Гулназар Келдӣ меҳмони маҳфили адабии “Дар суҳбати адиб”

Қабл аз зуҳри 18 - уми августи соли равон дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ маҳфили адабии “Дар суҳбати адиб” баргузор шуд, ки дар он  Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ  ва овозхони маъруфи кишвар Шўҳрат Сайнаков ширкат карданд. Ин чорабинӣ ба истиқболи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ доир шуд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон,

Ширкат се хонандаи фаъоли Китобхона дар чорабиниҳои Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон

Дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон  намояндагиҳои СММ,  Сети-Y-PEER дар Тоҷикистон, созмони ғайридавлати “Пешрафт”, Vortex ва дигар созмону намояндагиҳо чорабиние барпо шуд, ки дар он Китобхонаи миллӣ низ ширкат намуд.
Ин чорабиниҳо дар меҳмонхонаи Шератон дар чанд мавзуъ баргузор шуданд ва намояндагони шуъбаи хизматрасонии махсус бо шумули хонандагони доимии худ, се  нафар дорои имкониятҳои маҳдуд Мавзунҷони Ғафурзод...

Моҳичаи тилло дар “Дастони моҳир”

Омӯзиши бачаҳо барои сохтани ҳар гуна бозичаҳо ин ҳафта ҳам дар “Дастони моҳир” идома дошт. Мураббӣ ин бор тарзи сохтани моҳичаи тиллоиро омӯхт. 
Аммо чун анъана мураббӣ аввал аз бачаҳо дар бораи моҳиҳо пурсон шуд ва хуусиёти моҳии тилло ва оё он дар ҳақиқат вуҷуд дорад ё на, нақл кард.
Дар ин бора афсонаи омӯзандае аз Пушкин ҳаст, ки пирамарде чӣ гуна моҳии тилло ба шаст меорад

Нахустин Ҷулеттаи тоҷик кӣ буд?

Ҳунарманди шинохтаву варзида Хайрӣ Назарова 2-юми июли соли 1923 (тибқи баъзе маълумот 13-уми октябри соли 1923) дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи косиб ба дунё омадааст.
Аз соли 1951 то соли 1977 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  фаъолият намудааст.
Дар давоми фаъолияти корӣ як қатор нақшҳои хотирмонро бозидаву худро чун ҳунарманди нотакрор барои бинандагон муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла, Зўҳро (дар намоишномаи «Тоҳир ва Зўҳро»-и С.Абдулло), Ойхон (аз «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Хамза), Райҳон (аз «Арўси  панҷсўма»-и М. Урдубодӣ) ва ғайра.
Дар саҳнаи театри тоҷик беҳтарин нақшҳои офаридааш Ҷулетта дар «Ромео ва Ҷулетта», Корделия дар «Шоҳ Лир», Дездемона «Отелло»-и У. Шекспир мебошад.

Намоиши китоб дар меҳмонхонаи Шератон

Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҷавонон бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии “Ҳамсол ба ҳамсол” дар  меҳмонхонаи  “Шератон” чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Фаридун Азизов ва Барно Самиева  иштирок намуда, дар мавзўи “Дастовардҳои имрўзаи  Китобхонаи миллии Тоҷикистон” намоиши китоб ташкил намуданд.

Л. Будагов: Тоҷик аз калимаи кутоҳкардашудаи тоҷ ва гулчанбар гирифта шудааст

Семёнов Александр Александрович (1873—1958) шарқшинос, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951), директори Институти таърих, археология ва этнографияи АИТ, асари навбатии худ бо номи «Тасвири этнографии Зарафшони куҳӣ, Қаротегин ва Дарвоз»-ро (Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза) соли 1903 дар шаҳри Москва аз чоп бароварда буд. Ин китоб аз 112 саҳифаи матнӣ ва даҳ саҳифаи махсуси тасвирӣ иборат буда, матни китоб бо

Страницы