Мо ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Дар бораи қаҳрамонони худ чиро бояд донем?
Нашр шуд 2016-05-31 23:01
Бештар аз 70 сол аз пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сипарӣ шуд. Тӯли ин 70 сол дар сар то сари кишвари паҳновари Шӯравии собиқ шояд садҳо ҳазор китоб, повесту роману ҳикояву қисса, миллионҳо мисраъ шеър, садҳо достон навишта шуданд. Вале ҳамоно ин мавзуъ ҷиҳатҳое дорад, ки бояд боз ҳам бинвисанд.
Мо ҳар сол аз аввали моҳи май ба таҷлили ин снаи бузург омодагӣ мегирем ва боз ҳам менависему менависем.
Корномаи падарон дар солҳои мудҳиш мисли дарё тамомшуданӣ нест. Ҳар боре менависем, боз мебинем, ки ҳоло ҳам чизе нанавиштаем.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1418 шабонарӯз идома доштааст ва аз рӯи миқёсу андоза бузургтарин воқеаи фоҷиабори асри 20 ба ҳисоб меравад. Дар он зиёда аз 70 давлати хурду бузурги ҷаҳон иштирок карданд, амалиётҳои ҷангии ин воқеаи ҳузнангез ҳудуди зиёда аз 40 давлати ҷаҳонро фаро гирифта буд.


Субҳи имрӯз ҳам чун анъанаҳои моҳҳои пеш гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба корҳои тозагиву назофат дар гирду атрофи бино ҷалб шуданд.
Рӯзи 22-май, яъне ҳамагӣ ду рӯз баъд дар кишвар барои тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ доир мешавад.
Соли 2007 дар назди Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази илмӣ-фарҳангие бо номи «Тоҷикшиносӣ» таъсис ёфт ва ин иқдом нахустин кўшише буд дар роҳи ба муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ табдил додани китобхонаи маъруфи кишвар. Қариб даҳ сол боз ин марказ пурсамар фаъолият дорад ва дар ин муддати кўтоҳ ба ҳайси як маркази фарҳангӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳаёти фарҳангии 

