марти 2020

Кӯлбори пурбори адиби маъруф

 Шоир, нависанда, дрматурги маъруф Меҳмон Бахтӣ ба синни мубораки 79 расид. Устод Меҳмон бидуни шак аз чеҳраҳои мондагори олами адаби кишвар аст.  Кам адиберо суроғ дорем, ки дар назму наср ва драматургия баробар муваффақ шуда бошад. Устод Меҳмон дар ҳамаи ин жанрҳо қалам фарсудаву муваффақ шудааст.

 МЕҲМОН БАХТӢ  25 марти соли 1941 дар деҳаи Шул, ноҳияи Ғарм (Рашти кунунӣ) ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. 

Садубист соли Ҳасан Ирфон

Саду бист сол пеш дар Самарқанди бостонӣ адиби хушзавқ, тарҷумони чирадаст Ҳасан Ирфон дида ба олам кушод. Чилу ҳафт сол аст, ки аз ҷамъи мо рафта, вале ҳамоно ному ёдош боқист. Муаллифи романи маъруфи «Дар кулбаи косибон» ва қиссаи «Ду ёр аз ду диёр» мебошад, ки имрӯз маъруфияти худро гум накардаанд. Вале Ҳасан Ирфон бештар ба тарҷума машғул шудаву беҳтарин асарҳои адибони оламро баргардон кардааст.

(1964) Ҳасан Ирфон 22 марти соли 1900 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Дар мадраса ва мактаби усули нав таҳсил карда, Курси дусолаи ҳисобдори

Наврӯз расад ҷумла ҷаҳон зинда шавад...

 Наврўз биё ба хоки поки Ватанам,
Гулрез намо замину боғу чаманам.
Андар бари ошиқони фархундаи ишқ, 
Ман ошиқи навбаҳору сарву суманам.

 Наврўз (порсӣ: نوروز )-Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рўзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврўзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Таърихи ташаккули Наврўз бо эҳё

Ҷашни Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад,

Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,

Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Имрӯз кормандони Китобхонаи миллӣ ҷашни Наврӯзро таҷлил карданд. Директори Китобхона 

Суманак ва суманакпазӣ дар “Дастони моҳир”

Имрӯз дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи милии Тоҷикистон маҳфили “Дастони моҳир” доир шуд, ки мавзӯъи он ҳунари суманакпазӣ буд. Дар ин маҳфил хонандагон дар бораи баҳор, Наврӯз ва албатта суманак шеърҳо хонданд. Муаллима бошад ба хонандагон дар бораи таърихи пайдоиши суманак маълумот дод. 

Робиндронат Такур. Гора

 Адиб, рассом, оҳангсоз ва арбоби ҷамъиятии бузурги Ҳиндустон Робиндронат Такур 7 майи соли 1861 дар Калкутта бо олами ҳастӣ чашм кушодааст. Ба иншои шеър аз ҳаштсолагӣ оғоз намуд. Соли 1878 ба Англия меравад ва дар колеҷи донишгоҳи Лондон фанни ҳуқуқро меомўзад. Аммо баъди як сол онро тарк намуда, ба Ҳиндустон бармегардад ва ба касби нависандагӣ машғул мешавад.

Соли 1901 ба мулки авлодиаш Шинтиникетан мекўчад ва он ҷо  бо панҷ нафар омўзгори дигар мактаб мекушояд. Кори нависандагиро якҷоя бо омўзгорӣ давом медиҳад. Шеърҳо, ҳикояҳо, мақолаҳо, романҳо, китобҳои дарсӣ менависад.

Муноҷоти Фарзона ба Худованд: Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор!

Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор,

Замину осмонҳоро нигаҳ дор.

Балорову ваборо дур андоз,

Тамоми пиру барноро нигаҳ дор.

Бимон, фарзанди одам рӯз бинад,

Навонав насли фардоро нигаҳ дор.

