Рисолати Маркази «Конуни забони тоҷикӣ» дар таҳкими арзишҳои Китобхонаи миллӣ
Дар таркиби Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ Осорхонаи таърихи забони тоҷикӣ ташкил дода шуд, ки он яке аз толорҳои ҷолиби Китобхона ба ҳисоб меравад. Дар он тасвири ёдгориҳои қадима, ки яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини таърих мебошанд, ба мо дар бораи пайдоиши хат, забон, расму оинҳо, маросимҳои гуногун ва эътиқоди одамони қадим маълумот медиҳад. Инчунин сарчашмаи дигаре, ки ба мо дар бораи таърихи забон ва хати ниёгонамон маълумот медиҳад, китобҳову дастхатҳои қадима мебошанд. Ин китобҳову дастхатҳои қадима ва асарҳои арзишманди шарқшиносон ва забоншиносони маъруфи ҷаҳонӣ дар Осорхона ҷой дода шудаанд, то ки наслҳои имрўзу фардо ба таърихи хат, забони ноби ва шеваҳои ширини миллати тоҷик шинос шаванд, онро омўзанд ва гиромӣ доранд.
Панҷуми октябри соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи забон пешниҳод карда буданд:
«Бо дарназардошти дурнамоии ташаккул ва густариши забони давлатӣ пешниҳод менамоям, то дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба хотири гиромидошти ин рукни фарҳанги миллӣ ва нишони асолати миллати куҳанбунёди тоҷик, ҳамчун арҷ гузоштан ба хидмату заҳмати фарзонагони гузашта, ки забонро ҳифз карда ва барои мо ба ёдгор гузоштаанд, марказе бо номи «Конуни забони тоҷикӣ» таъсис дода шавад. Ин марказ метавонад дар Китобхонаи миллӣ ҷойгир шуда, ҳамчун осорхонаи забони тоҷикӣ ва таърихи пурифтихори он ба насли имрўзу фардои миллат хизмат намояд».
Ҳадаф ва вазифаҳои Марказ дар фароҳамоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ, тарғибу ташвиқи маҷмўи нисбатан пурраи ҳуҷҷатҳои таърихӣ оид ба забон ва афкори забоншиносии тоҷик, бунёди бойгонии ёдгориҳои қадимаи хаттӣ ва чопии марбут ба таърихи забони тоҷикӣ,ташкили курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.
Дар таркиби Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ Осорхонаи таърихи забони тоҷикӣ ташкил дода шуд, ки он яке аз толорҳои ҷолиби Китобхона ба ҳисоб меравад. Дар он тасвири ёдгориҳои қадима, ки яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини таърих мебошанд, ба мо дар бораи пайдоиши хат, забон, расму оинҳо, маросимҳои гуногун ва эътиқоди одамони қадим маълумот медиҳад. Инчунин сарчашмаи дигаре, ки ба мо дар бораи таърихи забон ва хати ниёгонамон маълумот медиҳад, китобҳову дастхатҳои қадима мебошанд. Ин китобҳову дастхатҳои қадима ва асарҳои арзишманди шарқшиносон ва забоншиносони маъруфи ҷаҳонӣ дар Осорхона ҷой дода шудаанд, то ки наслҳои имрўзу фардо ба таърихи хат, забони ноби ва шеваҳои ширини миллати тоҷик шинос шаванд, онро омўзанд ва гиромӣ доранд.
Маркази «Конуни забони тоҷикӣ» ва омўзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (минбаъд Марказ) фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», Оинномаи «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ мондааст.
Самтҳои асосии фаъолияти марказ
Марказ сохтори таркибии Китобхона ба ҳисоб рафта, омўзиши забонҳоро тавассути мутахассисони соҳа ба роҳ мемонад.
Ба истифодабарандагони Марказ шиносонидани таъриху фарҳанги забонҳо ва дар ин замина мунтазам ташкил намудани семинару конфронсҳои илмӣ.
Ҷалби хонандагон аз макотиби миёнаву олии пойтахт, донишҷўёни донишгоҳу донишкадаҳо дар баргузории маҳфилҳои Марказ.
Ба истифодабарандагон дастрас кардани ҳама гуна иттилооти навине, ки дар соҳаи забон ба вуқўъ меояд.
Вазифаҳои Марказ
Марказ тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда. «Оиннома»- и Китобхона. «Низомнома»- мазкур ва дастурамалҳои хизматии кормандон амал мекунад ва дорои чунин вазифаҳо мебошад:
- нишастҳои васоити ахбори умумро масоили соҳа ташкил мекунад.
- ҷалласаҳои илмии забоншиносонро баргузор менамояд.
- бо марказҳои илмӣ – татқиқотии дохилӣ ва хориҷӣ иртибот ва ҳамкорӣ мекунад, омўзиши забонҳои хориҷии кормандони Китобхона ва муштариёнро ба роҳ мемонад.
- маводи чопии соҳавии Марказро афзун мегардонад.
- дар матбуоти даврӣ оиди фаъолияти Марказ мақолаҳо чоп мекунад.
- ба директории Китобхона – маълумоти ҳармоҳа оиди иҷрои нақшаи кории Марказ ва масъалаҳои алоҳидаро пешниҳод менамояд.
Ҳуқуқи Марказ
Марказ ва сардори он ҳуқуқ доранд:
- дар асоси тартиботи ҷорӣ интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро амалӣ созанд;
- ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандонро муайян кунанд;
- аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ китобхона оид ба масъалаҳои марбути соҳа маълумот талаб намояд;
- аз намудҳои гуногуни ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хайриявӣ, шарикон ва соҳибкорони китобхона бо мақсади ба даст овардани муваффақиятҳо истифода мекунад;
- фаъолияти марказро ба воситаи ахбори умум барои тарғибу ташвиқ таъмин намояд;
бо шўъба ва бахшҳои дигари китобхона ҳамкорӣ намояд;
- бо тартиби муқарраршуда маҷлисҳо ва семинарҳо ташкил кунад, инчунин дар маҷлисҳое, ки директори китобхона ва роҳбарони дигар сохторҳо мегузаронанд, иштирок намояд;
- лоиҳаи фармоишҳо, дастурамалҳо ва дигар санадҳои дахлдори марказро таҳия намояд;
- мутахассисони пешқадамро барои мукофот пешбарӣ мекунад ва барои ҷавобгарии маъмурӣ кашидани вайронкунандагони интизоми меҳнат ба Раёсат таклифҳо пешниҳод намоянд.
Масъулияти Марказ
Марказ ва сардори он масъуланд барои:
- иҷрои нақшаи кори Марказ ва сифати он;
- пешниҳоди ҳисоботи корҳои иҷрокардаи Марказ.
- риояи техникаи бехатарӣ, ҳифзи меҳнат ва зиддисўхтор дар Марказ.
- иҷрои вазифа тибқи «Низомнома»- и мазкур, фармону дастурҳои роҳбарияти Китобхона.
Сафарбӣ Қурбоналиева, мутахассиси
пешбари Маркази «Конуни забони тоҷикӣ»
ва омўзиши забонҳои хориҷӣ