САЙРЕ БА ТАЪРИХ
ШЎЪБАИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН аз аввал то имрӯз
Шўъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар сохтори Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон) моҳи августи соли 1969 таъсис ёфт. Номи пурраи он – шўъбаи илмӣ-таҳқиқотии китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва таърихи китоб мебошад ва вазифаҳои он низ бар пояи ҳамин ном муайян шудааст.
Ин замон пояҳои назарияи китобхонашиносии тоҷик бар асоси илми китобдорӣ зуҳур намуда, китоб ба нерўи тавонои пешбарандаи ҷомеъа, ташаккулдиҳандаи тафаккури умумӣ ва фароҳамсози муҳити маънавию ахлоқӣ ва эстетикӣ бадал ёфт. Дар тўли фаъолияти чандинсолаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобу маҷмўа, дастурҳои библиографӣ, методӣ, таҳқиқотӣ, маълумотномаҳо, нишондиҳандаҳо, мақолаҳои илмию оммавии зиёд ба табъ расиданд, ки масоили гуногуни ба китобу китобхона марбутро баррасӣ менамуданд. Акнун ба тақозои айём эҳтиёҷи гурўҳҳои мухталифи хонандагон ба китоб, дигар сарчашмаҳои ахбори илмӣ, бадеӣ, иҷтимоию техникӣ ва ғайра меафзуд ва танзими маводи вобаста ба пешомадҳои соҳа ба масоили ҳалталаби рӯз табдил гардид, ҳама гуна номушаххасию номуайянӣ дар ин самт ба барномаи махсус эҳтиёҷ пайдо кард.
Ташкили шўъбаи илмӣ- таҳқиқотӣ хоса талаботи ба китобшиносӣ доштаи ҷомеъа, даставвал кормандони илмро бароварда месохт. Аз сӯи дигар, дастрасии хонандаи тоҷик гардондани таҷрибаю дастоварди китобхонашиносию библиографияшиносӣ ва таърихи китоби дигар ҷамоҳири собиқ шўравӣ, пеш аз ҳама Китобхонаи марказии Маскав, омўзиши назарияю амалияи ирсолшуда манфиат меоварад. Ба замми ин ҳама таваҷҷӯҳ ба гузаштаи китобдорию китобшиносии миллии тоҷик ва таҳлилу баррасии он тақозои рӯз гардид, шароит фароҳам омад, то ба решаи худ бингарем. Яъне, Китобхонаи асосии Тоҷикистон дигар чун маркази аслии иттилоотии китобшиносӣ бояд мададгори кулли муассисоти илмии ҷумҳурӣ гардад. Албатта, талаботи нав масъулияти бузург ба думбол дошт, аз нигоҳи усули услуби иҷро кори саҳл набуд, кормандони шўъба ин бори гаронро сабурона ба дўш гирифтанд.
Вазифаҳои асосии шўъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ба тариқи зер муайян шуданд:
- Коркарди мустақилонаи мавзўъҳои илмӣ оид ба масъалаҳои умдаи назарияю таърихи умури китобхона, библиографияшиносии миллӣ ва китоби тоҷик;
- Кумак расондан дар равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба шӯъбаҳои вобастаи (функсионалӣ)-и Китобхонаи давлатии Тоҷикистон;
- Мутобиқат ва ҳамкорӣ дар риштаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ бо китобхонаҳои калони ҷумҳурӣ;
- Расондани корҳои маслиҳатию машваратӣ, тарғибу ташвиқи донишҳои китобхонашиносию библиографияшиносӣ. Дар заминаи ин вазоифи аслӣ дигар ҳадафҳо, аз ҷумла корҳои методӣ, ба тартиб даровардани истилоҳоти китобдорӣ, ташкили меҳнат, ширкат дар конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳо ба миён меомаданд.
