июля 2020

Маркази «Тоҷикшиносӣ» – бунёди илмии худшиносии миллӣ

Соли 2007 дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази илмӣ-фарҳангӣ бо номи «Тоҷикшиносӣ» таъсис ёфт ва ин иқдом нахустин кўшише буд дар роҳи ба муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ табдил додани китобхонаи маъруфи кишвар. Марказ аз соли 2007 то инқониб фаъолияти пурсамар дорад ва дар ин муддати кўтоҳ ба ҳайси як маркази фарҳангӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик нақши босазо гузошт.

 

Авасто. Ҷилди аввал

Таърихшинос ва ховаршиноси рус М. М. Дяконов дар таҳқиқоти хеш «Мухтасари таърихи Эрони бостон» дар бораи таҳрифи истилоҳи ориёӣ (ариш) аз сўи нажодпарастон ба хотири манфиатҳои нажодиашон чунин овардааст: «Нажодпарастон бо истифодаи вожаи ориёиҳо дар баёни ба истилоҳ «нажоди олӣ»-и сохта ва бофтаи худ ин истилоҳро таҳриф кардаанд. Аммо донишмандони асил ҳанўз то оғози Ҷанги ҷаҳонии дуввум аз ин шеваи корбурди истилоҳи мазкур худдорӣ ва дар муқобили чунин истифодаи он эътироз менамуданд». Вай дар идома бо истинод аз ду донишманди олмонӣ меафзояд: «Ҳамин тавр, соли 1939 Э. Ҳертсфелд ва А. Кис чунин навиштаанд: 

Хатлон. Раҳнамои гардишгарон ба ду забон: тоҷикӣ ва англисӣ

 Дар иртибот ба мавзеҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳнамо барои сайёҳон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба нашр расидааст, ки ҳамакнун ба Китобхонаи миллӣ расид. Дар роҳнамои мазкур бо тартиби муайян  дар бораи  ба ҳар як шаҳру ноҳия, таърих, мавзеҳои ҷолиби сайёҳӣ, инфрасохтори хизматрасонӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, вижагиҳои минтақа  маълумоти фишурдае оварда шудааст, ки бешубҳа барои ҳар як сайёҳи дохилу хориҷ ҳазорҳо розро бозгӯ ва сайёҳати онҳрор ҷолибу осон месозад.

“Зайну-л-ахбор”-и Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ

Китоби XIII-умин аз сислислаи “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун” “Зайну-л-ахбор”-и Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ буд, ки соли 2014 мунташир шуд.  Китоб ба хатти кирилӣ аз ҷониби донишманди тоҷик Қодири Рустам дар асоси матни «Зайну-л-ахбор» ба иҳтимоми дуктур Раҳим Ризозода Малик, чопи Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, Теҳрон, 1387 баргардон шуд.

«Зайну-л-ахбор» танҳо китобест, ки аз Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ боқӣ мондааст. Ин ки Гардезӣ китоби дигаре таълиф карда ё не, маълум нест. Муҳаққиқон аз баъзе қаринаҳо ба натиҷа расидаанд, ки ин китоб дар васати асри XI мелодӣ, 

Мероси хатии бостон. Китобе дигар аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун

 Қадру қиммати осори бостонии хаттӣ, археологӣ, кишоварзӣ, меъморӣ ва тамоми гунаҳои дигари  тамаддуни ориёӣ, ки моли пешгузаштагони номовари мо мебошанд, дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ мусаллам ва мўътабар аст. Бо таваҷҷўҳ ба ин матлаб Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маъхазҳои дасти аввали таърихиву адабиро, ки аз аҳди бостон ба забонҳои гуногун ба ёдгор мондааст, ҷамъовариву тадвин намояд ва ба ихтиёри хонандагони гиромӣ гузорад. Дар ин замина тарҷумаи китоби муқаддаси Авасто ба нашр расонида шуд. Осори арзишманде, ки муҳтавои ин ҷилд ва ҷилди ояндаро фароҳам овардаанд, маҷмуаи нисбатан мукаммали ёдгориҳои хаттии ниёгони мо

Таърихи Байҳақӣ. Китоби дигар аз силсилаи Тоҷнома

Ангезаи рушди ин таърихнигориро баъзе муҳаққиқон дастуроти Қуръон ва суннат дар амри фарогирии улум ва мероси гузашта ба манзури пандпазирӣ ва ибратомўзӣ медонанд. Бештари осори таърихии садаҳои аввали исломӣ «ахбор» номида мешуданд, вале бо ин ҳол тавонистанд дар миёни арабҳо навъе шуури таърихиро падид оваранд. Бо густариши ислом ба хориҷ аз сарзамини Арабистон дар сарзаминҳое, ки собиқаи тулонии нигориши таърихро доштанд (Эрон, Рум, Ҳинд), ин илм бистари муносибро барои тараққиву такомул пайдо кард.

