Пайдоиши иттилооти библиографӣ дар давраи тоисломӣ

Аз эҷодиёти бадеии Шарқӣ Қадим то даврони мо қисми ночиз (варақаҳои пораканда) омада расидааст, ки он таърихи беш аз ҳазорсоларо тай намуда, қисми асосии он нобуд гаштааст. Ҳар он чизе, ки боқӣ мондааст аз дараҷаи баланди илму маърифат ва доираи васеи паҳнгардии хонишу дониши он замон гувоҳӣ медиҳад.

Оид ба фаъолияти китобдории Шарқи Қадим шарқшиносон маълумотҳои тоза додаанд. Мисршиноси фаронсавӣ Э. де Руже дар шаҳри қадимаи Гиз қабри вазифадори бузурги намояндаи сулолаи IV- и(солҳои 2930-2750 – и пеш аз милод) Шепсескафанхаро дарёфт намуд, ки дар навиштаҷоти болои

МУАРРИФӢ: Асосҳои дониши китобдорӣ-иттилоотӣ

Китоби “Асосҳои дониши китобдорӣ-иттилоотӣ”, ки чун барномаи таълимии курси такмили ихтисос барои кормандони Китобхонаи миллӣ соли 2015 таҳия шудааст, метавонад дастур барои донишҷӯёне бошад, ки дар факултетҳои китобшиносӣ таҳсил мекунанд. Китобро Шариф Комилзода зери назари профессор Сайфиддин Назарзода таҳия кардааст. Чанд иқтибос аз он:

Низоми хадамот дар Китобхона

Қоидаҳои истифодабарии Китобхона. Тартиби бақайдгирӣ дар Китобхона. Намудҳои асосии хадамот.

Бобоҷон Азизов –ҳунарманди маъруф низ тарки олам кард

Ҳамин лаҳзаҳо хабари марги Бобоҷон Азизов –ҳунарманди варзида ва дӯстдоштанӣ расид. Бобоҷон Азизов аз ҷумлаи маъруфтарин сарояндагони солҳои 80-90 садаи гузашта мебошад. Яке аз чеҳраҳои мондагори санъати тоҷик. Шахсе, ки дар ҳунар роҳи худро ёфт, сабку шеваи хоси худро дорад. Мураббии даҳҳо ҷавони ҳунарманд ва падари мушфиқу меҳрубон. Хонаи охираташ ободу рӯҳаш шод

Муаррифӣ: Ҳасани Султон. Хотами мулки Сулаймон

Китоби мазкур соли 2014 дар нашриёти “Адиб” ба нашр расидаву маҷмуаи шеърҳои шоир ва олими маъруф Ҳасани Султонро дар бар гирифтааст. Ҳасани Султон кист?    Ҳасани Султон (Султонов Мирзоҳасан Баротович) (09.06.1966) доктори илми филология (2008), академики Академияи табиатшиносии Русия (2012), узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Муаллифи бештар аз дусад асару мақолаи илмию адабӣ ва шаш маҷмўаи шеър: «Чароғи лола»(2002), «Шафақи лола» (2004), «Чаконда» (2005), «Салои ишқ» (2011) (ба хатти арабӣ),

Ҳабибулло Абдураззоқов дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт

Субҳи имрӯз ҳунарманди маъруф, яке аз шаҳсутунҳои театр ва синамои тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов дар синни 84 - солагӣ, дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора пайвандонаш дар Фейсбук хабар доданд. Ҳабибулло Абдураззоқов бидуни шак як чеҳраи мондагори санъати театр ва кинои тоҷик аст, ки муддати бештар аз 60 соли охир бо офаридани чеҳраҳои зиёд миёни мардум маъруфияти хос дошт. Хонаи охирати ҳунарм анди нотакрор обод бошад.

Ҳабибулло Абдураззоқов 7 ноябри соли 1937 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Соли 1960 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскийи Москва факултети актёриро хатм кардааст. Соли 1964 курси олии режиссёрии

Чунин гуфт Суқроти ҳаким: Агар касе таърихи сеҳазорсолаашро намедонад...

Таъриху тамаддуни аҷдодони худро надониста, имрўзу ояндаро бунёд карда наметавонем. Таърих борҳо исбот намудааст, ки тоҷикон таърихи бойю пурғановат доранд. Ин арзишҳоро дар Китоби «Тоҷикон» мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров  исбот намудааст. Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, аз давраи ҷамияти ибтидоӣ то ба Россия подшоҳӣ ҳамроҳшавии тоҷиконро ба таври возеҳ, баён менамояд. Ёдовар мешавем, ки китоби «Тоҷикон» соли 2008 дар 870 саҳифа дар ду ҷилд  чоп гардид. Чунончӣ, дар сарсухани китоби "Тоҷикон" Бобоҷон Ғафуров менависад:

"Китоби якӯм аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба

 

Страницы