Ганҷинаи дониш

Дар сарзамини бостонии мо китобу китобнависӣ анъанаи қадимӣ дошта, нахустин китоби мардуми эронинажод «Авесто» дар 12 ҳазор пӯсти гов навишта шуда буд. Хаттотони машҳури Балху Бухоро, Самарқанду Хуҷанд, Марву Ҳирот, Хатлону Кобул ва дигарон асарҳои донишмандони худро дар пӯсти нахчир, дар коғазҳои хушсифат рӯбардор менамуданд. Китобдорӣ ва китобхонасозӣ дар замони ба сари қудрат омадани сулолаҳои тоҷикии хонадони Бармакиён, Тоҳириён, Саффориён ва хусусан, дар аҳди Сомониён хеле рушду густариш ёфт Дар давраи Сомониён халқи тоҷик давлати миллии худро пурра таъсис дод, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, сиёсӣ, низомӣ, дипломатӣ, адабӣ густариш ёфт. Китобдорӣ ва бунёди китобхонаҳо аз нав  равнақи тоза  пайдо  кард. Аксари шаҳрҳо китобхона доштанд. Дар аҳди Сомониён китобхонаҳои дарборӣ, шахсӣ ва муассисоти динӣ фаъолият менамуд. Дар пойтахти давлати Сомониён -  шаҳри Бухоро бузургтарин ва ғанитарин китобхона «Сивон-ул-ҳикмат» фаъолият дошт, ки ба илми  китобхонашиносӣ ва китобдории тоҷикон замина гузошт.
Ин иқтибос аз мақолаи Директори Китобхонаи миллӣ, доктори  илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода аст, ки ахиран дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” чоп шудааст.  Бо матни комили мақола аз ин ҷо метавонед ошно шавед: ГАНҶИНАИ ДОНИШ

Барчаспҳо: