Ёди ёздаҳ адиби маъруф

Дастуре, ки ҳоло мехоҳем муаррифӣ кунем, қисми сеюм аз силсилаи “Адибони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст ва мураттибонаш онро  “тавсияҳои методию библиграфӣ барои китобдорон” номидаанд.
Ин китоб тоза рӯйи чоп омадааст ва аз зиндагинома ва осор адибони шинохтаи кишвар - Абул­қосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Мир­ша­кар, Боқӣ Раҳимзода,

Чопи “Роҳнамои хонанда”

Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо мақсади ҳар чи бештар ошно намудани хонандагон бо шарту шароити Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастури тавсиявиро  бо номи “Роҳнамои хонанда” зери назари доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода аз чоп баровард.
“Роҳнамои хонанда” аъзои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бо таъриху  қоидаҳои узвият дар

Моҳи май теъдоди аъзои нави Китобхонаи миллӣ 774 нафар афзудааст

Шуъбаи хизматрасонӣ ба мўштариёни Китобхонаи миллӣ эълон кард, ки теъдоди хонандагони ин боргоҳи маърифат ба 90234 нафар расидааст.
Танҳо дар моҳи майи соли равон 774 нафар ба узвияти китобхона пазируфта шудаанд.
Ба Китобхонаи миллӣ дар моҳи май аз Донишгоҳи миллӣ 96 нафар ва аз Донишгоҳи тибии пойтахт 85 нафар аъзо шудаанд.
Дар ин моҳ аз ҷумлаи шаҳрвандони хориҷӣ 9 нафар ба узвияти Китобхона пазируфта шудаанд,

Эълони ғолибони мусобиқоти шоҳмот миёни маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

Аминҷон Аброров ва Шаҳроми Нуралӣ ду ғолиби аслии мусобиқоти шоҳмот миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд эълон шуданд. Ва Наврӯз Неъматов барандаи ҷойи сеюм гардид.
Ин мусобиқа субҳи рӯзи гузашта дар Китобхонаи милии Тоҷикистон оғоз шуда буд ва ширкаткунандагон барои дарёфти ҷойҳои муносиб сабқат карданд.
Фотима Ёқубова, мудири шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ гуфт, ки нн зинаи аввали чорабинист ва қарор аст аз соли оянда...

Маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар фазои боз

Дар охирин рӯзи моҳи май, баъд аз зуҳр дар як фазои озоду кушод маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор”-и Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Маҳфиле, ки барои ҳамагон ошност. Маҳфиле, ки солҳост бо талошҳои фазояндаи шоири маъруфи кишвар Хайрандеш ҳамвора баргузор мешавад.
Ин маҳфил як маҳфили шеъру тарона аст, ки бо ширкати васеъи мардум баргузор мешавад. Хайрандеш барои маҳфил ҳамеша макону замони

Оғози мусобиқоти шоҳмот миёни маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

Сар аз субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мусобиқоти шоҳмот миёни нобиноён ва маъюбон оғоз гардид.  Ин зинаи аввали чорабинист ва қарор аст аз соли оянда он ба бозии ҳамасола миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд  табдил ёбад.
Созмондиҳандагонаш мегӯянд ҳадафи аслӣ рушди ин навъи варзиш миёни маъюбон аст.
Ширкаткунандагон аъзои клуби маҷруҳони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳастанд, ки ...

Страницы