Фаъолияти се тан ходими аввалини шўъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ (мудир Раҳимҷон Шаропов, китобшиносон Хуррам Раҳимов ва Антонина Ғоибназарова) аз сафари хизматӣ ба Маскав, Тошканд ва Рига шурўъ шуд. Онҳо таҷрибаҳои ҳампешагонро дар ин самт омӯхта, қадамҳои нахустинро бобати таҳқиқи илмии масоили соҳа гузоштанд. Аз ҷумла Р.Шаропов китоби «Давраҳои асосӣ ва қонунияти рушди библиографияи адабии тоҷик» охири соли 1970 ба забони русӣ дар Китобхона ба табъ расонд. Хуррам Раҳимов таърихи тоинқилобии китоби тоҷикро мавриди омӯзиш қарор дод ва як силсила мақолаи илмӣ ба хизмат овард. Антонина Ғоибназарова чанд мақола дар хусуси баъзе масъалаҳои иттилооти техникӣ навишт.
Солҳои минбаъда бо ҷидду ҷаҳди кормандони шўъба маълумотномаи «Китобхонаҳои Тоҷикистон» (1978, мураттиб Л.Козырева), «Китоб ва хониш дар ҳаёти деҳоти Ҳисор» (1978, муаллиф Л.Козырева), «Китобдории Тоҷикистон. Таърихи китоб, матбуот, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ». (1924-1974, нишондиҳандаи библиографӣ, 1980, муаллиф Л.Козырева),«Китобхонашиносӣ, библиография, Таърихи китоби тоҷик», (маҷмӯаи мақолаҳо, 1981), «Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ-50 сола», (маҷмӯаи мақолаҳо, 1983), «Китоб дар равнақи маданияти сотсиалистии Тоҷикистон», (1984, муаллиф Л.Козырева), «Рушди шабакаҳои китобхонаҳои оммавии Тоҷикистон дар марҳалаи ҳозира» (1986, муаллиф Б.Холов), «Проблемаҳои ташкилнамоӣ ва баландгардонии самаранокии хизмати китобхонавӣ ва библиографӣ ба аҳолии Тоҷикистон» (1986, маҷмӯаи мақолаҳо), «Проблемаҳо ва дурнамои таъмини иттилоотӣ-библиографии иқтисод ва маданияти Тоҷикистон» (1989, маҷмӯаи мақолаҳо), «Чӣ тавр дар китобхона таҳқиқоти сотсиологӣ бояд гузаронд:» (1990, дастури методӣ) аз чоп баромаданд.
Танҳо як нигоҳ ба номгӯи китобу маълумотномаю маҷмӯаҳои номбаршуда кофист, ки хулоса кард: ходимони шӯъба теъдоди зиёди матолиби дорои қимати баланди илмӣ ва амалӣ дошта таҳияю нашр сохта, китобхонашиносию библиографияшиносиро чун соҳаи ҷудогонаи илмӣ муаррифӣ намуданд. Онҳо бо дарназардошти талабу эҳтиёҷи хонанда робитаро миёни услубу амалия қавӣ гардонда, пойдевори илмии китобшиносиро гузоштанд. Ин матолиб усулҳо ва роҳҳои гирифтани маълумоти лозимро дар бораи асосҳои китобхонашиносию библиографияшиносӣ муайян намуд.
Самти фаъолияти шӯъба тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳампешагон аз дигар ҷамоҳир, махсусан Китобхонаи давлатии СССР дар амри китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ маҳсуб мегардид. Ходимони шӯъба маводи марбутаро ба тоҷикӣ гардонда, дастраси хонанда менамуданд ва ба ин васила бахшро ба системаи тавонои ахборӣ табдил медоданд. Ҳамзамон онҳо баҳри мукаммалсозии истилоҳоти соҳа ба тоҷикӣ саъй меварзиданд, аз ҷумла дар таҳияи «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти китобдорӣ» (1985) ба мураттибон И.Ҷӯраев ва А.Осимова ҳамкорӣ намуданд.
