Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба «Рўзи китоб« - 4 сентябр аз санаи 25 июн то 20 августи соли 2016 Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015-ро баргузор намуд.
То 20 августи соли 2016 ба унвони Кумитаи тадорукоти Озмун 44 ариза аз рўи номинатсияи «Китобдори сол», 25 ариза аз рўи номитатсияи «Китобхонаи сол» ва 12 ариза аз рўи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» бақайд гирифта шуд.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон сардори шуъбаи хизматрасонӣ библиографӣ Ҷамил Валиев дар ин озмун ширкат варзида дорои унвони дараҷаи Гран-при «Китобдори сол» гардид.
Ҷамил Валиев дастпарвари Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, соли 1999 фаъолияти кори худро дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз методисти дараҷаи аввал зери роҳбари устодони бузурги соҳаи китобдорӣ Сайидалӣ Муҳиддинов, Шариф Комилзода, Ҷўрабой Раҷабов, Гадобек Маҳмудов, Гулсара Шукурова оғоз карда, то ба ҳайси сардори шуъбаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва хизматрасонӣ библиографии Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон расидааст.
Ғолиби озмун иброз намуд, ки ин унвон дастоварди тамоми аҳли кормандони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва устодони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.
“Маҳз бо шарофати устодони пуртаҷрибаи соҳа Шариф Комилзода, Сайидалӣ Муҳиддинов, Бозорбой Холов, Ғуломзода Қурбон, Гадобек Маҳмудов, Ҷўрабой Раҷабов ва дигарон ман нозукиҳои соҳаи китобдориро аз худ намудам. Имрўз ман сари таъзим менамоям ба собиқадорони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва устодони бузурги соҳа А.Раҳимов, Р.Шарофзода, Ҷ. Шерматов., А.Юнусов, С. Ғойбназаров., Х. Зиёёв, С.Одинаев ва чанде дигарон бо мо нестанд”,- гуфт ӯ.
Шариф Наботов,
корманди Китобхонаи миллии
Тоҷикистон