августа 2020

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Авлод Ҳусайнхон

Таҷаллии Деҳлавӣ, мутваттин ба Ёрканд. Мумоилайҳи дар хурдсолӣ ҳамроҳи падари худ дар аҳди Яъқуббачаи ҳокими Кошғар аз ватани аслиаш –Деҳлӣ ба Кошғар ҳиҷрат карда, баъд аз он сафари Ҳиҷоз ва адои ҳаҷ намуда, ба Кошғар баргашта, дар он ҷо дар мавзеи Хаҷаариғ аз музофоти Ёрканд мутаваттин шуда. То авоили инқилоб, ки 1917 мелодӣ аст, барҳаёт ва бо дўстони туркистониаш мукотаба дошт. Ҳоло аз ҳолаташ чизе маълум нест (дар он вақт бояд синнаш аз ҳафтод мутаҷовиз 

Муаррифии китоб: “Пешвои мо”

Дар китоби «Пешвои мо», ки аз ашъори адибони тоҷик меҳрномае дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирд оварда шудааст, сабки назми муосир мушоҳида мешавад.

Каломи муваззани ин китоб садоқатномаи шоирон нисбат ба фидокориҳои бемисли Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Фасоҳату бадеияти калом, парвози баланди андеша, шаклу мазмуни олии баёни воқеиятҳои солҳои гуногун таҷассумгари маърифати иҷтимоиву адабии симои 

Абдусалом Деҳотӣ дар бораи Ҷинайдулло-Маҳдуми Ҳозиқ

Аслаш аз Ҳирот аст ва дар замони амир Ҳайдар (баъд аз соли 1801) ба Бухоро омада, пас аз чанд вақт ба Хуҷанд, ба даргоҳи Умархон рафтааст. Сабаби ин ҳиҷрати Ҳозиқ дар ҳеҷ куҷо қайд нашудааст. Аммо чунон ки шеърҳояш шаҳодат медиҳанд, Ҳозиқ шоири хеле нозуктабъ, ҳассос буд. Одатан шоирон ба зулму ситами беандоза ва ҳаёти разилонаи амир, аҳли дарбори вай ва уламои бухории ҳамонвақта тоб оварда наметавонистанд ва онҳо бинобар ин ки аз муборизаи ошкоро бурдан ба муқобили истибдоди амир оҷиз буданд, ягона чораи «халосии» худро чунин медонистанд, ки аз қаламрави ин амир гурехта ба дарбори амир ё шоҳи дигар паноҳ баранд. Хусусан, он вақтҳо хони Фарғон  – Умархон ба маорифпарварӣ ва адабиётдўстӣ ном 

Сайре дар китобхонаҳои бузурги олам: Китобхонаи миллии Фаронса

Китобхонаи миллии Фаронса дар хиёбони Ришелю минтақаи “Париж ду” воқеъ шудааст. Поягузорони Китобхонаи миллии Фаронса подшоҳони Фаронса мебошанд. Карли V дар солҳои (1360-1380) аввалин китобхонаи салтанатӣ бо дороии ҳазор нусхаи хаттӣ дар яке аз толорҳои сохтмони Лувр  барои худ сохт. Жил Моле дар соли 1373 феҳристе аз нусхаҳои мавҷуд дар китобхонаро таҳия намуд, ки ҳанӯз дастнависи он дар бахши нусхаҳои хаттии китобхона мавҷуд аст. Ҷойнишинони Карли V ба ин 

Бузургдошти Ҳаким Абуалӣ ибни Сино. Як пора аз китоби Сотим Улуғзода “Пири ҳакимони Машриқзамин

​Тоҷикписари  замоне дар деҳи Афшанаи вилояти Бухоро ба дунё омадаро номи ҷовидонӣ ва шўҳрати ҷаҳонӣ насиб гардид. Дар ҳамаи мамлакатҳои мутамаддини олам ҳазорумин соли валодати ўро бо тантана қайд мекунанд. Маросими ёдбуди ў ҷашни илму дониш аст. Абуалӣ ибни Сино даҳ аср пеш дар ҳукмронии тассуботи мазҳабӣ ва эътиқодоти хурофӣ парчами ақл, илм ва ҳикматро барафрошт. Дар шароите, ки ҳаёти инсон назди ҳукумдорон, мустабидон, зўроварони феодалӣ арзише надошт, ў 

Мулоқоти Директори Китобхонаи миллӣ бо Котиби дуюми Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

19 августи соли 2020 Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фаррух Азизовро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилаи судманд баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб бори дигар тамоили худро барои рушди ҳамкории судбахш таъкид 