 

Таърихи Систон

 Китоби «Таърихи Систон» аз зумраи куҳантарин осори таърихӣ чун тарљумаи «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Ҳудуд-ул-олам мин ал-Машриқ илал Мағриб»-и муаллифи номаълум, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ва амсоли онҳо ба шумор меравад, ки ба забони форсӣ таълиф гардидаанд. Дар масъалаи ном ва муаллиф ё саҳеҳтар муаллифони ин асар дар миёни донишмандон ва асҳоби таъриху тазкираҳои асрҳои миёна ихтилофи назар мављуд аст. Ҳарчанд ин китоб бо номи «Таърихи Систон» шуҳрат пайдо кардааст, вале дар нусхаи асл ҳаргиз аз ин ном ёд нашуда ва дар ҳар љои асар аз он бо номи «Таърих» ишора шудааст. Ҳамчунин
яқинан наметавон гуфт, ки номи китоб 

Муборизаи сарсахтонаи устод Айнӣ дар дифоъ аз номи миллати тоҷик. Порае аз пажӯҳиши устод дар бораи калимаи тоҷик

“Дар “Қомус-ул-аълом”-и туркӣ, ки аз тарафи Шамсиддини Сомӣ таълифаш дар охирҳои асри ХIX тамом карда шудааст, дар моддаи “тоҷик” ин эзоҳотро мебинем (тарҷимаи айнан): “Тоҷик” дар асл номи як қавмест аз туркҳо. Дар замони ҳозира ин ном ба як тоифаи аҳолии эрониасли Осиёи Миёна, ки бо забони форсӣ гап мезананд, дода шудааст. Инҳо дар шаҳрҳо ба тиҷорат ва пешаварӣ (косибиву ҳунармандӣ) ва дар деҳот ба зироат машғул буда, фаъол, соҳибистеъдод ва нисбат ба сосири тоифаҳои аҳолӣ маданӣ бошанд ҳам, монанди турк, узбак, тотор афғонӣ ва дигар қавмҳои кӯчманчӣ) хор мебошанд Қомусу-улаълом”, ҷилди 3, саҳифаи 1608, сутуни якум). 

 

Китоби нав: Менеҷмент. Фарҳанги сарватшиносӣ ва созандагӣ дар роҳбарӣ

Китоби дарсии “Менеҷмент”, ки ба тозагӣ чоп шуд,  аз 14-қисм иборат аст. Тавре дар сарсухани он омадааст он дарбаргирандаи  777 мавзӯи муҳими менеҷменти муосири ҷаҳонӣ, зиёда аз 3000 сарчашмаи адабиёт, саволҳои санҷишию тестӣ, гуфторҳою хирадномаҳои мутафаккирони бузурги замон, зиёда аз 3000 саволу ҷавоб ва ахтарони дурахшони роҳбарӣ, ҳидоятҳои расидан  ба пешвоӣ, масоили санъату хариди ташкили идоракунии касбии равониву иқтисодӣ ва вақтшиносӣ, асосҳои назариявии мактабсозиву сарварсозӣ, таълимоти бефосилаи касбӣ- электронӣ ва ташаккули менеҷменти муносибатҳои байналмилалиро дар корпоратсияҳову

Ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ

Ин монография ба яке аз масъалаҳои мубрам: ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ бахшида шудааст. Дар китоб ба ғайр аз ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии ҷонибҳо дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ, ҳамчунин, марҳилаҳои истиқрор ва инкишофи ҳамкориҳои тарафайн бо назардошти махсусияти сохторҳои муайян ва вазъи минтақавӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Моҳияти асосии таҳқиқот дар он ифода меёбад, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ барои вусъати ҳамкориҳои баробар, бисёрҷониба дар асоси эҳтиром ва эътирофи манфиатҳои 

Академик Файзулло Шарифзода зиёда аз 520 адад китоб ба Китобхонаи миллӣ туҳфа кард

