Шарофати иди забон ва бунёди китобхонаи нав

Имрўз бахшида ба «Рўзи забон» ва ифтитоҳи як китобхонаи нави ҳарбӣ дар Қувваҳои Ҳарбӣ Ҳавоӣ ва Мудофиаи зидди ҳавоӣ (Қисми ҳарбии 07033) семенари илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Мавзунаи Орумбекзода-сармутахассиси шуъбаи чорабиниҳои фарҳангӣ, Муҳаммаднабӣ Баёнӣ – Сардори шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ ва Абдуғаюр Саломов – мутахассиси шуъбаи хизматрасонии библиографӣ иштирок намуда, бахшида ба иди забони давлатӣ ва нақши китобу китобдорӣ дар ҷомеа суханронӣ намуданд.
Полковники Қувваҳои Ҳарбӣ - ҳавоӣ ва Мудофиаи зиддиҳавоӣ Абдурашид Холбоев дар сухани муқаддамотии худ ҳамагонро бо ҷашни Забон ва ифтитоҳи як китобхонаи нави қисми ҳарбӣ ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, ки фонди он зиёда аз 5 ҳазор китобҳои илмӣ- сиёсӣ ва оммавӣ ташкил медиҳад, табрик намуд ва барояшон хушбахтию пирўзиро таманно кард.
Корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ роҷеъ ба имрўзу ояндаи забони давлатӣ суханронӣ кард ва изҳор дошт, ки ҳастии ҳар як халқу миллат ба забон ва ганҷинаи ниёгон марбут аст.
Абдуғаюр Саломов, корманди Китобхонаи миллӣ доир ба таърих ва густариши забони тоҷикӣ суханронӣ кард, инчунин афзуд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам буда, се марҳилаи тўлонии инкишофро  аз сар гузаронидааст: забони форсии қадим, забони форсии миёна, забони форсии нав.
Дар фарҷоми чорабинӣ Мавзуна Орумбекзода кули сарбозони ин воҳиди низомиро бо Иди забони давлатӣ табрик гуфта, туҳфаи маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро  ба китобхонаи Қисми ҳарбӣ ҳамчун арғувони идона туҳфа кард.
Дар чорабинӣ сарбозону афсарони Қисми низомӣ иштирок намуданд.