Толорҳои пур аз хонандаи Китобхонаи миллӣ

​ Хонанда дар ҳар ҳолату вазъият ба китоб роҳ меҷӯяд. Новобаста ба он ки дар бораи короновирус дар кишвар ҳар овоза паҳн мекунанд, вале ин садди роҳи он нашудааст, ки китобхон роҳи китобхонаро гум кунад. Ҳатто рӯзҳои Наврӯз Китобхонаи миллӣ пурра фаъол буд ва ба ҷуз рӯзи 21-уми март, дигар ҳама рӯзҳо толорҳои хониши он пур аз 

АНОНС: Тағйири реҷаи кории Китобхонаи миллӣ аз аввали моҳи апрел

​Тибқи Фармоиши Директори Китобхонаи миллӣ аз 1-уми апрели соли 2020  Китобхона ба реҷаи тобистонии фаъолият мегузарад. Акнун хонандагон метавонад аз соати 8-и субҳ то 22-и шаб дар толорҳои хониш ҳузур дошта бошанд.

Гузаштан ба реҷаи тобистонии фаъолият ба хотири боз ҳам ба хонандагон фароҳам овардани имкониятҳои бештари мутолиаи китоб аст. Ҳамаи толорҳои хониши Китобхона аз соати 08 то 22 дар

Рӯзи талош барои покиву тозагӣ

​ Баҳор фасли зебост ва зебогиро дӯст дорад. Тозагиву низофат яке аз вижагиҳои Баҳор аст. Мебояд атроф мисли гулҳову сабзаҳои аввалбаҳорӣ ҳамеша тозаву пок бошад. Рӯзи шанбеи гузашта барои кулли кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи покиву низофат буд. Онҳо атрофи бино ва ҳотаи онро тоза карданд, гулҳои рангоранг шинонданд.

Ҳадисаи Қурбон: Сарир (Девони ашъор)

 Ҷилди аввали девони ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадисаи Қурбон ба Китобхонаи миллӣ расид ва ин лаҳзаҳое, ки шумо хонандаҳои азиз, ин хабарро мутолиа мекунед, китоб рақамгузорӣ шуда, барои мутолиаи ҳаводорони назм ба бойгонӣ супурда шудааст.  Дар аввалсухан омадааст, ки девони Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадисаи Қурбон «Сарир» ном дошта, шеърҳо аз китобҳои «Паймон», «Шукрона», «Нури Октябрь», «Сомон»,»Даргоҳи офтоб», Дунёи ҷавонӣ», «Эҳсон»,»Арғувон»,»Гулафшон»,»Мадина»,»Сояи мижгон» ва «Соҳати дил» гулчин шудааст.

 Девон аз фаслҳои «Домони  Ватан» “Навҳа», 

Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ…

Одамизод дар ҳар давру замон, дар ҳама синну сол ба тарбия ниёз дорад. Агар ба даврони гузашта назар андозем, дар замонҳои қадим ҳам ахлоқу маънавиёти одамӣ гоҳ-гоҳе рў ба костагӣ оварда буд, ки боиси таълифи асарҳои зиёди тарбиявию ахлоқӣ, аз ҷумла «Ахлоқи Носирӣ», «Ахлоқи Мўҳсинӣ», «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Пирўзнома», «Таҳзиби ахлоқ», «Футувватномаи султонӣ», «Қобуснома», «Синбоднома», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Кимиёи саодат», «Маснавии маънавӣ», «Гулистон», «Бўстон»  ва «Баҳористон»  гардидааст.

Як ҳафтаи таътил 583 нафар вориди толори хониши кӯдакон ва наврасон шуданд

​ Зарфи як ҳафтаи охир 583 нафар хонандагони наврас ба толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳузар пайдо карданд ва 2 ҳазору 143 китоб дархост намуданд. Аксари онҳое, ки ба ин толор меомаданд, китобҳо бадеӣ дархост мекарданд. Аз адибони классику ва муосир матлаб суроғ доштанд.

Аз таърихи пайдоиши коғаз

 Ҳанўз соли 650- мелодӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд аз коғаз истифода бурдаанд. Вале коғази истифода шуда дар куҷо истеҳсолшуданаш маълум набуд. Дар боби  коғази истеҳсоли Самарқанд ривоятҳои эътимоднок мавҷуданд. Ин ривоятҳо чуннад: Дар Чин тарзи омода намудани коғазро сирру асрори махфии давлатӣ медонистанд. Онҳо намехостанд, ки ихтирои коғаз ба дигар кишварҳо паҳн гардад, кисоли  751 лашкари