Академик Файзулло Шарифзода аз китобхонаи шахсии худ беш аз 520 ва  173 автореферат ба Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд. Бахше аз ин китобҳо навиштаҳои худи устод Шарифзода буда, бахши дигар адабиёти муфиди илмиву бадеӣ мебошанд, ки солҳои гуногун дар бойгонии худ нигоҳ медошт. Дар миёни ин китобҳо асарҳое аз эҷоди олими шинохта: “Методикаи таълими 

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. Лӯлакитобҳои папирусӣ

Лўлакитоби папирусии кўҳна дар китобхонаи миллии Фаронса (Париж) нигоҳ дошта мешавад. Ин китоб бебаҳост, он  5500 сол қабл таълиф шудааст. Матнаш дар папирус навишта шуда, дар ғилофи ба худ хос нигоҳ дошта мешавад.

***   ***   ***

Қисми зиёди осори қадимаи папирусӣ аз ҷиҳати санаи таълиф ба солҳои 3350-уми пеш аз милод рост меояд. 

Касби китобдорӣ дар Тоҷикистон

Пеш аз он ки дар бораи касби китобдорӣ ҳарф бизанем, бояд аввал дар бораи мафҳуми китоб чанд сухане гуфта бошем.  Китоб ин навиштаҷоти варақаҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Китоб пурқиматтарин падидаи фарҳангист. Кулли одамони бомаърифати олам, китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. 

Китобшиносӣ илм аст ё фан?

Бархе китобшиносиро илм дониста ва бар он исрор кардаанд. Қисмати дигар бошад тарафдори фан буданд. Дар ҳақиқат бояд исрор намуд, ки дар рафти пажўҳиш ва нигоришу омўзиш маълумамон гардид, ки ба чунин зайл андеша кунем: Китобшиносӣ на илм асту на фан, балки омезае аз илму фан мебошад, ки фан дар ин ҷо сабту нигоҳдории китобҳо буда, илм бошад санъати китобҳо аст. Яке аз донишмандони соҳа чунин қайд намудааст, ки «Ҳар илме дар арзи мавзўӣ худ фан ҳасту ҳар фане дар равиши худ илм 

Шахси бо фарҳанг Назаров Тағоймурод Аҳмадович

 Назаров Тағоймурод Аҳмадович яке аз донишманди тавонои соҳаи китобдорӣ мебошад. Ӯ 5-майи  соли 1955 дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хаткардаи  мактаб –интернати № 2  шаҳри Душанбе буда, соли 1971 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил мешавад ва факултаи китобдории онро хат мекунад.

Вай фаъолияти кориашро дар вазифаи китобдори шуъбаи илмию методӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи 

Додгоҳ гуфта буд, ки Суқрот гунаҳгор аст. Афлотун исбот кард: НА, ГУНОҲ НАДОШТ!

Ҳамин аст моҳият ва мазмуни яке аз машҳуртарин асарҳои Афлотун, ки бо номи «Дифоияи Суқрот» машҳур аст. Ин асар аслан фарогири суханронии Суқрот дар додгоҳ (соли 399 то м.) барои ҳимояи худ аст. «Дифоияи Суқрот» ягона асари Афлотун мебошад, ки ба сурати ғайри муколамаҳои «суқротӣ» наздикӣ дорад. Афлотун дар он мундариҷа ва муҳтавои се суханронии Суқротро ҷой додааст, ки ахирӣ дар додгоҳ барои ҳимояи 

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. ҚАЛЪАИ ДОРОБӢ

Қалъаи Доробӣ, ёдгории бостонӣ дар қисми шимолу шарқи ноҳияи Файзобод, дар наздикии деҳаи Бобои Валӣ, Доробӣ теппаи дарозрўяи маҳрутшакл буда, баландиаш 9-10 м. дарозии сатҳи поинӣ 78 м. паҳно 34 м. дарозии қисмати болоӣ 50 м. ва паҳноияш 12 м аст.

В. В. Бартолд қитъаи Доробиро ба харобаҳои шаҳри Илок мансуб донистааст. Аммо масофаи байни Вашгирд ва Илок, ки дар осори ҷуғрофию таърихӣ якрўзи роҳ 

Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ. Диссипатсияи атмосфераи сайёраҳо, яъне чӣ?

Диссипатсияи атмосфераи сайёраҳо (лот. dissipation – пароканиш), пароканиши атмосфераи сайёраҳо дар фазои Кайҳон. Механизми асосии диссипатсияи атмосфераи сайёраро ҳаракати ҳароратии молекулаҳо ташкил медиҳад, яъне ҳангоми ба суръати буҳронӣ (суръати дуюми кайҳонӣ) соҳиб шудан молекулаҳои қабатҳои берунии атмосфера (экзосфера) майдони ҷозибаи сайёраро бартараф ва онро тарк мекунанд. 

