Сиккаҳои Ҳисори Шодмон
Нашр шуд 2016-04-22 14:18
Китобест таърихӣ ва ривоятгари як бахш аз таърихи зиндаи кишвар.
Ҳисори Шодмон таърихи қадима дорад ёдгориҳои таърихии он нишонае аз кўҳанбунёдии ўст. Яке аз онҳо маҷмааи ёдгориҳои таърихи Қалъаи Ҳисор аст. Қалъаи Ҳисор ва маҷмўаи ёдгориҳои таърихии он нишонае аз маданияти зиёда аз панҷҳазорсолаи Тоҷикистон буда, яке аз ганҷинаҳои бебаҳои мардуми ориёнаджоди ин сарзамин ба шумор меравад. Ҳисор (маънои луғавияш қалъа, мавзеи атрофаш деворбаста, диж) зиёда аз 40 ҳазор сол инҷониб ҷойи сукунати одамон аст.
Ин сарзамин ҳанўз дар давраҳои Пешдодиёни афсонавӣ ва замони Зардушт бо номи Шумон давлати алоҳидаеро ташкил медодааст. Вожаи Шумон дар қисмати «Занд-Позанд»-и «Авасто» ҳамчун мулк зикр шудааст. Маънои калимаи Шумон дунгии пешонӣ, яъне баландӣ аст.
Бозёфтҳои археологии Теппаи Ғозиён ба охири давраи биринҷӣ ва аввали даврони оҳан тааллуқ доранд, ки дар таърих бо номи «Маданияти Ҳисор» номгузорӣ, эътироф ва маъруф гаштааст. Маданияти Ҳисор бозёфтҳои бисёр мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ( Тутқавул, Кўли Бўлёни Данғара ва ғайраро) дар бар гирифта, мансуби ҳазораҳои VI –III пеш аз мелод мебошад.
Ҳисор ё Шумон ба ҳайати давлатҳои қадимаи афсонавии Пешдодиён (солҳои 3320-993 то мелод) ва дар давраи таърихӣ ба ҳайати давлатҳои муқтадири Ҳахоманишиҳо (солҳои 660-330 то мелод), Селивкидҳо ( солҳои 312-246 то мелод), Ашкониён ( солҳои 171 то мелод – 226 милод), Кўшониён ( солҳои 20-132 то милод), Сосониён ( солҳои 226-652) дохил мешуд.
Мутобиқи ривоятҳои таърихӣ Қалъаи Ҳисор дар даврони Таҳмураси девбанди афсонавии даврони Пешдодиён ( солҳои 3280-993 то милод) дар як вақт бо ихтирои хат бунёд карда шудааст.
Аз ин мавзеъ ҷомҳои бўлўруни суфтаи даврони Кўшониён ёфт шудаанд, ки дар нозукию ҳунари суфтагирии худ нодиртарин бозёфтҳои таърихи қадимаи тоҷикон ба шумор мераванд. Дар асрҳои VII Ҳисор ҳамчун давлати мустақил ва дижи мустаҳкам дар шафати давлатҳои Ҷағониён ва Аҳорун арзи вуҷуд доштааст.
Дар солҳои 709-710 мардуми ин сарзамин дини мубини исломро қабул мекунад ва вожаи Шумон ба арабӣ тарҷума шуда, то асрҳои XVI, бо шакли ибораи Ҳисори Шодмон, баъдтар ҳамчун Ҳисор арзи вуҷуд кардааст. Ҳисори Шодмон як муддат дар ҳайати Давлатҳои Таҳхориёну Саффориён дохил мешуд ва баъди бунёди аввалин давлати мутамаркази Сомониён ҳамчун такягоҳи қисмати шарқӣ ҷанубии он хизмат кардааст.
Чорроҳаи роҳи таърихии Абрешим бо воситаи Шумон ( Ҳисори Шодмон) мегузаштааст. Сайёҳи Чин Сюан Тсзян дар асри VII нигошта, ки хонигарии Шумон аз Ғарб то Шарқ чоррўза, аз ҷануб ба шимол якрўза роҳи сафар ва маркази мулки Шумон дар Қалъаи Ҳисор воқеъ будааст. Ҷуғрофиянигори араб Ал-Муқаддасӣ дар асри Х Шумонро модари шаҳрҳо донистааст. Дар асрҳои минбаъда Ҳисор ҳамчун давлати ниммустақили андозсупоранда ва ҳайати давлати Сомониён дохил мешуд.
Баъди бастани сулҳ соли 948-949 дар Ҳисор давлати Сомониён мавқеи худро дар Шарқ васеъ ва мустаҳкам менамояд. Дар китоб сиккаҳо ва муомилоти пулии ноҳия ва водии Ҳисор дар асри III пеш аз мелод то аввали асри ХХ мавриди пажўҳиш қарор шудааст. Манобеи асосӣ барои анҷом додани таҳқиқот сиккаҳои қадим ва асримиёнагие мебошанд, ки маҳз дар ҳамин водӣ пайдо гардидаанд. Тасвирҳо ва навиштаҷоти сиккаҳо давра ба давра шарҳ дода шуда, барои аёният дар китоб акси зиёди сиккаҳо ҷой дода шудаанд.
Муаллифи ин китоб Давлатхоҷа Довудӣ буда, онро нашриёти “Эр-граф” чоп кардааст.
Китобро метавонед аз Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа кунед.
Таҳияи Ҷамил Валиев