Ширкати фаъолона дар конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳои илмию маърифатӣҳамеша аз ҳaдaфи кормандони шўъба маҳсуб меёбад. Кормандони шӯъба пайваста паи таҳқиқу тадқиқи масъалаҳои муҳими китобхонашиносию библиографияшиносӣ буданд ва ташвиқу тарғиби онро тариқи васоити ахбори умум аз меҳвари аслии фаъолияти хеш мешуморанд. Р.Шаропов, Л. Козырева, Х.Назаров, С.Трофимов, Н.Тибилова, С. Муҳиддинов, Т.Морозова, Г.Маҳмудова, Б.Аҳмадов, С.Одинаев, Х.Зиеёв, Ҷ.Раҷабов, Г.Шукурова, ки солҳои гуногун дар шӯъба фаъолият доштанд, ки кори онҳоро Ҷ.Валиев, Ё.Назармамадов, П. Қадимова, Г.Ҳомидова, А. Боқиев ва дигарон давом дода, дар матбуоти ҷумҳурӣ-рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Маориф ва маданият», «Адабиёт ва санъат», инчунин нашрияҳои соҳавии умумиитифоқӣ (дар Маскав) – «Советкое библиотековедение», «Библиотекарь», «Библиотечное – поле», «Вестник БАЕ» ва ғайра мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ба табъ расонда, дар амри дастраси умум гардондани дастовардҳои бахши китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии тоҷик, проблемаҳои мавҷудаи соҳа ва роҳҳои ҳалли онҳо, таҷрибаи китобдорони пешқадами ҷумҳурӣ ва ғаӣра талоши лозим ба харҷ медоданд.
Тавре дар боло ишора рафт, мутобиқот ва ҳамкорӣ дар ҷодаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ бо шӯъбаҳои вобастаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар китобхонаҳои калони ҷумҳурӣ аз вазифаи муҳими шӯъба ба шумор меравад. Онҳо дар таҳрир ва тақризнависӣ ба маводу матлаби хусусияти илмию таҳқиқотӣ доштаи таҳиякардаи ходимони шӯъбаҳои марбутаи на танҳо Китобхонаи миллии Ҷумҳурӣ, балки Китобхонаи илмии Академияи Илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявӣ, Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ, Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва китобхонаҳои дигар макотиби олии мамлакат ва ғайра саъйу талош менамуданд. Чунин ҳамкорӣ бо олимони факулта ва кафедраҳои китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамеша пурсамар будааст. Олимони ин боргоҳи маърифатӣ Ислом Ҷӯраев., Абдураҳим Раҳимов, Бозор Холов, Ҷелмат Шерматов, Сафар Сулаймонӣ, Сафар Шоҳсаидов, Шариф Тошев, Гадобек Маҳмудов ва дигарон ҳамвора бо ходимони шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ робитаи зичи эҷодӣ доштанд ва доранд.
Ходимони шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар кори Шӯрои илмӣ ва Шӯрои таҳририяю табъу нашри Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд, баҳри беҳбуди корҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Китобхона ва дигар муассисаҳои маърифатӣ маслиҳату машварати назариявию амалӣ медиҳанд. Гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ дар мавриди назари хонанда ба масоили умдаи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣҳам аз солҳои аввали таъсиси шӯъба ба ҳукми анъана даромад. Масалан, аз оғози фаъолият кормандони шӯъба пурсишномаҳо (анкета) мураттаб сохта, сари масъалаҳои умда афкори хонандаро муайян менамуданд.
Ҳанўз соли 1973 бо ибтикори онҳо дар ноҳияҳои Ҳисор ва Маскав (ҳоло ноҳияи Ҳамадонӣ) таҳқиқоти сотсиологӣ мавриди шавқу ҳаваси зиёиёни деҳот ба китоб гузаронида шуд. Натоиҷи ин таҳқиқот имкон дод, ки китобхонаҳои маҳаллӣ фаъолияти хешро бар асоси талабу дархости хонанда, хусусан аҳли зиёи деҳот ба роҳ андозанд ва ба пешрафт ноил гарданд.
Таҳқиқоти сотсиологӣ бо номи «Хонанда ва китоб» қариб ҳамасола дар пойтахт ва навоҳии ҷумҳурӣ доир мегардид ва барои ҳаматарафа қонеъ намудани талаби хонанда ба китоб мусоидат месохт.
Бо дарназардошти аҳамият ва муҳимияти ин кор соли 1988 назди шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ сектори хадамоти сотсиологӣ таъсис ёфта, барои ходимони алоҳида гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ вазифаи якуминдараҷа гардид.