Шоири ватансаро. Агар умр вафо мекард, имрӯз Пиримқул Сатторӣ 80-сола мешуд

Номи Пиримқул Сатторӣ ҳамчун шоири шаҳир ва устоди навшоирон дар солҳои 70-80-уми садаи 20 дар водии Вахш вирди забонҳо буд. Рисолатеро, ки дар тарбияи шоиршавандаҳо устод Боқи Раҳимзода дар пойтахт ба ҷо меовард, дар Вахшонзамин ў ба сомон мерасонид.

Пирумқул Сатторӣ 27 июли  соли 1940 дар деҳаи Ҳавзи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон ба ба дунё омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи ДДОД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро хатм кардааст. Баъдан ба шаҳри Қурғонтеппа омада, ходими адабии рўзномаҳои «Вахш»-у «Ҳақиқати Қўрғонтеппа» буд ва дар як вақт дар мактаби миёнаи рақами 45 ноҳияи Бохтар(ҳоло Кўшониён)

Диссертатсия чист?

Дар замони мо истилоҳи «диссертатсия» серистеъмол шудааст. Бахусус баъди Истиқлол ёфтани кишвар ва руҷӯъи бештар ба кашфиётҳои илмӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ афзуда ва афроде бо унвонҳои илмии номзади илм ва доктори илм низ зиёд шудаанд. Пас диссетртатсия чист? Мехостем хонандагони мо тасаввуроти илмӣ дар бораи

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Мухтор Авезов (1897-1961)

Мухтор Авезов  дар таҳқиқоти адабии худ аз забони форсии тоҷикӣ низ  ғофил набудааст. Ў борҳо   дар мақолаҳо  ва рисолаҳояш аз таъсири  таърихии забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ ба забон ва  адабиёти қазоқӣ сухан рондааст. Ў дар асараш «Аҳвол ва осори Абай»  менависад»: «Абай ба афсонаҳо  ва ҳамосаҳои диннӣ ва қаҳромонии араб ва Эрон ошноӣ дошт. Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Навоӣ

Бахшҳое аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ

Лоҳиқа

Дар нақли  адабияи занони  зукоъатнишон

Ба нақл  аз намунаи адабияи заноне, ки аз Мовароуннаҳру Туркистон баромадааанд, ё  ки  ба  ин  сарзамин  муносибате  пайдо  кадаанд,  зинат додани  қисми  аввал  аз  «Намунаи  адабиёти  тоҷик»  муносиб дида шуд 

     Мутрибаи Кошғарӣ

   (асри шашуми ҳиҷрӣ  )

Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ. Кристиан Доплер – физикдоне бо шуҳрати ҷаҳонӣ

Доплер Кристиан 29 ноябри соли 1803 дар Залсбурги Австрия ба дунё омадааст. Физик ва астрономии австриягӣ. Узви АИ Вена соли (1848). Хатмкардаи донишкадаҳои Залсбург ва Вена соли (1825). Аз соли 1847 профессори Академияҳои кўҳкор ва ҷангали Хемнитса, аз соли 1850 профессори Университети политехникӣ дар Вена ва директори нахустин дар ҷаҳон Институти физикаи назди Университети Вена, ки бо ташаббуси ў ташкил шуда буд.

Доплер доир ба соҳаи оптика (аберратсияи рўшноӣ, назарияи мироскоп, назарияи рангҳо) ва акустика таҳқиқот анҷом додааст.

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. Аввалин василаҳои осори хаттӣ: ПЕРГАМЕНТ

 Пергамент дар авҷи инкишофи масолеҳи хаттии папирусӣ ба вуҷуд омадааст. Вай ба муносибатҳои доду гирифти байни Сурия ва Миср алоқаманд буд. Садаи 2-юми пеш аз мелод шоҳаншоҳи Сурия Евмани II дар пойтахти худ (шаҳри Пергам) барои офаридани дастхатҳо харидани папирусро аз Миср раво донист. Вале шоҳаншоҳи Миср аз мақсаду орзуҳои Евман огоҳ шуд. Ӯ нахост, ки шуҳрати китобхонаи Искандарияро аз даст бидиҳад. Бинобар он, ба Сурия фурўхтани папирусро рухсат намедод.

