февраля 2021

Китоби нав: Муаззамхон Ансорӣ. “Назми Файзулло Ансорӣ дар саҳна”

Китоби мазкурро нашриёти “Ирфон” соли гузашта чоп кардааст ва тавре за номаш пайдост, ба асарҳои саҳнавии Файзулло Ансорӣ ё худ назми саҳнавии адиби маъруф бахшида шудааст. Муаллиф дар муқаддима овардааст: Муҳимияти мавзўе, ки чун тадқиқоти монографӣ интихоб гардидааст, аз чанд ҷиҳат боиси шубҳа шуда наметавонад. Аввалан Файзулло Ансорӣ аз ҷумлаи адибоне мебошад, ки дар навиштани драмаи манзум ва он ҳам дар жанру шакл гуногуни он қаламронӣ карда, дар зуҳур, ташаккул ва равнақи он нақши муассире  гузоштааст. Вай муаллифи драмаҳои манзум буда, аз охири солҳои 50-уми асри гузашта рӯи саҳна омадаву мақбули оммаи тамошобинон гардидаанд ва ҳоло ҳам бештарашон дар театрҳои гуногуни мамлакат ва ҳатто берун аз он намоиш дода мешавад.

МУАРРИФӢ: Пирмаҳмад Нуров. Ганҷинаи вожагони ноби тоҷикӣ

Дар Ганҷина қариб 25 ҳазор вожаҳои ноби тоҷикӣ гирд оварда шудааст. Мақсад аз таҳияи ин мавод муайян кардани захираи вожагони сирф тоҷикӣ дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ дар марҳилаи кунунӣ мебошад. Муаллиф мегяд, зимни таҳияи Ганҷина вожаҳои ноби тоҷикӣ танҳо аз луғатномаву фарҳангҳое гирд оварда шудаанд, ки бо ҳуруфоти кириллик таҳия гардида, дастраси  мо мебошад.

Муаллиф менависад: “Ҳадаф аз таҳияи ин мавод гирдоварӣ  намудани вожаҳои ноби тоҷикӣ, яъне  муайян  кардани  захираи вожагони сирф тоҷикӣ  дар таркиби  луғавии забони тоҷикӣ дар марҳилаи кунунӣ мебошад.Тавре дар боло зикр кардем,  нахуствожаҳои  забони тоҷикиро  вожаҳои паҳлавӣ суғдӣ ва бохтарӣ ташкил медиҳанд. Баъди дар

Доктор Шамсулҳаққи Ориёнфар дар бораи намоиши Нуриддини Ҷаронӣ “Ҳидоят”. Оғози наве дар театри Тоҷикистон

Театр дар Тоҷикистон аз мақом ва тавоноии баланде бар­хурдор аст. Тамоми лаҳзоти як намоиши театрӣ дар Тоҷикистон аз таҳарук ва пўёӣ аст, ба гунае, ки бинанда ҳаргиз наметавонад диққату таваҷҷўҳро баргирад ва ҳат­то дар бисёре аз намоишҳо бинанда то поёни намоиш худ­ро фаромўш мекунад. Дар канори ин театри Тоҷикистон аз он

Чаро Пешвои миллат ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд?

Тамоми доираҳои фикрии ватанӣ ва хориҷӣ борҳо иқрор шудаанд, ки паёмгузориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дорои вижагиҳои ба худ хос мебошад. Махсусан тарзи баёни ба ҳама фаҳмо, аммо аз нуқтаи назари мантиқ илмӣ, таҳлилӣ, натиҷагирӣ ва системавии Паёмҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коршиносону сиёсатмадоронро ба худ ҷалб

Маҳфили “Дастони моҳир” ва посух ба суоли “Кай аскарӣ меравам?

Кӣ кай аскарӣ меравад? Баҳси Рӯзи Артиши миллӣ дар маҳфили “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасон атрофи ҳамин суол баргузор шуд ва хонандагони наврас ҳар кадом талош мекарданд посух диҳанд, ки онҳо кай бояд хизмати аскарӣ кунанд.

Дар ин маҳфил бачаҳо дар бораи Ватан, Модар, Тоҷикистон, Артиши миллӣ, сарбози

Иштироки кормандони КМТ дар аксияи "Дарахти ман"

Бо розигӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар аксия таҳти унвони "Дарахти ман" бо мақсади ҳифзи муҳити зист, ободонӣ ва кабудизоркунӣ мегузарад.  Бо ташаббуси роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳайати кормандон тасмим гирифтаанд, ки дар ин аксия иштирок намуда, саҳми худро дар

Рӯ ба илм. Ғалсама чиро гӯянд?