Соли 1990 масъулини сектори хадамоти сотсиологии шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ дастури методӣ бо номи «Чӣ тавр таҳқиқоти сотсиологӣ дар китобхона мегузарад?» ба табъ расонданд, ки дар он бо мисолу мадраки мушаххас ҳадаф ва роҳҳои гузаронидани чунин таҳқиқот муайян ва нишон дода мешуданд. Ин ҷо таҷрибаи китобдорони дигар ҷумҳурӣ, алалхусус кормандони Китобхонаи марказии Маскав мавриди эътибор қарор мегирифт.
Кормандони шўъбаи илмӣ-таҳқикотӣ кор карду баррасии масоили гуногуни китобхонашиносию библиографияшиносиро аз нигоҳи назариявӣ ба роҳ монда, ҳамзамон ба ҳампешагон аз дигар шӯъбаҳо доимо ёрии амалӣ дареғ намедоштанд. Масалан, ҳанӯз оғози фаъолият (аввали солҳои ҳафтодум) онҳо таҷлили ҳайати фонди маҷаллаҳои дар китобхонаи асосӣ гузошташударо анҷом дода, усулҳои истифодаи онҳоро аз сўи хонандагон муайян сохтанд.
Соли 1975 масъалаи мутамарказонии китобхонаҳо ба миён омад ва чанд филиали Китобхонаи давлатии Ҷумҳурӣ дар пойтахт (аз ҷумла китобхонаи иттиҳодияи нассоҷии Душанбе) ба ихтиёри Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ гузаштанд. Ходимони шӯъба дар мутамарказонии китобхонаҳо ба коллективи китобхонаи шаҳрӣ ҳамаҷониба ёрии амалию назариявӣ расонданд. Ҳамзамон сафарҳои хизматии кормандони шӯъба ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пайваста сурат мегирифтанд ва онҳо ба китобдорони маҳаллӣ бобати беҳбуди кор маслиҳату машварат медоданд ва кӯмаки амалӣ мерасониданд.
Бармеояд, ки кормандони шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ давоми фаъолияти беш аз бистсолаи замони шӯравӣ дар тақвияти китобдории миллии тоҷик саҳми босазо гузоштанд, ба васеъ гардидани майдони китобхонашиносию библиографияшиносӣ мусоидат карданд.
Мутаассифона, соҳибистиқлолии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1991 дар шароити муқобилияту бархурдҳои дохилӣ сурат гирифт ва нобасомониҳо боз чор-панҷ соли минбаъда идома ёфтанд. Бешак, ин ҳама ба ҳаёти тамоми қишрҳои ҷомеъа, аз ҷумла фарҳанг таъсири манфӣ расонд, аз ҷумла Китобхонаи асосии ҷумҳурӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гашт. Вале бовуҷуди душвориҳо аксари кулли кормандони ин боргоҳи маърифат ба пешаи дӯстдоштаи худ содиқ монданд ва ба хотири миллату давлат фаъолияташонро идома доданд. Табиист, ки дар Тоҷикистони мустақил зарурати ба тарзи нав ҳаллу фасл намудани масоили китобшиносӣ пеш омад. Шароити ҷадид вазифаи китобхонаю бахшҳои онро тағйир дод. Аз ҷумла, шӯъбаи илмӣ- таҳқиқотӣ барои фаротар рафтан дар амри баррасии масъалаҳои назариявии китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва таърихи китоб талош меварзид.
Бо тақозои замон самти фаъолияти шӯъба дигар шуда, шакли маслиҳатию машваратӣ бар тавсиявӣ бартарият пайдо намуд, вале таҳлилу ҷамъбасти масъала ҷиддият бештар касб кард. Мусалламан, бо соҳибистиқлолии Тоҷикистон Китобхонаи асосии ҷумҳурӣ боястӣ ботамом чеҳраи миллӣ дошта бошад, аз ин рӯ, масъалаи таҳияи консепсияи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба миён омад. Олимони соҳа Р.Шарофзода., С. Сулаймонӣ., С.Муҳиддинов консепсияҳои алтернативии Китобхонаи миллиро ба хидмат оварданд.
