Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба «Рўзи китоб« - 4 сентябр аз санаи 25 июн то 20 августи соли 2016 Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015-ро баргузор намуд. То 20 августи соли 2016 ба унвони Кумитаи тадорукоти Озмун 44 ариза аз рўи номинатсияи «Китобдори сол», 25 ариза аз рўи номитатсияи
«Китобхонаи сол» ва 12 ариза аз рўи номинатсияи
8-уми сентябри соли равон, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар чорабинии ботантанаи идона ширкат ва суханронӣ намуд.
Президенти кишвар ин навбат дар муқоиса ба дигар баромадҳо дорои як ҳиссиёти дигар буд, ки тақрибан онро қаблан надида будем. Ў бо равони пурифтихор, бо эҳсоси баланди шодмонӣ ва бо
«Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар даврони истиқлолият». Чунин ном дошт чорабиние, ки Шуъбаи адабиёти хориҷӣ ахиран доир намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода ба ҳозирон дар бораи Истиқлолият, таърихи он ва гузаштаи ин 25 сол нақл кард ва гуфт, ин 25 сол як роҳи пуршебуфароз ва пурмашаққате буд, ки Истиқлолияти моро пойдору устувор гардонд.
Имрўзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бо касби истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксари кишварҳои дунё ба расмият шинохта, бо мо муносибатҳои дипломатии худро барқарор намуданд. Маҳз истиқлолият буд, ки мо имрӯз соҳиби Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва пули миллӣ худ ҳастем.
Адиби кӯдакнавис, шоираи ширинкалом Латофат Кенҷаева меҳмони толори хониши кӯдакон буд. Ин мулоқот дар дораи барномаи ҳамешагии дидор бо адибони маъруф доир шуд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 30 нафар хонандагони синфҳои 6-11 аз Литсей- интернати Президентӣ барои бачаҳои болаёкати шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Хонандагон асосан ба муаллима аз ҳайёт ва эчодиёташ саволҳо доданд ва посухҳои муфид барои худ дарёфт намуданд.
Дар сарзамини бостонии мо китобу китобнависӣ анъанаи қадимӣ дошта, нахустин китоби мардуми эронинажод «Авесто» дар 12 ҳазор пӯсти гов навишта шуда буд. Хаттотони машҳури Балху Бухоро, Самарқанду Хуҷанд, Марву Ҳирот, Хатлону Кобул ва дигарон асарҳои донишмандони худро дар пӯсти нахчир, дар коғазҳои хушсифат рӯбардор менамуданд. Китобдорӣ ва китобхонасозӣ дар замони ба сари қудрат омадани сулолаҳои тоҷикии хонадони Бармакиён, Тоҳириён, Саффориён ва хусусан, дар аҳди Сомониён хеле рушду густариш ёфт Дар давраи