Шанбеи гузашта дар Китобхонаи миллӣ рӯзи назофату покӣ буд. Аз сари субҳ кормандон атрофи биноро тоза карданд, ҷӯйборҳои сабзазори ҳотаи китобхонаро аз хасрӯбаву баргҳои хазон тоза намуданд, алафҳои хушкидаро берун оварданд.
Бехи гулҳои сабзро нарм карданд, қисматҳои хазонрасидаи онҳоро тоза карданд.
Ҳамчунин дохили бино ва утоқҳои кориро низ тоза карданд.
Аз баландиҳо зерро бо оби як фаввораи азим шустанд то чангу хоке, ки тӯли тобистон дар дару девору тирезаҳо нишаст буд, пок шавад.
Рӯзе буд рӯзи покиву назофат, рӯзи тозагӣ ва поккорӣ, ки қариб ҳар ҳафта чун анъана баргузор мешавад.
Расмҳо аз Хусрави Милод