Истифодаи навгониҳои технологияи муосир дар китобхонаҳои Тоҷикистон
Нашр шуд 2020-07-30 08:35
Ташаккули ҷомеаи муосири иттилоотӣ бе истифодаи захираҳои иттилоотӣ дар намуди электронӣ амалинашаванда аст. Ба шакли электронӣ гузаронидан ва дар системаи умумӣ гирд овардани захираи иттилоотӣ мақоми хос касб менамояд, дар ин ҳолат дараҷаи истеҳсол, ҳифз, ташкил ва пахши иттилооти гуногун (матн, аудио, видео ва ғайра) ба сифати комилан нав иҷро мегардад, вусъати нисбатан васеъ ва истифодаи босамараш таъмин хоҳад шуд.
Инсоният дар тўли мавҷудияти худ як зумра инқилобҳои илмию техникиро паси сар намудааст, ки ҳар кадомашон дар камолот ва худшиносии он нақши амиқро боқӣ гузоштаанд. Масалан, асри сангӣ ба пайдошавии аввалин олоти меҳнат сабаб гашт, ки он заҳмати инсонро куллан дигаргун сохт. Асри биринҷӣ ба азхудкунии гудохтани метал овард, ки он ба дигаргуншавии моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ маконе дод. Ва бо ҳамин зайл, асри чарх ба пайдоиш ва истифодаи аробаю автомобил, асри барқ, асри ядроӣ ба азхудкунӣ ва инкишофи минбаъдаи омўзиши кайҳон ва энергетикаи атомӣ сабаб гаштаанд, ки онҳо меҳнати фикрию ҷисмонии инсонро миллионҳо маротиба осон гардонидаанд. Имрўзҳо бошад, инсон дар бораи асри иттилоотӣ сухан меронад.
Ин бесабаб нест. Асри XXI барои он асри «Иттилоот» ном гирифтааст, ки бояд дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди иттилоот, маълумот баҳравар гардад. Дар чунин шароит Китобхона ва рисолати он дар ҷомеа тағйир меёбад, он ба муҳимтарин воситаи дастёбии озодонаи истифодабарандагон (хонандагон) ба иттилоот табдил ёфта, дар фаъолияти он қонеъгардонии ниёзҳои иттилоотӣ ва фарҳангии истифодабарандагон афзалияти бештар пайдо мекунанд.
Дар шароити рушди босуръати ҷомеаи муосир иттилоот баробари захираҳои моддию энергетикӣ аҳамияти хос пайдо мекунад. Ҷараёни иттилоотӣ ба омили бунёдии мавҷудияти инсоният табдил мешавад. Он давлатҳое, ки воситаҳои муосири коммуникатсияи компютерӣ ва шабакаҳо, технологияи иттилоотӣ ва системаҳои идораи захираи иттилоотиро хуб истифода мебаранд, ба комёбиҳои баланди иқтисодию иҷтимоӣ ноил мегарданд. Ҷараёни ҷаҳонишавӣ бо номи «иттилоот» бештар ёд шуда, ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсиргузор аст.
Ташаккули ҷомеаи муосири иттилоотӣ бе истифодаи захираҳои иттилоотӣ дар намуди электронӣ амалинашаванда аст. Ба шакли электронӣ гузаронидан ва дар системаи умумӣ гирд овардани захираи иттилоотӣ мақоми хос касб менамояд, дар ин ҳолат дараҷаи истеҳсол, ҳифз, ташкил ва пахши иттилооти гуногун (матн, аудио, видео ва ғайра) ба сифати комилан нав иҷро мегардад, вусъати нисбатан васеъ ва истифодаи босамараш таъмин хоҳад шуд.
Технологияи муосири иттилоотӣ имкон медиҳад, ки андухти иттилооти инсоният дар миқёси васеъ ба шакли электронӣ гузаронда, шакли нави захираи иттилоотӣ арзи вуҷуд кунад. Ташкили дастёбӣ ба сарчашмаҳои иттилоот дар шакли электронӣ яке аз вазифаҳои муҳимми хизматрасонии иттилоотии илму маориф мегардад.
Бунёди Китобхонаи электронӣ дараҷаи нави истеҳсол, ҳифз, ташкил ва вусъатёбии иттилооти гуногунро таъмин месозад. Имрўз технологияи Китобхонаи электронӣ барои идораи маълумоти ҳаҷман калон ва коркарди он имкони васеъ фароҳам меорад. Он ба яке аз соҳаҳои муқтадир ва муҳимми индустрияи иттилоотӣ бадал гардидааст, ки бо технологияи нави компютерӣ, омили иттилои ғайрианъанавӣ, технологияи босамари автоматӣ таҷҳизонида шудааст.
Дар шашмоҳи соли равон аз китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ 156 500 нафар истифода бурдааст, ки 40% онҳо ба моҳҳои май - июн рост меояд. Тибқи дархост аз ҷониби як қатор вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ зиёда аз 22620 нусхаи электронии китоб ва маводи электронии таълимӣ ба онҳо дода шудааст. Бояд гуфт дар Китобхонаи электронӣ адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас мебошад.
Зайнура Неъматова
Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