Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодии 2021

Ҳамватанони азиз!

Дар ин лаҳзаҳо, ки соли нави мелодии 2021–ум фаро мерасад, кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як фарди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу менамоям. Соли 2020, яъне соле, ки ба охир расида истодааст, дар таърихи

Тавсифи мухтасари қисме аз дастхатҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон

«Таърихи Табарӣ» аслан бо забони арабӣ таълиф шудааст. Санаи  таълифоташ маълум нест. Онро соли 963 вазири давлати Сомониён Мир Абўалӣ бинни Муҳаммад Балъамӣ ба забони тоҷикӣ гардонида, ба асар иловаҳо дохил кардааст. Аз ҳамин ҷиҳат таҳқиқотчиён «Таърихи Табарӣ»-ро ба Балъамӣ ҳам нисбат медиҳанд. Садаи ХV1 Ваҳидӣ Балхӣ «Тарихи Табарӣ»-ро бо забони ӯзбекӣ тарҷума карда

Муаррифӣ: “Тоҷикистон ва Ўзбекистон – марҳилаи нави густариши ҳамкориҳо”

Муаллифи ин китоб номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ»-и Донишгоҳи давлатии Данғара Шарифхӯҷа Ҳасанов буда, бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ нашр шудааст. Сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сароғози ин китоб аст: «Тоҷикон ва Ўзбекистон ҳамеша ба таҳқими риштаҳои дўстию бародарӣ кўшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дўстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошад. Мо бояд барои халқҳоямон фазои дўстию самимият ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкориро, тавре дар замони Мавлоно Ҷомӣ

Китоби дарсӣ. Ҳакимбек Сандалов. Амалиётҳои бонкӣ

​Ин китоби тозанашр чуноне аз номаш пайдост, ба фаъолиятҳои бонкӣ бахшида шудааст ва дар он масоили асосҳои ҳуқуқии гузаронидани амалиётҳои бонкӣ ва аҳамияти иқтисодии онҳо дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, амалиётҳои пассивӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, амалиёт бо пулҳои нақд, амалиётҳои қарзӣ, амалиёти хазинавӣ, амалиёти миёнаравӣ, амалиёти  асъорӣ, амалиёт бо қоғазҳои қиматнок, гузаронидани амалиёт бо принсипи низоми бонкдории исломӣ, шаклҳои маҳсулоти муосири бонкӣ , сохтор ва бартарии активҳои бонк ва ҳисоботи бонкӣ арзёбӣ гардидаанд.

Дар шароити имрӯза рушди устувори иқтисодиёт бевосита

Китоби нав. “Народная газета” о Народном Президенте”

Китоби мазкур бо талоши дастаҷамъии ҳайати эҷодии нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” таҳия гардида, ба таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 95-солагии рӯзномаи “Народная газета” ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Мураттибон дар китоб феҳристи маводи дар ҳамин рӯзнома нашршударо дар бораи кору фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ намудаанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзномаи “Народная газета” ягона нашрияи давлатиест, ки барои мардуми русзабон чоп мешавад.

Ба муносибати 85-умин солгарди милоди Фурӯғи Фаррухзод. АЗ ЁД РАФТА

АЗ ЁД РАФТА 

Ёди бигзашта ба дил монду дареғ,
Нест ёре, ки маро ёд кунад.
Дидаам хира ба рах монду надод,
Номае то дили ман шод кунад.

Худ надонам чӣ хатое кардам,
Ки зи ман риштаи улфат бигусаст.
Дар дилаш ҷойе агар буд маро,

Страницы