Китоби нав. Зайнуддин Заҳруддинов. “Ҳосили ҳаёт”

​Муаллифи китоби мазкур Зайнуддин Заҳруддинов, ки ба синни мубораки 80 қадам ниҳодааст, яке аз шахсонест, ки тамоми умри бобаракати хешро ба хидмати мардум бахшидааст ва солҳои тўлонӣ дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ кор карда, саҳми муносиби хешро дар ободонии Мастчоҳи навин гузоштааст.   «Ҳосили ҳаёт» тадриҷан хонандаро бо даврони бачагию ҷавонӣ, илм омўзӣ, фаъолияти корӣ, таърихи зодгоҳ, хонавода, аҷдодони падарию модарии муаллиф бо шаҷараномаҳояшон шинос мекунад. Инчунин навиштаҳои ўро дар бораи устодону шогирдону дўстонаш ва навиштаҳои ононро дар бораи муаллиф дарбар гирифтааст. Зайнуддин Заҳруддинов 18 -

Муаррифии китоб: Эмомалӣ Раҳмон. “Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор”

Дар  таърихи  башар  динҳои зиёде  ба вуҷуд омада, баъзе  мондагор  шудаанд  ва  баъзеи  дигар аз  байн  рафтаанд. Дини  ислом  дар  таърихи тамаддуни  башар ҷойгоҳи  хос  ва  хеле  баланду барҷаста дорад. Ҳанўз аз  таърихи пайдоиши он як аср  сипарӣ нашуда буд, ки дар олами ислом эҳёи  бесобиқаи илмӣ на танҳо дар шаҳрҳои марказии  хилофат, балки  дар музофотҳои  дурдасти  он ба вуқуъ пайваст. Бе ҳеҷ муҳобот гуфтан  мумкин аст, ки эҳёи  фарҳангӣ (чи юнонӣ чи ғайри он) қабл аз Аврупо дар олами ислом ба вуқўъ пайваст. Ин мусулмонон будаанд, ки осори илмию фалсафии юнониро ба забони арабӣ  тарҷума намуда, барои наслҳои баъдӣ  ва барои худи  аврупоиён

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик” Қорӣ Масеҳо Тамҳиди Самарқандӣ

Ибни Муҳаммадсолеҳи ибни Муҳаммадзиё Ҳайрат ибни Муҳаммадзамон ибни Муҳаммадризои Фалғарии Похутист (таваллуд 1310 ҳиҷри). Падару аҷдоди Тамҳид  ҳама шоиру аҳли  адаб, фалғариюласл ва тоҷики  сирфанд.

Ғазал

(Аз рўзномаи «Овози тоҷик», шумораи 10 ) 

То боз намудем чу гулғунча даҳонро, 

Доробнома. Достони шӯрангези қаҳрамонӣ

​Доробнома яке аз куҳантарин достонҳои омиёнаи форс-тоҷик. «Доробнома»-ро ба Абутоҳири Тарсусӣ нисбат медиҳанд. Аз рўи маъхазҳо Абутоҳири Тарсусӣ дар асри 11 зистааст ва достонҳои ў низ ба он замон тааллуқ доранд. Достонҳое чун «Абумуслимнома», «Искандарнома», «Қаҳрамоннома», «Мусайибнома» ва чанд достони дигар низ ба ў нисбат дода мешаванд.

Рўзгори зиндагии Абутоҳири Тарсусӣ ва пайдоиши «Доробнома» дуруст маълум нест. Дар нусхаҳои дастнависи ривояти туркии «Абумуслимнома» гуфта мешавад, ки Абутоҳири Тарсусӣ ин достонро дар ҳузури 

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик” Отаҷон Пайрав Сулаймонии Бухороӣ

Таваллуд – 15 апрели 1899 мелодӣ дар Бухоро. Зиндагониаш низ дар Бухорост. Аз дастхати худи Пайрав, ки ба илтимоси фақир навишта фиристода буд:

Ғазал

Гар ту дар пайванд бошӣ, аз ҷаҳонам бок нест,

Зарра бо хуршед пайвандад, ғаме аз хок нест. 

Аз гирифторони фитрокат сару сомон маҷўй,

Хомаи аҳли ҷунунро нуқтаи идрок нест. 

