Зикри Ваҳдати миллӣ дар китобҳо

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии  Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ бо ҷамъоварии бештар аз 40 нусха китоби тозанашр намоиши китоб доир намуд. 
Хоннадагон метавонанд бо истифода аз фурсат китобҳоеро аз қабили  «Садафи Ваҳдат - Пешвои миллат»-и Қурбон Восиев, чопи соли 2016,  А. Воҳидов, Коч Эмсал «Ваҳдат ва раванди гуфтугўи тамаддунҳо» Душанбе -2015, Н. Абдуваҳҳоб

Арҷгузории Пешвои миллат ба китобу китобдорӣ

       Миллати тоҷикро бе китобу китобхона тасаввур кардан нашояд, зеро ки аз қадимулайём сарвати асосии зеҳнии мо китоб буду ҳаст. Дар ин замони мушавваши сиёсию иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомеро рўи даст гирифт, ки он ҳам бошад бунёди китобхонаи азиме, ки дар  Осиёи Марказӣ бо чунин ҷалолу шаҳомат ҳамто надорад. Новобаста аз мушкили молиявии давлат ва

Конфронси илмӣ –оммавии «Ваҳдат – пойдевори миллат»

Субҳи имрӯз, 23 - уми май дар ошёнаи сеюми  Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ конфронси илмӣ –оммавӣ бахшида ба Рўзи  Ваҳдати миллӣ  таҳти унвони «Ваҳдат – пойдевори миллат» доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани...

Академик Хурдеша Отахонова аз олам даргузашт

Аввалин бонуи академик Хуршеда Отахонова, донишманди шинохта ва яке аз пуркортарин олимони кишвар субҳи имрӯз дар синни 84-солагӣ тарки олам кард.
Академик Хуршеда Отахонова зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд буда, 2 –юми сентябри соли 1932 дида ба олам кушодааст.  То синфи шашум дар мактаби миёнаи ба номи Горкии шаҳри Истаравшан таҳсил крадааст. Баъдан хонаводаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯчидааст.
Падараш Отахон Мўсохоҷаев, соли таваллудаш соли 1901, то соли 1937 дар идораҳои давлатӣ ва советӣ кор мекард. Соли 1937 аз тарафи Коммиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) ба муддати даҳ сол ба ҳабс маҳкум карда шуд...

Сайри олам бо Киштии орзуҳо

Дарси имрӯзи “Дастони моҳир” “Киштии орзуҳои мо” ном дошт.
Мураббиёни толори кӯдакону наврасон ин бор хостанд барои атфол дар бораи киштиҳо суҳбат кунанд ва дар анҷом аз онҳо бихоҳанд, то ҳар кадом тибқи тасаввури хеш киштее созад.
Маълум шуд, ки кӯдакон дар бораи киштӣ тасаввурот доранд ва медонанд он чаро барои инсонҳо зарур аст. Ҳатто онҳо медонанд, ки киштиҳо аз рӯйи ҳаҷм дар кадом обҳо шино

Намоиши китоб бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

Шуъбаи хизматрасонии махуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ намоиши китоб доир намуд.
Дар намоиш наздик ба 40 нусха китобҳои тозанашр ва китобҳое, ки солҳои гуногун дар бораи Ваҳдат, якпорчагӣ, Сулҳ интишор ёфтаанд, гирдоварӣ шудаанд.
Аз ҷумла, китобҳои Қ. Восиев «Садафи Ваҳдат -  Пешвои миллат», Душанбе 2016,  Раънои Мубориз  «Нури Ваҳдат», Душанбе 2015, “Назарияи Ваҳдат”,

Страницы