд.
Оморҳо баёнгари онанд, ки шароит ва хизматрасонии хуби Китобхона боис шудааст, ки толорҳои хониш беш аз щар вақти дигар аз хонандагон пур шаванд. Бахсус, дар ин шабурӯзе, ки дар макотиби оливу миёнаи мамлакат донишомӯзон ба имтиҳонҳои давлатӣ омодагӣ мегиранд, шумори онҳо дар толорҳои хониш ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст.
Сайрон Сафарова,
мутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