Охирҳои асри ХХ конфронси илмию назариявӣ бо номи «Китобхонаи миллӣ ҳамчун омили ташаккул ва рушди маънавиёти давлати мустақил» доир гардид ва ходимони шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣҳам дар баррасии консепсия ва ҳам баргузории конфронс ҳамаҷониба саҳм гирифтанд. Донишманди соҳа С. Муҳиддинов «Консепсияи инкишофи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ то соли 2010»-ро соли 2001 ба табъ расонд ва кормандони шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ба ӯ дар таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим ҳамдастӣ карданд.
Моҳи апрели соли 2000 конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Китобхонаҳои Тоҷикистон дар арафаи асри XXI» баргузор шуд, шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар гузаронидани он, инчунин нашри муҳтавои маърӯзаҳо дар шакли маҷмӯаи алоҳида ширкати фаъол доштанд. Соли 2000 ходимони шўъба китобномаи шарҳиҳолии «Соҳибназар Ғоибназаров» - яъне аз чеҳраҳои намоёни фарҳангии ҷумҳурӣ, мутахассиси варзидаи соҳаи китобдориро ба табъ расонданд.
«Тақвими фарҳангӣ», ки кормандони шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ солҳои 2002 ва 2003 нашр намуданд, аз лиҳози фарогирии теъдоди ашхоси шинохташудаи ҷумҳурӣ аз нашрияҳои анъанавии қаблан таҳиякардаи китобхона «Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон» фарқ доштанд, муаррифии афроди машҳур низ бо услуби комилан нав сурат гирифт.
Бо ибтикори шӯъба маълумотномаҳои шарҳиҳолию библиографии «Коршиносони Китобхонаи миллӣ» (солҳои 2003, 2006) дастраси хонандагон гардиданд, ки дар онҳо перомуни фаъолияти коршиносони эҷодкори дирӯзу имрӯзи ин боргоҳи маърифат иттилоъи мушаххас дода шуд.
Соли 2003 Китобхонаи миллии Тоҷикистон 70 сола шуд. Шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ба ин муносибат мақолаю хотирот ва андешаҳои олимону адибони шинохташуда, собиқ кормандони китобхона, мутахассисони соҳаро гирд оварда, дар шакли маҷмӯа бо номи «Ганҷинаи фарҳанг» соли 2004 ба хидмати хонанда гузоштанд.
Соли 2006 бахшида ба 2700 солагии шаҳри Кӯлоб феҳристи адабиёт бо номи «Кӯлоби бостонӣ», китобномаи шарҳиҳоли «Талбак Назаров» (2012), «Нурҷонов Низом» (2013), «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои солҳои 2013, 2014, 2015, 2016), «Китобхонаи электронӣ ва дастёбӣ ба он» (2014), «Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути технологияи иттилоотии муосир» (2014), «Танзими ҷашну маросимҳо» (2013) ва дигар маводҳои илмӣ бо заҳмати кормандони шӯъба чоп шуданд.
Кормандони Шўъбаи мазкур дар як қатор семинарҳо бо ҳамкори Маркази такмили ихтисос оиди мавзуӣ «Масоили ҷоринамоии технологияи иттилоотии муосир дар фаъолияти китобхонаҳо», «Имплементатсия меъёрҳои ҳукуқӣ китобдорӣ:ваъзият ва проблемаҳо» (19 август 2014 дар семинарии илмӣ Маркази қонунгузори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ғайра иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қобили қайд аст, ки дар соли 2012-2016 Шўъбаи илмӣ-таҳқиқоти ба 424 нафар бо теъдоди 656 адад маълумоти шифоҳӣ, 53 адад маълумоти хаттӣ ва 54 адад маълумоти электронӣ додаанд. Бо зиёда аз 12 Китобхонаҳои кишварҳои ИДМ ҳамкорӣ доранд.
Кормандони шӯъба дар ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, ки Китобхонаи милли Тоҷикистон мегузаронад, иштироки фаъол намуда, дар ташвиқи дониши китобхонашиносию библиографияшиносӣ, таҳриру тақризнависӣ, тарбияи кадрҳо ва ғайра ҳиссаи босазо мегузоранд.
Ҷамил Валиев,
Сардори шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон