Ҷашни Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад,

Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,

Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Имрӯз кормандони Китобхонаи миллӣ ҷашни Наврӯзро таҷлил карданд. Директори Китобхона профессор Ҷумахон Файзализод дар сухани муқаддимавии худ кулли кормандонро ба ин муносибат муборакбод кард. Вай зимни суханронӣ аз Наврӯз ба унвони қадимитарин ва хубтарин ҷашни миллӣ ёд кард ва гуфт, ки дар замони Истиқлоли кишвар ин ҷашн бо талошҳои фазояндаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуҳу шаҳомати пешини худро дарёфт.

Ба табрики кормандони Китобхонаи миллӣ ҳунармандони маъруфи кишвар, аз ҷумла Қурбоналӣ Раҳмон омаданд ва бо таронаҳо хотири онҳоро шод намуданд.

Расмҳои ҳамкорамон Хусрави Милод аз ҷараёни ин ҷашн.