Ғалсама узви нафаскашии баъзе ҳайвоноти обӣ. Ғалсама девораҳои тунук дорад. Аз хун ё моеъе, ки дар девораҳои ғалсама давр мезананд, гази карбонат (СО) ба об хориҷ ва оксиген (О2) ҷабида мешаванд. Ғалсама дар ҷараёни таҳаввулот бори аввал дар ҳалқакирмҳо пайдо шуда, шакли навори ҳамвор, шонамонанд ё дупарра, инчунин торҳои муқаррарӣ ё шохамонанд дошт. Он дар узвҳои изофии паҳлуии ҳаракат (дар намудҳое, ки озод

Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ, Ғарибии Астарободӣ, Ғарибии Кошонӣ, Ғарбии Хуросонӣ, Ғарибии Ҳиравӣ

Дар ин бахш аз мақолаи худ аз панҷ шоиру донишманде бо тахаллус ё насаби Ғарибӣ ёд мекунем. Аввал Шайх Насриддин Аҳмад Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ, шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 18), ки дар замони Шоҳ Олами II (1759-1806) зиндагӣ ва эҷод кардааст.

Тибқи маълумоти муаллифи тазкираи «Маҷмўаи нағз» Қудратуллоҳ Қосим гузаштагонаш аз аҳли Кашмир будаанд ва Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ марди «қобилу қобилдўст, бо илму ҳаё, ҳовии ақлу киёсат, некхў, кушодарў, хушақида, покмазҳаб, некрўя, суфимашраб» буд. Ба забони форсӣ ва баъзан ба урду шеър мегуфт. Девонашро соли 1769 худаш мураттаб намудааст,  ки фарогири ғазал, тарҷеъбанд,

Дастовардҳои илми китобдорӣ дар Тоҷикистон

Китобхона ва фановарии иттилоот [Матн]: Маҷмўаи мақолаҳо /Мураттиб Ш.З. Сўфиев; муҳаррирон С.Ҳ. Шосаидзода, Ё Бердизода. – Душанбе: Аржанг, 2020. – 436 с.

Пешрафти инсоният ва ҷамъият аз китобу китобхонаҳо нашъунамо меёбад. Китобхона сарманзили умеди ҳамаи одамони пешқадами сайёраи замин мебошад. Нақш ва мақоми

Ғазолии Балхӣ ва Ғазолии Марвазӣ

Амир Ислом, шоир ва табиби форс-тоҷики асри 16 мебошад. Аз авлоди Муҳаммади Ғаззолӣ. Дар Балх улуми мутадовилаи даврро омўхтааст. Аз илмҳои тиб ва ҳикмат огоҳии комил дошт. Назди бузургони давр, ҳокимони кишвар соҳиби обрўву эътибор буд.

Дар васфи яке аз ҳукмронон – Мирзо

​Рӯ ба илм. Ошноӣ бо ғазол. Оё он дар Тоҷикистон ҳам дида мешавад?

Ғазол, ғизол, ҷирон, оҳу ҳайвони ваҳшии ҷуфтсум. Дарозии танаш 93-116 см, баландиаш (то сари дўш) 60-75 см, вазнаш 18-33 кг; модинааш нисбатан хурдтар аст. Ғазоли нарина шохи сиёҳи ҳалқа-ҳалқа (дарозиаш 30 см) дорад. Ғазоли модина бешох аст. Тахтапушт ва паҳлуҳояш зарди хокистарранг, гардан, шикам ва пойҳояш сафед, нўги думаш сиёҳ; рангаш дар фасли сармо равшантар мешавад.

Оҳубарраҳо дар байни «абру» ду холи ҷигарӣ ва аз

Ширкати Китобхонаи миллӣ дар семинар-онлайни байналмилалӣ

Баъд аз зӯҳри рузи 24-уми феврал бо ибтикори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии минтақавии марказӣ ИФЛА/ПАК дар Осиёи Марказӣ дар низоми онлайн баргузор шуд.

