Тавсифи мухтасари қисме аз дастхатҳои китобхонаи миллии Тоҷикистон. Ҷомӣ, Навоӣ, Аттор, Улуғбек.

Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ (соли таваллудаш 1414, вафоташ 1492) мутаффакир, шоир ва донишманди бузурги садаи ХV ба ҳисоб меравад. Бештари асарҳои ў оид ба аҳлоқ, фалсафа, тасаввуф, тасфир, фиқҳ, сарфу наҳви забони арабӣ, арузу қофия, мусиқӣ, тарҷумаи ҳол ва ғайра навишта шудаанд. Асарҳои адабиаш аз назму наср иборат буда, ба шакли жанрҳои гуногунанд. Аз Абдурраҳмони Ҷомӣ ба замони мо девонҳои «Фотиҳат-уш-шубоб» (1479), «Воситат-ул-иқд» (1480), «Хотимат-ул-ҳаёт» (1492), асари насрии «Баҳористон» (1487), маснавиҳои ҳафтгонаи «Ҳафт авранг» ва дигар асарҳояш расидаанд. Соли 1970 шўъбаи дастхатҳои китобхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозиҳои оммавии халқҳоро, ки дар давраи  Ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дода буданд, ёд надорад.

***    ***    ***

Мо имрўз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд.

Муаррифӣ. Ҳусейн Юсупов. “Гулбонги роз”

Аз таърихи мусиқии халқи тоҷик саҳифаҳои дурахшонеро номбар намудан мумкин аст, ки дар лавҳи онҳо садои дили мардуми ин ё он ҳавзаи фарҳангӣ, ё худ ин ё он давру замон бо оҳангу таронаҳои дилнишин ва нолаҳои пур аз меҳру муҳаббат ба зиндагӣ, ғуссаҳои ошиқона, умедвориҳои ҷавонони ноком, орзуҳои азалии некбахтӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳавзаҳои фарҳангӣ-мусиқии Дарвозу Кангурт, Ҳисору Рашт, Зарафшону Фарғона ва дигар манотиқи кишварамон қалб аз ҳама бо хислатҳои мулаввани суруду таронаҳояшон фарқ мекунанд.

Албатта, бояд комилан эътироф намуд, ки  мусиқиро дар тӯли ҳазорсолаҳо маҳз халқ меофарад ва кули навоҳои Шашмақому

МО АЗ ХУДОЕМ ВА БА СӮИ Ӯ БАРМЕГАРДЕМ !

​Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ба сармутахассиси Маркази “Конуни забони тоҷикӣ” ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ

БОБОЕВ САЙФИДДИН

нисбати даргузашти бармаҳали ҳамсараш изҳори тасаллият мекунад.

Ба марҳум аз даргоҳи Холиқи якто хонаи ободи охират

Китоби нав. “Арҷномаи устодони таърихнигор”

Китоб фарогири мақолаҳо доир ба фаъолияти илмиву таълимии устодони зиндаёди факултети  таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи  академик Бобоҷон Ғафуров» буда, аз рўзгору осори ибратомўзи чеҳраҳои равшани таърихнигории муосири тоҷик ҳикоят мекунад. Ин китоб ба донишҷўёну аспирантон, магистрантону докторантон, муҳаққиқону муаллимони фанни таърих ва тамоми иродатмандони таърихи халқи тоҷик пешниҳод мешавад.

Ҳамчуноне дар муқаддима омадааст, китоби «Арҷномаи устодони таърихнигор», ки дар накўдошти олимону

Тақвими соли 2021. Идомаи анъанаи солҳо дар Китобхонаи миллӣ

Китобхонаи миллии Тоҷикистон нашри «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро идома мебахшад. Чопи он соли 1964 шурўъ гардид, ба истиснои солҳои 1993-1996 ҳар сол ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ хидмати хонандагон гузошта мешуд. Зимнан, нусхаҳои электронии он, яъне солҳои 2015-2020 дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон (www.kmt.tj)

Страницы