Зодрӯзи Моҳпайкар Ёрова. Табрики ҳунарманди маъруфро фаромӯш накунед

Моҳпайкар Ёрова 28 июли соли 1970 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1991 факултети драмаи Донишкадаи театрии Маскав ба номи М.С. Шерлинро хатм кардааст. Актрисаи театру кино. Аз соли 1991 ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ мекунад. Қариб дар ҳамаи намоишҳои  давоми беш ва аз ду даҳсола дар Театри номрафта рўи саҳна гузошта  нақши худро калон 

Беш аз 17 ҳазор китоби нави воридшуда ба Китобхонаи миллӣ зарфи шаш моҳи сипаришуда

 Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 17396 нусха китоб ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб 13 404 нусхаашро Китобхона ба маблағи бештар аз  186340 сомонӣ харидорӣ ва  барои истифодаи хонандагон пешниҳод карда шуд. Ин нуктаро Ҷумахон Файзализода директори Китобхонаи миллӣ 27 июн зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи давлатии Китобхонаи милли.

Дар шаш моҳи соли равон аз китобхонаи электронӣ 156 500 нафар истифода бурдааст

Захираи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки ба суроғаи www.nlt.tj барои ҳамагон дастрас аст, ба 321 660 нусха   баробар шудааст ва шумораи хонандагони маҷозӣ ба маротиб  дар ҳоли афзоиш аст. Дар ин бора зимни натиҷагири аз фаъолияти нимсолаи аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2020 иттилоъ  

Вақте ки “Лола” мавҷ мезад…

Ҷаҳони маънавии халқи озоди тоҷик беҳад бой аст. Суруду рақсҳояш гуногунанд, нақшҳои оддиаш ҳам равшану рангинанд, кишвараш беҳудуд, кўҳҳои Помираш сар ба афлок, обҳои шаффофу сарди кўлу рўдҳои кўхсораш амиқу ҷонбахшанд.Ба ҳунарпешаҳои истеъдоди балети торҷик нигариставу аз маҳораташон ба ваҷд омада бовар мекунӣ, ки дар асоси ин санъати басо зебои халқ бо анъанаҳои 

 

Александр Поликарпович Шишов. Тоҷикон

Александр Поликарпович Шишов аслан на муаррих буд ва на этнограф, ҳамагӣ духтуре буд, аммо шавқу майли беандоза ба омӯзиши таърих барояш ин шарафро насиб гардонд, ки муаллифи ду китоби хуби таърихӣ: «Сартҳо» ва «Тоҷикон»  гардад.  Александр Поликарпович Шишов 5 декабри соли 1860 дар Тошкент ба дунё омадааст. Агарчи таҳқиқотчии таърих ва этнография набуд, вай бар ҳал ҳол, дар илми шарқшиносии рус тавассути чопи китобҳои «Сартҳо» ва «Тоҷикон» нақши босазои худро гузошт. А.Шишов ба Туркистони тоинқилобии кишвари Руссия ҳамчун духтури ҳарбӣ омадааст. Сараввал дар беморхона (лазарет)-и қисми ҳарбии Хуқанд, баъдтар аз соли 1897 ба ҳайси сардухтури 

Таърихи Ғурар ус – Сияр ё “Шоҳнома” - и Саолабӣ

Фарзандони бедори Эронзамин – ворисони фарҳангу тамаддуни бузурги Аҷами тоисломӣ ба мубориза баҳри растагории маънавии Аҷам ба по хестанд. Қадами нахустин дар ин ҷода тарҷумаи осори мактуби тоисломии эронӣ ба забони арабӣ буд. Бо дарки ин зарурати таърихӣ гурўҳе аз намояндагони илму адаби Эронзамин забони арабиро дар ғояти камол омўхтанд ва бо тарҷума кардани муҳимтарин дастовардҳои маънавии ниёгони хеш ба ин забон ба онҳо умри дубора бахшиданд. Як назари иҷмолӣ ба китоби “ал- Фиҳрист”- и Ибни Надим (ваф. с.380/990) кофист, то тасаввуре куллӣ доир ба касрати мутарҷимони эронинажод ва анвои осори тоисломии Аҷам, ки дар садаҳои VIII-IХ ба арабӣ 

ОШНОӢ БО КИТОБ: Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи Таърих. Аз Ориён то Сомониён

 Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?

 

Накуномон накуянд...

