Нақши оила ва мактаб дар ташаккули кӯдак
Нашр шуд 2020-08-28 16:53
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд “…Таълиму тарбияи дурусти фарзанд аз оила оғоз мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳар қадар, ки волидайн дар муҳити оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, ҳамон қадар раванди донишандӯзӣ ва одобу ахлоқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ бидуни мушкилот ҷараён мегирад”.
Нақши оила:
Адабу одоб, рафтору гуфтор ва хислати кӯдак дар натиҷаи муносибатҳои оилавӣ шакл гирифта, заминаи таълиму тарбияи дуруст ва самарабахши ӯ дар оила гузошта мешавад, яъне ба ташаккули ақлонию равонӣ ва ҷисмонии кӯдак пеш аз ҳама муносиботи оилавӣ ва муҳити атроф таъсири муассир мегузорад.
Нақши мактаб ва омӯзгор дар рушди зехнии кудакону наврасон:
Парвариш ва ташаккули шахсиятҳои босаводу соҳибмаърифат вазифаи асосӣ ва муҳимтарини мактабу маориф ба шумор меравад, яъне мактаб яке аз маконҳои муҳимтарини иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар таълиму тарбияи наслҳо нақши асосиро мебозад. Аз ин рӯ, сатҳи таълиму тарбия дар мактаб дараҷаи рушди ояндаи ҷамъиятро муайян месозад.
Дар ҳама давру замон одамон ба таълиму тарбия арзиши баландро қоил будаву ҳастанд. Тағйиротҳои куллие, ки имрӯз ҷаҳонро фарогир аст, моро водор менамоянд, ки доир ба ояндаи давлату миллат ва ҷавонони он андешем то онҳо худшиносу худогоҳ бошанд, арзишу дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли худро гиромӣ доранд, шукронаи сарзамини маҳбубамонро ба ҷо оранд ва барои ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон омода бошанд. Имрӯз ҷамъият ба мутахассисони соҳибмаълумоте, ки натанҳо дониш дошта бошанд, балки дорои ахлоқи ҳамида ва сифатҳои олии инсонӣ бошанд, ниёз дорад.
Дар ҷаҳони муосир ба ақл, ба ҳиссиёти ноустувор ва ба ахлоқи нав ташаккулёфтаистодаи кӯдак манбаъҳои гуногун ҳам таъсири мусбӣ ва ҳам таъсири манфӣ мерасонанд. Дар навбати худ маориф дараҷаи баланди таълими ахлоқиро кафолат намедиҳад, зеро ботарбиягӣ сифати шахс буда, рафтори инсонро ба дигар одамон дар асоси эҳтиром ба ҳар одам, муайян менамояд. Андӯхтани донишҳои ахлоқӣ ба кӯдак натанҳо дар бораи қоидаҳои рафтор, ки дар ҷамъият устувор шудаанд, маълумот медиҳанд, балки доир ба натиҷа ва пешомади вайрон намудани қоидаҳои ахлоқу одоб тасаввурот ҳосил менамоянд.
Мактаб барои кӯдакон маркази асосӣ ва ягонаи таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, дар он нақши омӯзгор хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Омӯзгор тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, ки арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро ба шогирди худ омузонад.
Омӯзгор аз имконияти таъсири педагогӣ расонидан ба тарбиятгиранда бархурдор буда, дар фаъолияти худ ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад. Таълиму тарбия ва рафти кори касбии омӯзгор дар баробари додани донишҳои нав самтҳои зеринро фаро мегирад: зебоипарастӣ, ватандустӣ, одоб, омӯзиши анъанаҳо ва ҳимояи саломатӣ.Албатта, ин кор хеле мушкил аст, зеро дар замони муосир арзишҳои педагогӣ бо вазъияти умумии инкишофи кӯдак бархурд дошта, боиси ба вуҷуд омадани як қатор тазодҳо дар муносибати омӯзгор ва хонанда шудаанд. Аз ин рӯ, амалӣ намудани мақсаду мароми мактабу омӯзгор заҳмати зиёдро талаб менамояд.
Ёсуман Муҳаммадинова,
сармутахассиси шуъбаи адабиёти хориҷӣ