Рӯнамои ҷилди аввали китоби тозанашри «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ширкати беш аз 60 нафар донишмандон ва муҳаққиқону фарҳангнигорон баргузор шуд.
Ҷилди аввали “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” бо талоши Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи мардуми тоҷик” нашр шуд ва он барои муаррифии арзишҳои маънавии халқи азизамон нақши муҳим дорад. Ин китоби бисёрҷилда доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо, маросимҳо ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик маълумот дода, хонандаро ба таърихи ташаккули фарҳанги миллиамон шинос менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар бойгониҳои илмию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла институтҳои таҳқиқотии Академияи илмҳо, пажўҳишгоҳҳову донишгоҳҳо, Осорхонаи миллӣ ва дигар
Табиати Тоҷикистон бой ва рангин аст. Дар асоси маълумотҳои навтарин дар таркиби фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13.000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4.500 намуди рустаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Дар экосистемаҳои кўҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст.
Ҳаёт ва рўзгори беш аз 70% аҳолии кишвар аз истифодаи сарватҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некўаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар “Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 267 намуди рустаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба
Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дархости мактаби рақами 46, деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб ба китобхонаи ин мактаб 1600 адад китоб тақдим кардааст. Намояндагони шуъбаҳои такмили адабиёт, маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва маркази такмили истисоси кормандон, ки дар эҳдои китобҳо ширкат доштанд, суханронӣ намуданд.
Дар маросими тақдими китобҳо бештар аз 400 нафар устодону...
Китобест таърихӣ ва ривоятгари як бахш аз таърихи зиндаи кишвар.
Ҳисори Шодмон таърихи қадима дорад ёдгориҳои таърихии он нишонае аз кўҳанбунёдии ўст. Яке аз онҳо маҷмааи ёдгориҳои таърихи Қалъаи Ҳисор аст. Қалъаи Ҳисор ва маҷмўаи ёдгориҳои таърихии он нишонае аз маданияти зиёда аз панҷҳазорсолаи Тоҷикистон буда, яке аз ганҷинаҳои бебаҳои мардуми ориёнаджоди ин сарзамин ба шумор меравад. Ҳисор (маънои луғавияш қалъа, мавзеи атрофаш деворбаста, диж) зиёда аз 40 ҳазор сол инҷониб ҷойи сукунати одамон аст.
Ин сарзамин ҳанўз дар давраҳои Пешдодиёни афсонавӣ ва замони Зардушт бо номи Шумон давлати алоҳидаеро
Чунин ном дошт маҳфили адабиву фарҳангие, ки рӯзе қабл дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, донишҷӯён ва ҳунармандон доир гардад.
Маҳфилоро шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхона буд ва он ба Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг бахшида шуда буд.
Гадобек Маҳмудов, Муовини Директори китобхонаи миллӣ дар сухани
Дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Ҳинд дар Тоҷикистон мулоқоти Взири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо кордори сафорати Ҳинд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рагаван Митхун ва ҳайати иштирокчиён, сардори ансамбли «Раҷастан» ва ансамбли «Ситор» дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Баъд аз анҷоми мулоқот меҳмонон аз Осорхонаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир, инчунин аз толори китобҳои тозанашри Китобхона дидан