Дар семинар Салимов Мариф ва

Услуби созмондиҳии шабҳои адабӣ. Машварат ба китобдорон

Созмондиҳии шабҳои адабӣ дар китобхонаҳо вазифаи асоси кормандони китобхонаҳо ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми шабҳои адабӣ баланд гардонидани сатҳи фарҳангию маърифатӣ ва донишмандўзию иттилоотии хонандагону тарғиби осори адибон мебошад. Маҳфилҳои адабӣ яке аз воситаи муҳими ташфиқу тарғиби адабиёт ба ҳисоб рафта, созмондиҳии онҳо тайёрии ҳамаҷонибаро

Ғамгин, Ғамгини Бадахшӣ, Ғамгини Ҳисорӣ

Ғамгин Мир Абдулмаҷидхони Ҳиравӣ, шоири тоҷики асри 13.  Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш – Ҳирот гирифтааст. То лаҳзаҳои охири ҳаёташ толибилм буд. Ашъораш тасаввуфӣ ва ошиқона мебошад. Соҳибдевон аст.

Ин ғазал аз ўст:

Мард бояд, ки кунад саъй ба ғамхори дил,

Душанбеи шукуфон

Миллати тоҷикро бо тамаддуну фарҳанги бою волояш дар дунё мешиносанд. Халқи тоҷик аз азал, дар давраҳои гуногунӣ таърихӣ ҳамеша ба ободию зебоӣ таваҷҷуҳи хос намуда, дар ҳар шароите мекӯшиданд, макони буду боши худро зебою назаррабо намояд. Ба ин василаи ба ҷаҳониён нишон медоданд, ки фарҳангу тамаддун ва бозсозоии онҳо аз дигарон пеш

Муаррифӣ: “Дар шинохти асп”

Китобе бо ин ном соли гузашта (2020) чоп шуд ва муаллифони он А.Шамсиев ва Б.Файзуллоев мебошанд. Чуноне аз номаш пайдост, китоб дар мавзӯъи аспу асппарварӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст ва ин як навиштаи хеле пурмуҳтавоест, ки ҳам таърихи муҳаббати миллат ба аспро фаро гирифта ва ҳам вазъи имрӯзаи асппарварӣ дар кишварро мавриди пажӯҳиш қарор додааст.

Китоби мазкур армуғонест, ки аввалин маротиба ба забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни факултетҳои зооинженерӣ, байторӣ ва мутахассисони соҳаи чорводорӣ, инчунин барои ҳаводорон ва дӯстдорони соҳаи асппарварӣ пешниҳод мегардад. Хонандагон дар ин китоб имконият меёбанд бо

Ёде аз Леся Украинка. Нишасти фарҳангӣ-оммавӣ бахшида ба 150-солагии адиби маъруфи Украина дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Баъд аз зӯҳри дирӯз бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ – оммавӣ бахшида ба 150 – солагии  гиромидошти нависанда, тарҷумон ва адиби шинохта, Леся Украинка доир гардид.

Дар чорабинии мазкур сафирони кишварҳои

Рӯ ба илм. Чор намуд ғабирои Тоҷикистон, 11 намуд дар олам. Оё инро медонистед?

Ғабиро ҷинси гиёҳҳои яксола. Баргаш думчадор; гулаш майда,  якҷинса. Самараш ғўзаи сердила, сеқирра, бо пулакчаҳои сафед пўшида шудааст. Зиёда аз 11 намуд  ғабиро маълум аст.

Дар Африқои Шимолӣ, минтақаи баҳри Миёназамин, Осиёи Марказӣ ва Ҳиндухитой  вомехўрад.  Дар Тоҷикистон 4 намуди ғабиро месабзад.

Ғабирои яҳудӣ  гиёҳи яксола буда, 7–60 см қад

Девони ашъори Ғабро дар Китобхонаи миллӣ

​Ғабро (Тахаллус; ному насаби аслияш Мирзо Абдулкабир), шоири тоҷики асри 19. Дар Дарвоз ба камол расидааст. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Барои таҳсил ба Бухоро рафта, баъди хатми мадраса чанд муддат дар Қаротегин тўқсабо буд. Бо фармони амир Музаффар ба Чорҷўй  бадарға шудааст. Аз Ғабро девони ашъор иборат аз  1129 байт мерос мондааст, ки зери

Чанд ҳарфе барои донистани ғеша

Ғеша (Carex pachystylis), ран, гиёҳест бисёрсола. Дар шимоли Африқо (Миср), Осиёи Пеш (Афғонистон, Эрон, Ироқ, Исроил, Урдун, Лубнон, Сурия, Туркия), Қафқоз (Арманистон) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мерўяд. Пояаш рости серқирра, 10-30 см қад мекашад. Баргаш борик, аз поя кўтоҳтар; дарозиаш 5-10, дар ҷойҳои сернам 30-40 см. Хўшагулаш саракмонанди бўртоб