Моҳҳои гузашта 2416 нафар хонандагони шуъбаи хизматрасонии библиографӣ 3929 китоб дархост кардаанд

Дар моҳҳои сипаригаштаи соли равон шуъбаи хизматрасонии библиографӣ ба 2416 нафар хонандагон хизмат расонида, ба онҳо барои мутолиа 3929 китоб пешниҳод кардааст. Маврид ба зикр аст, ки Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ яке аз сохторҳои асосии   Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта, соли 1938 ташкил ёфтааст. Фонди умумии шуъба айни ҳол 15210 нусха китобро ташкил дода, 9535-нусха китоби гуногун, 4095-нусха маҷалла, солнома ва бюллетенҳо 1580-нусхаро ташкил 

Ҳаргиз аз зан буданам, ёрон, пушаймон нестам...

Эмомалӣ Раҳмон-ин марди олами сиёсат, абармарди таърихи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як суханронӣ ба он таъкид намуд, ки хизмати занон шоистаи он аст, ки исмашон ҳамеша ба забон бурда шавад, на ки соле як бор аз вуҷудашон ёд орем. «Модарону бонувонро на танҳо дар рўзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррўза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландшонро пос 

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Муҳаммадсиддиқ Ҳайрати Бухороӣ

(вафот – 15 рабеъ-ус-сонӣ, шаби душанбеи соли 1320 хиҷрӣ, дар сини 27-солагӣ)

Ғазал ба тариқи мунозара

(аз дасхати худи Ҳайрат)

Эй сарв, бе ибо ба чаман сар кашидаӣ,

Моно, ки сарви қомати ўро надидаӣ. 

“Доробнома”-и Беғамӣ

Доробнома яке аз калонтарин достонҳо дар адабиёти омиёнаи форс-тоҷик. Гузориш ва таълифи Муҳаммад ибни шайх Аҳмад ибни мавлоно Алӣ ибни Ҳоҷӣ Муҳаммад, машҳур ба Беғамӣ. Аз ҷараёни зиндагиву фаъолияти ин достонсаро маълумоте нест. Доробномаро соли 1483 Маҳмуди Дафтархон ном котибе таҳрир кардааст.

Достони Беғамӣ аз «Доробнома»-и Тарсусӣ навтар аст ва шояд асрҳои 14-15 пайдо шуда бошад. Ҳатто 

Намоиши китоб дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-и шаҳри Душанбе имрӯз, 21 августи соли 2020 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китоб баргузор кард. Ин намоиши китоб барои ширкаткунандагони Конферонси ХIХ-ғайринавбатии бахши душанбегии 

Дар бораи шеъри фейсбукии як шоири фейсбукӣ

Шеъри дил ва шоири он

Ман бо Ибодуллоҳи Солеҳ ва шеъри ӯ дар фейсбук шинос шудам. Ба истилоҳи аҳли фейсбук мо дӯстони фейсбукӣ ҳастем. Онҳое, ки аз фейсбук хабар доранд ва аз он истифода мекунанд, шояд ба мушоҳида гирифтагистанд, ки дар ин солу замона фейсбук  ба майдони марказии ба намоиш гузоштани (past) навиштаҷоти фаровоне бо номи шеър бадал шудааст. Онҳое, ки шеъру шеъргуна, ё чизҳои дар 

«Камол дар оинаи тазкираҳо”. Аввалин китоб аз силсилаи камолшиносӣ чоп шуд

Аввалин китоб аз силсилаи камолшиносӣ бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо” дар шаҳри Хуҷанд чоп шуд. Бино навиштаи шоир Исмоил Зарифӣ       китоби мазкур аз 300 саҳифа иборат буда, дар асоси 77 сарчашма таҳия ва нашр гардидааст. Худи ҳамин 77 сарчашмаро дарёфтан ва варақгардон намудану ба хонанда пешниҳод намудани маводи лозимаи он заҳмати сангинест.

Дар арафаи 700-солагии шоир ва файласуфи бузург, ифтихори мо тоҷикистониён Шайх Камоли Хуҷандӣ МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» бо роҳбарии шоир ва олими ҷавон Баҳроми Раҳматзод  чопи  силсилаи китобҳои 

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Муҳаммад Сиддиқхон Ҳашмат Валади Амир Музаффар

 (Аз тазкираи манзумаи Садри Зиё)

То кушодӣ аз камони абрувон пайкони ноз,

 Эътимодам ёфт лағзиш беҳад аз паймони ноз.

 Ҳуши худ дорӣ, мадор аз ман тамаъ, зеро ки дил

 Изтиробе дошт бо худ, шуд кунун ҳайрони ноз.

Оразат моҳест равшан дар шаби торики зулф,

Шараф бодо муаллим, арҷмандӣ...

