Ҳуринисо Ализодаро бишносем

Ҳуринисо Ализода аз ҷумлаи рўзноманигори ҷасур, чирадаст аст, ки дар мақолаҳояш мав­зўъ­ҳои мубрами рўзмарраю муҳимро ба лаҳни ширини тоҷикӣ ба хонандагон пешниҳод мекунаду масъалагузорӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилотро дарёфт менамояд.   
Ализода Ҳуринисо  Юсуфӣ 4 марти соли 1957 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро бо ихтисоси филолог ба итмом расонидааст. Баъди хатми донишгоҳ то соли 1986 ба сифати омўзгори забони адабиёти тоҷик дар мактаби №29-и ноҳияи Фархор кор мекунад.
Соли 1986 ба олами рўзноманигорӣ пайваста, дар рўзномаи

Экспедитсияи лаҳҷашиносӣ: шеваи тоҷикони шимолӣ, Ленинобод, Конибодом ва Исфара

Узви Академияи илмҳои Шўравӣ, Расторгуева Вера Сергеевна ҳангоми сафари хизматии худ (соли 1948 ва соли 1953), барои омўзиши лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба минтақаҳои шимолии Тоҷикистон, нашри сеюмӣ натиҷаи корҳои экспедитсиониро зери унвони «Тасвири лаҳҷашиносии тоҷик. “Гуруҳи шеваҳои тоҷикони шимоли Ленинобод-Конибодом” (Очерки по таджикской диалектологии. “Ленинабадско-канибадамская группа северных таджикских говоров”) бо теъдоди 192 саҳифа ба нашр расонид. Ин асар соли соли 1956 интишор

Бузургтарин китоби шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ

Трагедияи «Фауст» аз нигоҳи ҳаҷм бузургтарин китоби Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Kитобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. "Фауст" ба қалами адиби олмонӣ Иоганн Волфганг Ҳуте иншо шуда, яке аз асарҳои нодири адабиёти ҷаҳон ва намоишномаҳои машҳури театрҳои ҷаҳон ба шумор меравад, ки аз ду ҷилд ва 390 саҳифа иборат мебошад.
Ин  асар соли 1899 дар  нашриёти “А.Ф Маркса” – и Санк – Петербург нашр шудааст. Китоб ба забони русӣ (бо ҳуруфи тоинқилобӣ) буда, аз ҷониби  Александр Фет ба забони русӣ тарҷума  шудааст.
Дарозии китоб  44 ва паҳноияш ба 36 сантиметр баробар буда, 66

Идомаи муаррифии имкониятҳои китобхона

Cанаи 29-уми сентябри соли ҷорӣ муаррифии имкониятҳои китобхона ва даъват ба китобхонӣ дар Муассисаҳои тахсилоти умумии № 7, №10 ва Гимназияи № 9-и ноҳияи Исмолили Сомонии шаҳри Душанбе идома ёфт.
Тибқи нақша ин навбат гурўҳи кормандони Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ва Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин чорабинии муҳим сафарбар гардиданд.

Дар нуҳ моҳ теъоди аъзои нави Китобхонаи миллӣ 11 ҳазору 100 нафар афзуд

Дар нўҳ моҳи  соли ҷорӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ 11 ҳазору 100 нафар хонандагон пазируфта шуданд.  То имрўз ба Китобхонаи миллӣ 94 ҳазору 758 нафар аъзо шудаанд, ки аксари онҳо донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи Тоҷикистонанд.
Фонди шуъба  зиёда аз 60133 нусха китоб иборат аст, ки аз инҳо зиёда аз 11835 нусха китоб бо забони тоҷикӣ ва боқимондааш бо забони русӣ мебошанд.

Даъват ба китобхона дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Кормандони шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати даъвати донишҷӯён ба Китобхона ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рафтанд.
Кормандони Китобхонаро раёсати факултаҳои рўзноманигорӣ, шарқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, биология ва математика ба ҳузур пазируфтанд ва барои бо донишҷўён суҳбат намудан кӯмак расониданд.
Дар рафти суҳбат бо донишҷўён кормандони

Страницы