Атфол дар “Дастони моҳир” ҳавопаймо сохтанд

Вазифаи навбатӣ дар маҳфили “Дастони моҳир” сохтани ҳавопаймо буд. Аслан тифлон ба чархболу ҳавопаймо таваҷҷуҳи хоса доранд. Вақте мебинанд, ки оҳане боло меравад ва ҳатто одамону борашонро бо худ мебарад, хеле шояд ба андеша мераванд, ки он чӣ гуна сохта шудааст ва чаро оҳан мисли парранда парвоз мекунад?
Бо дар назардошти ин созмондиҳандагони маҳфил низ аввал аз атфол ин суолро карданд, ки оё онҳо медонанд ҳавопаймо чист ва ба чи кор

Китоби нави Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи Пешвои миллат ба нашр расид

Дар нашриёти "Ирфон"  китоби нави сиёсатшинос,  Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат»:ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии масъала» ба нашр расид.  
Номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Ҳакими Раҳнамо, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, дар муқаддимаи китоби худ навиштааст...

Даргузашти муаллифи "Гули шому саҳар"

Боз аз осмони адаб ситорае канда шуд, боз шоире моро тарк гуфт.
Боз суханваре дунёи фониро ба қасди олами боқӣ бигзошту бирафт.
Устод Бобо Ҳоҷӣ, адиби тозагӯ, ширинкалом дигар миёни мо нес. Оне, ки умре барои атфол навишт, оне, ки талош кард дунёи тифли дар худ дошта бошад, оне, ки гуфту навишту чун кӯдак софу беғаш монд, дигар дар миёни мо нест.
Бобо Ҳоҷӣ замоне аз олам рафт, ки 88 сол дошт. Наздикони марҳум ба хабарнигрон гуфтанд, ки вақтҳои охир бистарӣ буд ва қалбаш бегоҳии

“Марги судхӯр” дар “Фурӯғ” баррасӣ шуд

Барномаи «Фуруғ”-и толори кўдакон ва наврасон ин бор ба мавзуъи устод Садриддин Айнӣ бахшида шуд. Устод Айнӣ аз бузургмардони адабиёти муосири тоҷик аст, ки бо асарҳои мондагор ва талошҳояш барои ҷойгоҳи миллату забони он маъруфият дорад. Таҳиякунандагони ин барнома ин бор хостанд дар бораи ин нобиғаи аср суҳбати дилнишин ва шавқоваре дошта бошанд. Ба баррасии ширкаткунандагон, ки аз мактаб-интернати рақами яки

Ҳамоиши ҷаҳонии Алишери Навоӣ дар шаҳри Кобул оғоз шуд

Ҳамоиши байналмилалии гиромидошти 575-солагии мавлуди Алишери Навоӣ, шоир, мутафаккир ва сиёсатмадори турктабори замони Темуриён имрӯз бо ширкати ҷамъе аз шоирон, олимон, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон, Туркия, Ҳинд ва Покистон дар кохи Раёсати ҷумҳурии Афғонистон ифтитоҳ шуд. Хабаргузориҳо мегӯянд аввалин рӯзи ҳамоиш дар Арки Раёсати ҷумҳурии

Ёде аз устод Айнӣ дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз, 13 -уми апрел, дар толори осорхонаи забони тоҷикии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки ҷамъе аз донишмандон, аҳли адабу фарҳанг ҳамоиши илмии «Солонаи Айнӣ» баргузор шуд. Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илм, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов маърӯзаи муфассале дар бораи устод Айнӣ, осори ӯ ва шахсияти ин донишманди беназир кард. Профессор Маҳмадаминов, ки умре Айниро таҳқиқ намудааст, аз ҷумла гуфт, агар осори боқимондаи устод Айнӣ аз бойгониҳои Федератсияи Русия аз ҷумла, Санкт Петербург, Бухоро, Самарқанд, Тошканд гирдоварӣ карда шаванд, як ганҷинаи бебаҳои мероси фарҳангӣ фароҳам меояд. Ба андешаи профессор Маҳмадаминов осори парешони Садриддин Айнӣ метавонад дар сурати ҷамъоварии комил беш аз 50 ҷилдро

Страницы