мая 2019

Чорабинии «Ояндасозони Ватан» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдак

 

Дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Шуъбаи кӯдакон ва наврасон бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдак” чорабинии фарҳангии “Ояндасозони Ватан” баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Муассисаи таҳсилоти хусусии «Литсейи Раҳнамо», ҳунармандони ансанбли рақсии «Лаъл», хонандагони мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев ширкат намуданд.

Дар ҳошияи чорабинӣ намоиши китоб ва маҳсули эҷоди

Маҳфили «Равшандилон» бо ширкати дувоздаҳ нафар аз аъзои фаъоли он

 Дирӯз дар толори хониши Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ маҳфили навбатии “Равшандилон” бо ширкати ҷамъе аз аъзои фаъоли шуъба аз ҷумла афроди дорои имконоти маҳдуд доир шуд. Садри маҳфил шоири шинохта Хайрандеш якояк эҷоди моҳи охири ширкаткунандагони фаъоли маҳфиро аз назар гузаронд.

Чун ҳамеша маҳфил дар атрофи ҳафт равзаи анъанавӣ: Афрӯза, Афроза, Афшина, Афшона, Ангора, Андеша ва

Рисолати Маркази «Конуни забони тоҷикӣ» дар таҳкими арзишҳои Китобхонаи миллӣ

  Дар таркиби Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ Осорхонаи таърихи забони тоҷикӣ ташкил дода шуд, ки он яке аз толорҳои ҷолиби Китобхона ба ҳисоб меравад. Дар он тасвири ёдгориҳои қадима, ки яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини таърих мебошанд, ба мо дар бораи пайдоиши хат, забон, расму оинҳо, маросимҳои гуногун ва эътиқоди одамони қадим маълумот медиҳад. Инчунин сарчашмаи дигаре, ки ба мо дар бораи таърихи забон ва хати ниёгонамон маълумот

Гарсиа Лорка: шоир, нависанда, драмнависи маъруфи олам

 Гарсиа Лорка Федерико аз маъруфтарин чеҳраҳои олами адаби ҷаҳонист, ки даҳҳо асари мондагор ба ёдгор гузоштааст. Адиби тавоно солҳои 1898 – 1936 зистааст. Аввалин китобашро соли 1918 чоп кардаву баъдан то охири умр даҳҳо китобу пйесаву, роману доштонаш пайи ҳам чоп шудаанд. Аз ин нобиға китобҳои зиёде дар Китобхонаи миллӣ маҳфузанд, ки қобили мутолиа мебошанд.

 Гарсиа Лорка  5 июн соли 1898, таввалуд шудааст. Шоир

Рашод Нурӣ Гунтекин

 Ин ном барои хонандаи тоҷик бештар романи ӯ “Чаманоро”, ки соли 1965 аз ҷониби адабиётшиноси маъруф ва олими шнохта Раҳим Ҳошим аз туркӣ баргардон шуда буд, ошност. Баъдан чанд асари одиби номвари турк аз русӣ тарҷума шуд. Аммо маъруфиати “Чаманоро” дигар будааст.

 Гунтекин 25 ноябри соли 1989 дар шаҳри Истанбул ба дунё омадааст. Нависанда драматург, тарҷумон ва адабиётшиноси турк. Дар ташаккули шахсияти ў падараш

Замини модарон

 «Замини модарон» қисаи дувуми Шаҳзодаи Самарқандист, ки бори аввал дар шакли маҷмўа дар Душанбе чоп мешавад. Қиссаи мазкур дар бораи режими сахти хукумати худкоми шўравӣ бо забони марғуб қисса мекунад. Аз ҷумла, дар он сухан дар бораи азобу шиканҷа ва машақати бонувони тоҷик меравад, ки ҳаёти хуши худро дар полезҳои саҳроӣ ва ғунчини пахта масраф менамуданд. 

 Паҳно ва вусъати фазои бадеӣ дар қиссаи «Замини

Ансамбли Ганҷина

 Аз  маъруфтарин дастаҳои ҳунарии кишвар аст. Ҳунарманди маъруф Зафар Нозим ба хотири ҷамъоварии ганҷинаи ҳунарҳои халқӣ ин дастаро созмон дод ва дар кутоҳтарин фурсат муваффақ шуд. Ҳайати эҷодӣ, дастаи ҳунарии фолклориву этнографӣ, ки бо ташаббуси Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов соли 1986 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикстон таъсис ёфта, аз  75 нафар иборат буд.

Ширкаткунандагони Фестивали ҷумҳуриявии наврасон аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд

 Ҳудудан 200 нафар иштирокчиёни Фестивали ҷумҳуриявии наврасон аз минтақаҳои гуногуни кишвар аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Ин афрод зодагони навоҳии гуногуни кишвар буданд, ки бори аввал вориди Китобхонаи миллӣ мешуданд. 

 Кормандони Китобхонаи миллӣ онҳоро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори дасхатҳои шарқ ва китобҳои нодир ва толори намоиши

Ганҷинаи фолклори тоҷик

 Фонди фолклори тоҷик (ФФТ), бойгонии фолклори халқи тоҷик, ки соли 1958 дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Маводди ганҷина, асосан, ба забони тоҷикӣ буда, баъзе намунаҳо ба забонҳои русӣ ва ўзбекӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

 Ганҷина дар асоси маводи фолклории шуъбаи адабиёт, ки 320 саҳифаро ташкил мекард, созмон ёфт. Баъдан