Чаро миллат бояд китобхон бошад?
Ҷавҳари асосии ҳарф, калима, ибораю ҷумла билохира илм, дониш, хониш, савод китоб ба ҳисоб меравад. Китоб ин дўсти вафодор ва боғи пур аз меваҳои маърифату маданият, ахлоқу фаросат барои ҳар инсони китобдўст мебошад. Зеро ҳангоме онро варақгардон менамоем ҳама он ишораҳои болоро аз он зуд дармеёбем. Бинобар ин, аз қадимулайём бузургон дар васфу фазилати китобу китобдорӣ, таъсири он ба ҷамъият ва умуман хусусияти китоб баён намудаанд, ки то имрўз мегўянду қадрашро пос медоранд. Бале, китобро сарчашма ва манбаи асосии илм бигўем ҳам хато намекунем. Ҳангоме бо ягон шахсиятҳои барҷаста ҳамсўҳбат мегардед, аввалсуханашон манша мегирад аз китобу китобхонӣ. Ин гувоҳи онро дорад, ки миллати тоҷик доимо дўстдори китоб мебошанд. Вақте шахс рўй ба китобхонӣ меорад, тасаввур кунед, ки ў аз он чи қадар лаззат мебарад. Янеъ китобро дўст доштану онро ҳамеша гирифта мутолиа кардан барои инсон як дунёи дигареро воменамояд, ки қалби касро шод мегардонаду нутқро, саводнокиро ва донишро зиёд мегардонад. Хусусияти дигари китоб он аст, ки аз хондани он фонди луғавии кас пур мегардад ва шахс метавонад дар мавзўҳои гуногун бе ягон душворӣ ибрози андеша намояд.
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст.
Дар замони имрўза, ки асри илму техника ва тараққиёт ба шумор меравад, бисёр таҷҳизотҳои техникие аз қабили интернету телефонҳои мобилӣ, компютеру планшетҳо ва монанди инҳо барин асбобҳои зиёде баромадааст, ки аксарияти мардумро, алалхусус наврасону ҷавононро аз китобҳои коғазин дур намудааст. Имрўзҳо бисёр дар кўчаю роҳравҳо боғҳою дигар ҷойҳои истироҳатӣ ба мушоҳида мерасад, ки қариб қисми зиёди ҷавонони мо майлу рағбат ба бозиҳои хусусияти фаҳшу бераҳмӣ, қатлу зўроваридошта, ки ба психалогияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад ва дигар барномаҳои нолозими компютерию телефонӣ доранд ва дар ягон гўшаи хаёлашон фикри вақт ҷудо кардану ҷойе нишаста ба мутолиаи китоб машғул шудан нест. Ҳатто лаҳзаҳое шудаанд, ки дар боби чунин муносибат доштани онҳо пурсон мешудем, ки аз кори беҳуда кардан, рафта китобҳои шавқовар гирифта хонанд, то чизе барои худ гиранд. Аммо дар посухи зиёде аз наврасону ҷавонон мешунидем, ки бархе аз онҳо китобро моли бобоӣ дониста ба чизҳои муосир монанди таҷҳизотҳои дар боло ишора намуда майл доштаанд. Лекин мо муқобили ин гуна фикрронии онҳо ҳастем. Зеро дар ягон замон ҷойи китоби чопиро чизи дигаре гирифта наметавонад. Яке аз хусусияти хуби китобҳои чопӣ он аст, ки ба чашму дигар узвҳои бадани инсон зарар надорад, барои он истифодаи қувваи барқ лозим нест. Дар даст гирифта ҳар куҷое бошем, бе малол мутолиа менамоем.
Барои он ки фарзандони мо, янеъ насли наврас аз хурдсолӣ ба хондани китоб шавқу ҳавас пайдо кунанд, дар хонаҳои худ ҷойи хурде ҳам бошад, махсус китобхонае дошта бошем. То ҳамон кўдак ҳар замоне ки аз назди он гузар намояд. Бе ягон гуфтугў худ майли китоб намояд. Дар ин маврид волидонро зарур аст, ки аз хурдӣ дар дили фарзанди хеш меҳри китобу китобхониро афзун намоянд, то ҳангоме ки тифл ба мактаб равад аз хондани китоб саркашӣ накунад. Бинобар ин мисли падару модараш бояд, ки китобро дўст бидорад, то фардо ба қадри ин неъмати бебаҳо расида тавонанд. На ин ки баръакс аз хондани китоб нафрат пайдо карда, варақҳову саҳифаҳои онро бераҳмона даронда, ба рўйяш хатҳо кашида, ҳоли китобро бад кунад.
Агар мо хоҳем оянда ҷавонон нисбат ба китобу китобхонӣ меҳри беандозае дошта бошанд, муаллимонро зарур аст, то дар боби ҳамаи фанҳо барои толибилмон адабиётҳои гуногун тавсия диҳанд. Пас аз чунин муносибат метавон гуфт, ки хонанда хоҳу нохоҳ ба хондани китоб шурўъ мекунад ва агар толибае бошад, ки умуман дар фикраш майли мутолиаи китоб набошад, вале дар таассуб ба ҳамсабақи худ метавонад аз пайи ҷустуҷўйи китоб гардад.
Бинобар ин, боз ҳам ёдовар мешавем, ки китоб сарчашмаи илм мебошад. Аз ин рў, китобро дўст доштану онро хондан на танҳо вазифаи хурдсолон аст, инчунин калонсолон низ вазифадоранд ҳар як саҳифаи китобро муқаддас дониставу мавриди хониш қарор диҳанд. Чунки дар баробари хурдсолон калонсолоне низ ҳастанд, ки ба қавле аз мактаби инсондўстиву маданиятомўзӣ то ҳол нагузаштаанд. Зеро бисёртар дар нақлиётҳо, бозорҳо ва хуллас дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ чунон гапҳое мезананд, ки ба ақли инсони комил рост намеояд. Ин гуна гуфтор аз он шаҳодат медиҳад, ки чунин афрод аз хурдӣ ба китобхондан кам таваҷҷўҳ кардаанд. Аз ин хотир гап сари он намеравад, ки то кай олиму адиб бошеду пас китоб хонед, балқи барои ҳама қишри ҷомеа хондани китоб ва дўст доштани он ҳатмист. Чунки баъд аз китоб хондани шахс муносибату муошират ва хушгўйиву некгуфториро ба хубӣ меомўзад, ки ин ҳам байни ёру дўстон обрўю эътиборашро боло мекунад. Ҳамин чиз сабаб мешавад, ки дар оила агар зан ва ё фарзандон ва баръакс шавҳар ё каси дигар мактабро пурра нахонда бошад, аз хушмуомилагию хубгуфтории яке аз аъзоҳои хонадон ибрат мегираду меомўзад.
Хоҳем, дар ҷомеа мавқею мақоми хоси худро гум насозем, обрўю шаъну шарафи махсус дошта бошем, меҳри китоб хонданро аз худ дур накунем. Зеро маҳз китоб аст, ки инсонро бомаърифату маданият, хуштарбияву хушахлоқ ва доною закӣ мегардонад. Китоб дар ҳаёти башарият дўсти боадлу инсоф аст, масалан барои он вақт ҷудо намудану онро гирифта хонем, ҳеҷ гоҳ моро хор шудан намемонад ва ҳар чизе дар худ ниҳон дорад, ба мо дода метавонад. Яъне:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ў ба гўшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
РУХШОНА Каримова,
Сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.