Ҳар қадар китоби зиндагӣ ва кору пайкори ўро варақ занем, ба ҳамон андоза корҳои неки анҷомдодааш намоёнтар мешаванд. Тайи солҳои фаъолияти илмию омӯзгориаш  садҳо шогирдонро тарбия намудааст, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият намуда, шарафи касби китобдориро баланд мебардоранд. Омӯзгорони ҷавон – Сайзароб Надиров, Нилуфар Равшанова, Ситора Абдумуминзода, Наботов  Шариф,  Эраҷ Исмоилов ва муаллифи ин сатрҳо  шогирдони устод будаимрӯз дар донишкада дар паҳлўи

Махзани маърифат

Ва  ин  осори  пур  аз  ҳикмату   андарзу  пур  аз  дурри  маъонӣ  «Калила  ва  Димна»  ном  дорад. Ва ҳар касе, ки аз мутолиаи   ин  китоб  ва ҷавҳари  ҳикматҳои он  бархўрдор  аст,  намиранда  аст, ҷовидонист. Ривоят  мекунанд, ки Барзуя бо машаққати зиёд ва ҳилаву найранг ба китобхонаи шўҳратёри Ҳинд ворид шуда, онро солиёни дароз дастнавис ва кўчонда ба  сарзаминаш оварда аст. Сониян ҳамин  китоби 

Пахта дар маҳфили “Дастони моҳир”

Дар остонаи ғунучини ҳосили пахта Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар маҳфили “Дастони моҳир” ҳамин мавзӯъро мавриди баррасӣ қарор дод ва аз хонандагон дархост шуд пахта, саҳрои пахтаро наққошӣ кунанд ва ё бо истифода аз маводи конселярӣ бисозанд. Вале чун анъана дар аввал роҷеъ ба пахта, таърихи пайдоиш ва аҳамияти он барои одамон суолу ҷавоб сурат гирифт. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин рустании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб 

Ифтитоҳи давраи омӯзишии такмили ихтисос барои мутахассисони Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Имрӯз, 25-уми август бо иштирок ва суханронии директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода, муовини директор Гадобек Маҳмудов курси такмили ихтисос барои мутахассисони  навомўзи Китобхона аз рўйи барномаи  “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ” дар ҳаҷми 36 соат ифтитоҳ гардид. Директори 

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Сайид Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшанӣ (Ўротеппагӣ) ибни Сайид Маҳмудхони Назмӣ

(таваллуди Ҷавҳарӣ-1289)

Аз дастхатти Ҷавҳарӣ

Ғазал

Субҳ чокест зи ҷайби дили савдоии мо,

Шом гарде зи тани бодияпаймоии мо.

Хоб ороми бурунтоз шуд аз дидаи дил, 

Медали «Сергей Есенин»-и Россия ба шоири тоҷик Карим Ҳайдар

Раёсати Иттифоқи нависандагони Россия шоири тоҷик, мудири бахши русии Идораи барномаҳои иттилоотии шабакаи давлатии телевизиони «Тоҷикистон» Карим Ҳайдарро бо медали «Сергей Есенин» сарфароз гардонид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Мукофот аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Россия ба ифтихори 125-солагии зодрӯзи Сергей Есенин тибқи Қонуни федералӣ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» таъсис дода шуда, ҷоизаи давлатиест, ки ба шоирону нависандагон 

Марде дар симои бузургон. Зодрӯзи маэстро Марат Орифов. Ёдаш ба хайр

Ҳангоми тамошо хушдоманам Маратро дар нақши дуюм нашинохта, иброз карданд, «ин босмачиҳо дар ҳақиқат душманони хунхори миллат буданд. Дидед, намояндааш чӣ гуна андоми хасмона дорад? Аз куҷо ёфтед ин афти хунукро?” Ҳама хандиданд ва Марат хам шуда ба гўши модараш офарандаро муаррифӣ мекунад.Тўҳфа – хонум «Эй вой, аз дасти босмачиҳо писари худама нашинохтаме» - 

Чаро миллат бояд китобхон бошад?

