Осорхонаи Конуни забон, яъне чӣ?

Осорхонаи Конуни забон, яъне чӣ?

     Осорхона чист? Ин аввалин суоле буд, ки ба муҷарради ворид шудан ба осорхонаи забони тоҷикӣ ба сарам омад. Дарвоқеъ, чист осорхона ва чаро мо бояд онро дошта бошем?

    Осорхона макони хосест, ки дар он маҷмуъае аз осори бостониву санъатӣ ва ашёи боарзишро ба маърази намоиш мегузоранд. Ҳатто ҷомеаи байналмилалӣ ҳар сол як рӯз – 18 майро рӯзи осорхонаҳо эълон кардааст ва он дар саросари олам таҷлил мешавад.

 Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо, ки зери назари ЮНЕСКО фаъолият мекунад, дар бандҳои 3 ва 4 асосномаи худ осорхонаро ин гуна тавсиф кардааст: “Осорхона муассисаест доимӣ ва бе ҳадафи моддӣ, ки дарҳои он ба рӯйи ҳамагон боз аст ва дар хидмати ҷомеа ва пешрафти он фаъолият мекунад. Ҳадафи осорхонаҳо пажӯҳиши осори баҷоймондаи инсон ва муҳити зисти вай, гирдоварии осор, ҳифз ва баҳрабардории маънавӣ ва эҷоди иртибот байни ин осор мебошад”.

 

 

Ва сорхонаи китоб, ки дар Китобхонаи миллӣ фаъолият мекунад, низ ҳамин ҳадафро дорад: яъне пажӯҳиши осори баҷоймондаи инсон ва муҳити зисти вай, гирдоварии осор, ҳифз ва баҳрабардории маънавӣ. Ҳамарӯза даҳҳо нафар ба ин осорхона ворид мешаванд ва бо чашмони худ осори гаронарзиши таърихи миллатро мебинанд, китобҳо ва нусхаҳои қаламиро тамошо мекунанд, бо китобҳои асри нав низ ошно мешаванд.

Таърихи бунёди ин осорхона ба нуҳ соли пеш бармегардад. Соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иди Рўзи забон зимни суханронии худ гуфта буданд:

«Бо дарназардошти дурнамои ташаккул ва густариши забони давлатӣ пешниҳод менамоям, то дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба хотири гиромидошти ин рукни фарҳанги миллӣ ва нишони асолати миллати куҳанбунёди тоҷик, ҳамчун арҷ гузоштан ба хидмату заҳмати фарзонагони гузашта, ки забонро ҳифз карда ва барои мо ба ёдгор гузоштаанд, марказе бо номи «Конуни забони тоҷикӣ» таъсис дода шавад. Ин марказ метавонад дар Китобхонаи миллӣ ҷойгир шуда, ҳамчун осорхонаи забони тоҷикӣ ва таърихи пурифтихори он ба насли имрўзу фардои миллат хизмат намояд».

 

Ва тибқи ҳамин ҳидоят ин осорхона дар Китобхонаи миллӣ сохта шуд, ки ҳоло фарогири 172 китоб мебошад. 54 донаи он намунаи матнҳо ва мусаввараҳо буда, 15 адад туҳфаҳои хотиравӣ аз Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ – ЭKO) мебошад.

Осорхона аз 8 бахш иборат ҳаст:

 

           Китобҳои забоншиносӣ бо ҳуруфи ниёгон.

  1. Китобҳои забоншиносии бо забони руси  чопшуда.
  2. Китобҳо дар бораи забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ.
  3. Китобҳои забоншиносии бо ҳуруфи крилӣ чопшуда.
  4. Китобҳои президент дар бораи забон, адабиёт ва фарҳанг.
  5. Китобҳои забоншиносӣ бо ҳуруфоти крилӣ.
  6. Китобҳои Алифбо ва забони тоҷикии бо ҳуруфоти ниёгон, лотинӣ ва крилӣ чопшуда.
  7. Фарҳангҳо ва луғатҳо.

 

   Китоби қадимтарин дар осорхонаи забони тоҷикӣ бо номи “Краткий обзор некоторых особенностей таджикских говоров  (Материалы) мебошад, ки соли 1930 чоп шудааст.

Деворнигораҳои гуногун дар осорхона ҷой дода шудааст.  Дарахти бузурги забонҳои  ҳинду  ориёӣ, Харитаи фарогири ҳудуди паҳншавии забонҳои Форсӣ – дарӣ - тоҷикӣ. Мусаввараи сангҳои сари қабр ва намунаи хатҳои гуногун   ҷойгир  ҳастанд. 

Ҳамарўза меҳмонони дохилию хориҷӣ вориди Осорхонаи забони тоҷикӣ мешаванд. Сайёҳати меҳмонон бо ташабуси шуъбаи чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегардад.

Сафарбӣ Қурбоналиева,  мутахассиси

пешбари Маркази «Конуни забони тоҷикӣ»

    ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.

Расмҳо аз Фирӯз Нураҳмадов