Мавсуф қаламкаши хуб ҳам ҳаст ва диду нигоҳи таҳлилӣ дар масоили баррасишаандаи илмӣ дорад  Қариб ки аксари матолибаш фарогири мавзўи китобу китобдорӣ ва умуман масъалаҳои китобхонаҳо мебошад. Мақолаҳои ӯ «Роҳҳои омўхтани захираи китобӣ», «Мутамарказонидани китобхонаҳо ва аҳамияти он», «Тарзи ташкил ва гузаронидани конфронсҳои хонандагон дар китобхонаҳои оммавӣ», «Услуби баргузории даҳаи «Китоб ва хонанда»,  «Тарзи ташкил ва

Сухан аз Камоли Хуҷандӣ

Албата инъикоси тазодҳо ва воқеоти пурҷушу хурўши замона ва лаҳзаҳои зиндагии шахсии шоири лирик дар эҷодиёташ истисно шуда наметавонад. Аз ин рў метавон ҳукм кард, ки абёти овардашуда бозгўйи ин ҳақиқатест, ки дар боло гуфта шуд.Агар чунин шахси бошараф ва самимию ҳассосе мисли Камол дар Хуҷанд хешовандони наздик медошт, ҳаргиз онҳоро ба ҳоли худашон гузошта намерафт ва дар сурати рафтан низ бояд ба ватан барнамегашт.

Бахшҳое аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ. Ҷунайдуллоҳ-Махмуд Ҳозиқи Ҳиротӣ

Дар аҳди амир Ҳайдар (баъд аз соли 1216 ҳиҷрӣ) ба Бухоро омада, баъд аз чанд гоҳ ба Хўқанд, ба хидмати Умархон шитофта. Дар муноқашаҳои Бухорову Ҳўқанд аз забони Умархон ба амир Ҳайдар ин байтро навишта:

Фард

Сазад, ки шоҳи Бухоро мутеъи ман гардад, 

Барои гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон толори махсус боз шуд

 Ҷиҳати дар сатҳи зарури баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни 

Истифодаи нав­гони­­ҳои технологияи муо­сир дар китобхонаҳои Тоҷикистон

Ташаккули ҷомеаи муосири иттилоотӣ бе истифодаи захи­раҳои иттилоотӣ дар намуди электронӣ амалинашаванда аст. Ба шакли электронӣ гузаронидан ва дар системаи умумӣ гирд овар­дани захираи иттилоотӣ мақоми хос касб менамояд, дар ин ҳолат дараҷаи истеҳсол, ҳифз, ташкил ва пахши иттилооти гуногун (матн, аудио, видео ва ғайра) ба сифати комилан нав иҷро мегардад, вусъати нисбатан васеъ ва истифодаи 

Бахшҳое аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ. Барди Чочӣ, Шошӣ – Тошкандӣ (вафот - 745)

Аз  «Шаҳри қасоиди Бадри Чоч», ки Ғиёсуддин ибни Ҷалолуддин – соҳиби «Ғиёсу-у-луғот» дар санаи 1256 ҳиҷрӣ ба таълифаш шурўъ карда, дар соли 1257 тамом кардааст ва дар соли 1895  мелодӣ – 1316 ҳиҷрӣ бори дувум дар Ҳиндустон табъ ёфтааст, интихоб карда шуд.

Ғазали қасамия

Ба ду чашми ту, ки мастони харобанд имрўз, 

Моҳи августи соли 2020

1-уми август

60-солагии зодрӯзи Шодӣ Бобоев (1960), адабиётшинос, шоир.

140-солагии зодрӯзи Пётр Ваулин (1880-1945), меъмор.

85-солагии зодрӯзи Наим Латифов (1935-2011), коргардони ТВ, Ходими шоистаи ҳунари  

ПАЖӮҲИШ: Кай ва чанд китоб бояд хонд?

Абӯалӣ ибни Сино роҷеъ ба истифодаи китобхонаи дарбории дарбори Сомониён дар «Рисолаи саргузашт»-аш ривоят кардааст: «Пас чун дохил гаштам, чандин хона дидам, дар ҳар хона чандин сандуқ, болои якдигар чида. Як хона кутуби адабиёт ва шеър, дигар фикҳ, дигари кутуби ҳадис ва ҳамчунин, ҳар илмеро хонае ҷудогона буд. Пас, феҳристи кутиби кудаморо ба назар даровардам ва он чи аз онҳо мехостам бардоштам ва бисёр китоб 

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбай Жээнбеков

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбай Жээнбеков барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Сооронбай Шарипович,