Ҷавҳари асосии ҳарф, калима, ибораю ҷумла билохира илм, дониш, хониш, савод китоб ба ҳисоб меравад. Китоб ин дўсти вафодор ва боғи пур аз меваҳои маърифату маданият, ахлоқу фаросат барои ҳар инсони китобдўст мебошад. Зеро ҳангоме онро варақгардон менамоем ҳама он ишораҳои болоро аз он зуд дармеёбем. Бинобар ин, аз қадимулайём бузургон дар васфу фазилати китобу китобдорӣ, таъсири он ба ҷамъият ва умуман хусусияти китоб баён намудаанд, ки то имрўз  мегўянду қадрашро пос медоранд. Бале, китобро сарчашма ва манбаи асосии илм бигўем ҳам хато намекунем. Ҳангоме бо ягон шахсиятҳои барҷаста ҳамсўҳбат мегардед, 

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”Аҳмадҷон – Маҳдум Ҳамдии Бухороӣ

( Таваллуд – дар соли 1292 ҳиҷрӣ, алъон дар қайди ҳаёт аст)

Эй меҳрлиқои моҳпайкар,

Эй сарви сиҳиқади суманбар

Эй ғайрати маҳвашони Фархор,

Эй рашки паривашони Қашқар, 

Ин миллат бо китоб зинда аст

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳар давру замон китобхонаҳо вуҷуд дошта, барои рушди зеҳнии башарият хидматҳои шоиста низ кардаанд. Маъхазҳои таърихӣ ва сарчашмаҳо мавҷудияти китобхонаҳоро дар асрҳои қадим ҳам тайид кардаанд. Вале ба тарзи оммавӣ қарор гирифтани китобхонаҳо ба замони Сосониён ва Сомониён рабт дода мешавад, ки китобхонаҳои азими оммавӣ ва намунаҳои авали 

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои 

Нақши оила ва мактаб дар ташаккули кӯдак

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд “…Таълиму тарбияи дурусти фарзанд аз оила оғоз мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳар қадар, ки волидайн дар муҳити оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, ҳамон қадар раванди донишандӯзӣ ва одобу ахлоқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ бидуни мушкилот ҷараён мегирад”. 

Рафти дарс дар Маркази такмили ихтисос

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи навини мамлакат, аз ҷумла соҳаи китобдорӣ ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид. Дар Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” курси такмили ихтисос барои мутахассисони навомўз аз 

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Илич Нурова

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Илич Нурова агар зинда мебуд, имсол 95-сола мешуд. 16 сол пеш бар асари беморӣ аз олам даргузашт. Шахсияте буд нотакрор, инсони шариф, содиқ ба ғояҳои коммунистӣ ва яке аз муборизон дар роҳи тантанаи адолат. Як бахши ҳаёти ӯ дар корхонаи нонпазии шаҳри Душанбе гузаштаву сарварии назоратчиёни халқиро ҳам ба уҳда дошт. Ин гурӯҳ он замон миёни мардум маҳбубияти хоса дошт, чун бе ягон тобеъият ба роҳбарияти корхона рейдҳо мегузаронд ва дуздону ҳаннотонро боздошт мекард. Нурова Илич  дар деҳаи Курговати ноҳияи Калъаихум 17 августи соли 1925 таваллуд  шудааст. Вай нонпаз, пешқадами истеҳсолот, яке аз 

 

Як рӯзи назофату покӣ дар Китобхонаи миллӣ

Шанбеи гузашта дар Китобхонаи миллӣ рӯзи назофату покӣ буд. Аз  сари субҳ кормандон  атрофи биноро тоза карданд, ҷӯйборҳои сабзазори ҳотаи китобхонаро аз хасрӯбаву баргҳои хазон тоза намуданд, алафҳои хушкидаро берун оварданд.

Бехи гулҳои сабзро нарм карданд, қисматҳои хазонрасидаи онҳоро тоза карданд.

Ҳамчунин дохили бино ва утоқҳои кориро низ

361 сол пеш, 30 август донишманди маъруфи Ҳинд, шоҳзода ва подшоҳи ин кишвар Дорошукўҳ ба қатл расида буд

361 сол пеш аз, дақиқан рӯзи 30 августи соли шоир, насрнавис, мутарҷим, донишманд ва подшоҳи Ҳиндустон, писари бузурги Шоҳҷаҳон Дорошукўҳ ба қатл расид. Дар китобҳои «Сафинату – л – авлиё» ва «Сакинату – л – авлиё» Дорошукўҳ оид ба таърихи ислому тасаввуф, интишори ҷараёнҳои гуногуни тасаввуфӣ дар Ҳиндустон, намояндагони онҳо ва асосҳои фалсафии силсилаи қодирия маълумот додааст. Дар ин асарҳо дар бораи зиндагиву осори бисёре аз шоирону донишмандони форсизабони Ҳиндустон, ки ба ҷараёнҳои тасаввуфӣ гаравида буданд, ахбори муҳим дарҷ гардидааст. Дар асарҳои «Ҳасаноту – л – орифин», «Тариқату – л – ҳақиқат», «Рисолаи ҳақнамо»,