Пушкин ва Лоҳутӣ: Чӣ иртиботест миёни ин ду шоири забардаст?

Ин аввлаин суоле буд, ки ҳини ба даст гирифтани китоби «Душе настало пробужденье» ( «Рўхро гахи бедор шудан») дар сарам чархид.
Китоб соли 2008 дар ҳаҷми 240 саҳифа ва ба теъдоди 1500 нусха  дар нашриёти «Вагриус”-и шаҳри Маскав чоп шудааст. Ва ҷолиб он аст, ки китоб бо ду забон аст: русӣ ва тоҷикӣ. Ашъори шоири маҳбуб Александр Сергеевич Пушкин дар қалби Русия бо забони тоҷикиву русӣ интишор ёфтааст ва барои алоқамандони ашъори ин шоири  маъруф туҳфаи беҳтарин метавонад бошад.
Кулли ашъори ин маҷмуъа аз ҷониби шоири дигари маъруф устод Абулқосим Лоҳутӣ тарҷума шудааст.
Ашъори Пушкин ба бисёр забонҳои олам, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ зиёд тарҷумаву нашр шудааст. Ва мутолиаи ин шеърҳо нишон медиҳанд, ки Лоҳутӣ чун устоди назм ва шахси шеършинос

“Ҳандаса” аз қаъри асрҳо

Нусхаи хаттии Хоҷа Насируддини Тусӣ (597-672) таҳрири «Усул-ул-ҳандаса ва ал-ҳисоб»яке аз нусхаҳои нодиртарин ба ҳисоб меравад, ки дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст. Ин нусха бо зиёда аз 450 шакли зебои геометрӣ диққати ҳазорон меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Асар, ки имрўз ба номи «Ақлидус» («Euqlid»)

Чашмандозе ба таърихи пайдоиши китоб

Китоб (калимаи арабии بالكتا - навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда), воситаи интишор ва нигаҳдории иттилоот, ғоя, образ ва донишҳо мебошад. Дар омори байналхалқӣ, мувофиқи тавсияи ЮНЕСКО асари ҳаҷман беш аз 3 ҷузъи чопӣ, яъне  аз 48 саҳифаи чопӣ кам набударо шартан китоб гуфтан мумкин аст.
Китоб  воситаи муҳими иттлооти оммавӣ, илмӣ  ва техникӣ, аслиҳаи пурзўри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳн ва тарғиби дониш, иттилоот ва

Номгӯи 188 китоби тозавуруди Китобхонаи миллӣ дар моҳи июли соли 2016

Моҳи июли соли равон хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 188 номгӯй китоби нав бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ғанӣ шуд.
Хонандагон метавонанд бо даҳҳо китобҳои тозавуруд, ки аксари онҳо зарфи ҳамин шаш моҳи охир дар чопхонаҳои мухталифи кишвар интишор ёфтаанд, ошно шаванд.
Аз ҷумла, китоби Зафар Сайидзода “Фаолияти байналмиллалии пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба

Теъдоди хонандагони Китобхонаи миллӣ 7479 нафар афзудааст

Теъдоди хонандагон ба Китобхонаи миллӣ зарфи панҷ моҳи аввали соли равон 7 ҳазору 479 нафар афзудааст.
Таҳқиқоте, ки ахиран Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхона анҷом додааст, нишон медиҳад, ки аз моҳи январи соли 2016 то якуми июни соли 2016 234214 нафар хонандагон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ба ҳисоби миёна дар як моҳ 46 ҳазору 842 нафар мебошад.
Ин гуна пажуҳишҳо ҷиҳати муайян намудани

Дар Донишгоҳи миллӣ китоби “Ошёни суханшиносон” муаррифӣ шуд

Фаъолияти илмию таълимии ҳудудан 90 нафар аз устодони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи милии Тоҷикистон, ки дар китобе бо номи “Ошёни суханшиносон” гирдоварӣ шудааст, имрӯз дар маҷлисгоҳи ин факулта муаррифӣ шуд.
Ин китоб, ки ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст, бо заҳмати декани факулта Сироҷиддини Эмомалӣ ва устоди ҳамин факулта Шуҳрат Бобомуродов зери назари академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ректори Донишгоҳи миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода рӯйи чопро дид.
Дар қисми аввали китоб аксҳои деканон, мудирони кафедраҳои факулта аз оғоз то ин замон ва дар қисми дуввум фаъолияти устодони факулта ҷой дода шудааст.
Инчунин дар бахши алоҳида номгўйи устодони факулта, ки дар тули 25 соли Истиқлолият бо ҷоизаҳои давлатӣ, соҳавӣ, ифтихорномаҳои донишгоҳӣ ва берун аз он

Страницы