Шуъбаи нигаҳдорӣ бо 1066 нусха китоб ғанӣ шуд

Шуъбаи нигаҳдории китоб аз афзудани теъдоди китобҳо зарфи чанд моҳи охир хабар дод. Тӯли ин чанд моҳ 1066 китоби нав ворид шудааст, КИ  448 нусхаи он ба забони тоҷикӣ, 599 нусха ба забони русӣ ва 19 нусха китоб ба забони дигар халқҳои ИДМ мебошад.
Китобҳои тозавуруд дар бораи забон, таърих, сиёсат, кишоварзӣ, молия, тиб, адабиётшиносӣ ва ғайра мебошанд. Аз ҷумла, китоби Саймумин Ятимов «Унсурулмаолии Кайковус дар бораи хирад» яке аз хонотарин китобҳои нав ба шумор меравад.

Сурудҳои Ҷўрабек Муродов

Китоби мазкур аз ду қисм иборат буда, дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд нашр гардидааст. Китоб аз эҷодиёти суруду таронаҳои устоди машҳури санъати тоҷик, оҳангсози нодир, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродов таҳия гардидааст. Қисми аввалро 100 суруди устод, ки ҳанўз дар оғози солҳои 80-ум аз ҷониби шодравон Ҳамидқул Ҷумъаев гирдоварӣ шуда ва соли 1982 дар нашриёти “Ирфон” нашр гардида буд, ташкил медиҳад.
Қисми дуюм 70 сурудҳои беҳтарини солҳои гуногуни устодро дарбар мегирад: “Пир манам, ҷавон манам” (ғазалиҶалолиддини Румӣ), “Дар камозорӣ” (шеъри Носири Хусрав), “Дидори ёр” (ғазали Ҳофиз), “Дили модар” (шеъри Мирзо Турсунзода) “Ушшоқи Ҷўрабек”

«Бухорои Шариф»

«Бухорои Шариф» сароғоз ё хишти аввали бинои матбуоти миллии мо буда, дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ нахустин  нашрияе буд, ки пурра бо забони форсии тоҷикӣ ба табъ мерасид.
Нахустин шумораи он рўзи якшанбе, 11-марти соли 1912 дар шаҳри Когон-Бухорои нав дар ҳаҷми чор саҳифаи А-3 рўи чоп омад.
Муассисони ин рўзнома тоҷир Мирзо Муҳиддин Мансуров, шоир Мирзо Сироҷи Ҳакими Бухороӣ, ношири он мудири матбааи Когон Левии яҳудӣ,

Маҳфили рўнамоии китоби «Забони миллат-ҳастии миллат»

Садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар заминаи ҳамкориҳои судманди маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ маҳфили рӯнамоии китоби тозанашри Пешвои ҳумоюнмақдами миллат Эмомалӣ Раҳмон – «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро бо иштироку суханронии олимону муҳаққиқон, шоирону нависандагон ва аҳли зиё

С. Назарзода: «Забон бояд тавоно, гӯё, зоё ва ҷӯё бошад!»

Бо заҳмату кори донишмандони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд ба табъ расид, ки беш аз 87 ҳазор калимаву ибораро дар бар гирифта ва то ҷое ҷамъбасти вожашиносии солҳои охир маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо дар ин Институт  таҳияи «Фарҳанги мукаммали  забони тоҷикӣ» дар шаш ҷилд оғоз гардидааст, ки ҷомеътарин фарҳанг дар таърихи фарҳангнигории забони тоҷикӣ буда, беш аз 200 ҳазор

Шарофати иди забон ва бунёди китобхонаи нав

Имрўз бахшида ба «Рўзи забон» ва ифтитоҳи як китобхонаи нави ҳарбӣ дар Қувваҳои Ҳарбӣ Ҳавоӣ ва Мудофиаи зидди ҳавоӣ (Қисми ҳарбии 07033) семенари илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Мавзунаи Орумбекзода-сармутахассиси шуъбаи чорабиниҳои фарҳангӣ, Муҳаммаднабӣ Баёнӣ – Сардори шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ

Страницы