Душанбеи шукуфон
Миллати тоҷикро бо тамаддуну фарҳанги бою волояш дар дунё мешиносанд. Халқи тоҷик аз азал, дар давраҳои гуногунӣ таърихӣ ҳамеша ба ободию зебоӣ таваҷҷуҳи хос намуда, дар ҳар шароите мекӯшиданд, макони буду боши худро зебою назаррабо намояд. Ба ин василаи ба ҷаҳониён нишон медоданд, ки фарҳангу тамаддун ва бозсозоии онҳо аз дигарон пеш меистад. Ҳамин заминаи таърихӣ ва гузаштаи пурғановат боис гардид, ки тоҷикон бо ба даст овардани истқлоли хеш бо дилу нияти гарм рӯ ба обдонию созандагӣ оварданд.
Гузашта аз ин, сабаби аслие, ки ҳар фарди тоҷикро барои ободу хуррам намудани ҳар гӯшаи Ватан таҳрик медиҳад, ин ҳубби ватандорист. Имрӯзҳо мо шоҳиди он мегардем, ки дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободонию созандагӣ бо таври назаррас пеш рафта истодааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар чандсолаи наздик бо ҳамин суръат рушд кардани ободониҳо дар кишвар боис мегардад, ки Ватани мо яке аз давлатҳои зеботарин ва пешрафтатарин дар рӯи ҷаҳон хоҳад гардид.
Халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳрҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи оламиён гаштанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст. Душанбе барҳақ меросдори онҳост. Аллакай чанд сол аст, ки шаҳри Душанбе – пойтахти азизи мо, дар ақсои олам чун шаҳри орому бехатар, инсондӯсту меҳмонпарвар, рушдёфтаву тараққикарда, зебову дилкаш шинохта шудааст. Инро на танҳо сокинони пойтахт, балки кулли мардуми кишвар дарк намуданд, ки рӯз аз рӯз таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонон барои тамошо ва дидани Душанбеи азизи мо зиёд шуда истодааст. Ҳамин аст, ки тамоми аҳолии кишвар барои хуррамгардонии Душанбеи дилоро ва ба ин васила муаррифӣ намудани санъати баланди шарҳсозию тамаддунофарӣ саҳми худро дар рушди созандагиҳои пойтхат гузошта истодаанд.
Имрӯзҳо Душанбе – пойтахти азизи мо болотар аз як шаҳри замонавию пешрафта ба як тамошогаҳи дилкаш ва оромкунандаи қалбҳо бадал гаштааст. Дар боғшаҳри мо – Душанбе дар баробари биноҳои баландошёнаю зебо ва роҳҳои обод, гулзору гулгаштҳо ва сайргоҳҳои ҳамешасабз сохта шудаанд, ки хеле назаррабо ва дилкашанд. Тибқи оморҳои расмӣ танҳо соли 2020 як қатор корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва сабзгардонии пойтахти азизамон ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилот ба миқдори 122,9 ҳазор бех дарахту бутта, 13,3 миллион бех гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонда, дар майдони 271,8 ҳазор метри мураббаъ майса кошта шудааст. Баҳри таъмини кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои зимистона ва баҳорӣ дар гармхонаҳо 2,1 миллион дона тухми гулҳои мавсимӣ кошта шудааст.
Ин омор танҳо як қисми хурди корҳои анҷомдода дар пойтахтамон мебошад. Агар васеътар ба бунёдкорию созандагӣ дар Душанбеи азиз назар андозем, маълумамон мегардад, ки сари ҳар қадам як иншооти навсохт, як бинои дар ҳоли нимсохт, шурӯи як сохтмони нав, мумфаршсозии роҳҳо, васеънамоии хиёбонҳо, зебогардонӣ ва рангубори биноҳои зист ҷараён дорад.
Имрӯзҳо ҳар сайёҳу меҳмоне, ки ба Душанбешаҳр ташриф меорад, бардошташ ин аст, ки пойтахти азизи мо воқеан шаҳри гулгулшукуфон ва обод аст. Ва ҳатман меандешад, ки шаҳри Душанбе воқеан шаҳри дилҳо, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии ватани доимбаҳори тоҷикон аст. Хиёбонҳои зебову дилрабо, осорхонаҳои таърихӣ, боғҳҳои таърихию гулгаштҳои назаррабои Душанбеи азизамон, ба ҳар касе, ки дар он сару сайёҳат мекунад, гувоҳ медиҳанд, ки тоҷикон тамаддуни бою ғағӣ ва қадимаю олиии шаҳрсозиро соҳиб мебошанд.
Дар ҳар нуқтаи пойтахти азизамон қариб рӯзе нест, ки шоҳиди як навгонӣ ва як навигарӣ нашавем. Ҳамин аст, ки мо имрӯзҳо Душанберо як шаҳри азими офтобии дорои инфрасохтори рушдёфта дармеёбем.
Ҷои эътироф аст, ки шаҳри Душанбе маҳз пас аз тағйироти кадрӣ дар мақомоти шаҳр ва ҷалби кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавонон дараҷаи олии созандагию рушдро соҳиб гардид. Маҳз дониши васеъи замонавӣ ва диди тозаи раиси ҷавони шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ боис гардид, ки дар як муддати кутоҳ мо шоҳиди бунёди биноҳои баландошёна, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва ободиву гулгулшукуфоӣ ва дигаргуниҳои азим дар шаҳр гардем.
Дар охир ҳаминро бояд таъкид намуд, ки имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти ҳамаи мост, ки дар бари раиси ҷавони пойтхати дилороямон рост истода, Душанбеи азизро боз ҳам зеботару раънотар намоем. Моро зарур аст, ки бо қадри меҳнату заҳмати ободгарони шаҳр бирасему об, фазо, барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон ба ҷон баробар ҳифз намоем ва дар пойтахти дилорои худ чароғи сидқу сафоро фурӯзон нигоҳ дорем.
Шаҳодатхон ДАВЛАТОВА,
мутахассиси шуъбаи кӯдакон
ва наврасони КМТ.