Ҷумахон Файзализода: Дар ин рўзҳои баргузории озмун китобхона ба ягон мушкил рў ба рў нашуд

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ба анҷом расид. Ин бегоҳ дар бинои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор мешавад ва бо ҳамин дуюмин озмуни ҷумҳуриявӣ расман ба анҷом мерасад. Даври ниҳоии он муддати  11  рӯз дар Китобхонаи миллӣ багузор шуд. Дар ҳамин иртибот як суҳбате доштем бо Директори ин боргоҳи маърифат, профессор Ҷумахон Файзализода. Устоди муҳтарам, мегуфтед ба андешаи Шумо ҳадафи асосии эълон кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби Пешвои миллат чист ва чунин озмунҳо ба мардум чӣ медиҳанд? - Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки мардуми тоҷик

Сайидумар Султонов: олим ва пажӯҳишгари равшанзамир. Дар бораи ӯ чӣ медонем?

Сайидумар Султонов дар деҳаи  Қалъачаи Калони ноҳияи Ўротеппа (ҳозира Истаравшан) таваллуд ёфтааст. Вай соли 1947 мактаби миёнаи нопурраи деҳаи Нилўи ноҳияи Ҳисорро хатм намуда соли 1952 омўзишгоҳи шаҳри Ўротеппаро ба итмом расонидааст. Ҳамзамон солҳои 1948-1952 муаллими синфҳои ибтидоии мактаби зодгоҳаш буд. Сайидумар Султонов соли 1952 ба факултаи таъриху филологияи ДДТ ба номи В. И.

Ато Мирхоҷа: Хонаи ман он қадар китоб дорад, ки маҷбур шудам, баъзеяшонро коргоҳам барам

​Дар охирин рӯзи озмуни ҷумҳуриявии  «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Бо Муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири шинохта Ато Мирхоҷа ҳамсуҳбат шудем. Ва табиист, ки суҳбати мо аввал дар атрофи озмун буд ва баъд дар атрофи масоили дигаре, ки он ҳам ба китобу китобхонӣ иртибот дошт, ҷараён гирифт.

- Бардошти Шумо аз озмун? Он чӣ хоҳад дод?

- Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба як маъракаи бисёр муҳими фарҳангӣ табдил ёфт. Ман фикр мекунам баъди 2-3 сол маърифати ин озмунро хубтар дарк мекунем, ки дар васеъ

Ба таъсиси театри Опера ва балети Тоҷикистон 80 сол пур шуд

​Театри давлатии Академии Опера ва балети тоҷик ба номи Садриддин Айнӣ калонтарин театри мусиқии Тоҷикистон соли 1940 дар заминаи Театри мусиқии тоҷик таъсис ёфтааст. Ҳайати онро ҳофизон Т. Фозилова, А. Муллоқандов, Ҳ. Аҳмадов Б. Тўраев, А. Бобоева, Р. Ғолибова, М. Зиёев, раққос ва раққосаҳо: А. Азимова Ғ. Валаматзода, О. Исомова, М. Қобилов, А. Исҳоқова, У. Рабимов ва дигарон ташкил медоданд. Соли 1941 театр дар Даҳаи санъати тоҷик дар Москва иштирок намуда, нахустин

Фарҳанги китобдорӣ

Сатҳи фарҳангии ҳар як миллат, аз ҷумла тоҷикон, ба вазъи фаъолияти китобхонаҳо ва дигар марказҳои фарҳангӣ ва илмии ҷумҳуриявӣ алоқамандии калон дорад. Дар ин самт вазифаи  муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ хамчун маркази илмӣ ва методӣ барои барномасозӣ ва дастурдиҳии ҳама китобхонаҳои кишвар   хеле бузург ва назаррас мебошад. Ташаккули дурусти  фарҳанги китобдорӣ  ва омўзиши асосҳои

Маҷмӯаи корҳои хаттӣ: Диктант, нақли хаттӣ ва иншо

​Китоби мазкур соли равон бо талоши донишманди тоҷик Суҳайлӣ Расулов чоп шудааст ва  гуфта мешавад, ки он як дастури таълимӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар сарсухан китоб муаллиф навиштааст, ки корҳои хаттӣ воситаи муҳим ва арзишманди саводомӯзӣ, такмили истеъдод, балоғати калом, тақвияти андеша ва ҳофиза, муназзамии лафзу маънӣ, равонии нутқ ва умуман инкишофи малакаву маҳорати толибилмон маҳсуб меёбад.

Дар ҷаҳони муосири таҳсилот дар назар бояд дошт, ки таъмини иттилооту ахбороти фаврӣ тавассути воситаҳои техникӣ таъмин мегардад. Дар баробари ин малакаву

Страницы