Лайлои Шоҳназар: мехоҳам бо садҳо китоб дастрасӣ ба хазинаи маърифатро барои ҳамдеҳагонам осон гардонам

​Лайлои Шоҳназар хонандаи синфи 11, аз  мактаби таҳсилоти умумии рақами 73 ба номи Сармади деҳаи Марғедари ноҳияи Панҷекат аст. Ширкаткунанда дар номинаи адабиёти классик. Дар суҳбате, ки бо ӯ доштем, нахуст аз таассуроташ аз озмун суол кардем:

- Банда, дар номинатсияи адабиёти классик иштирок намудам. Ин рӯзи панҷум аст, ки ман

«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Озмун ба лаҳзаҳои ҳассоси худ наздик мешавад

Рӯзи панҷум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷиткистон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ҷушу хурӯш ҷараён дорад. Бо мақсади шафоф баргузор шудани озмун масъулони он барои волидон ва иштирокдорон дар ҳар як номинатсия мониторҳо гузоштаанд, ки рафти озмун пурра мустақиман пахш ва аз ҷониби тамошобинон назорат карда мешавад. То кунун ягон шикояте ворид нашудааст. Барои иштирокчиён ва аъзои ҳакамон дар бинои Китобхона ду вақт  кофе

Аҷикулло Ҳусейнов: Духтаронро хононед, то дар зиндагӣ азоб накашанд!

Диққати маро ин марди солманди асобадаст аз рӯзҳои аввали оғози озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба худ ҷалб карда буд. Маҷруҳ буд, бо ду асо ҳаракат мекард. Аввалҳо гумон мекардам кадоме аз фарзандон ва ё наберагонаш аз ҷумлаи довталабонанд ва ӯ раҳбаладӣ мекунад. Аммо баъдан ман ӯро ҳар рӯз мушоҳида мекардам ва билохира ҳисси кунҷковӣ ғолиб омад ва шинос шудам. Ӯ Аҷикулло Ҳусейнов ном дошта, бархилофи тасаввури ман раҳнамои касе дар озмун набуд, балки худ яке аз ин довталабон маҳсуб мешуд.

Зодаи деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара аст. 65 сол дорад, соҳиби 7 фарзанд аст: 6 духтару 1 писар. Ҳамаи онҳо 

Ганҷҳои озмун. Муродҷон Бойсаризода. Даҳсола аз шаҳри Исфара

Муродҷон Бойсаризодаи 10-сола ширкаткунандаи озмун дар номинатсияи  адибони ҷаҳон буд. Аз вилояти Суғд аст. 10 сол дорад ва дар мактаби №10 шаҳри Исфара таҳсил мекунад.

Муродҷон Бойсаризода аз ашъори шоирону нависандагони тоҷик, рус, қирғиз, фаронсавӣ, англис ва олмонӣ зиёд хондааст, шеърҳо азёд кардааст. Вай мегӯяд бештар аз ду ҳазор мисраъ

Ганҷҳои озмун. Боз яке аз хурдсолтаринҳо: Динара Кароматзода, ки 9 сол дорад

Яке дигар аз хурдсолтарин иштирокчӣ дар номинатсияи адабиёти классикӣ Динара Кароматзода аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аст, ки ҳамагӣ нуҳ сол дорад ва дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ноҳияи Данғара дар синфи 3 юм таҳсил мекунад. Динара барои ширкат дар қисмати ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар номинатсияи "Аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик" роҳхат гирифтааст.

Ӯ гарчанде хурсол аст, аммо 113 ғазал, 120 рубоӣ, 500 байт 

Ганҷи озмун. Шаҳнози Шаҳнавоз. Шоираи 20-солаи норакӣ

Шаҳнози Шаҳнавоз, 20 сола, аз ҳама иштирокчии ҷавон дар наминатсияи Шоирӣ буда, зодаи шаҳри Норак мебошад. Донишҷӯи бахши сеюми коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе буда, дар бахши филология таҳсили илм мекунад. Аъзои фаъоли маҳфили Хайрандеш аст.   Эҷодиёташ ҳудуди севуним ҳазор мисраъро дар бар мегирад.

Яке аз талаботҳои ин наминатсия дар 13 жанр шеър эҷод намудан аст. Шаҳнавоз тавонистааст, дар 13 жанр шеър гӯяд. Модари Шаҳнавоз китобдори Китобхонаи дустии халқҳои шаҳри Норак аст. Вақте аз фаъолияти эҷодияш пурсон шудем, гуфт, аз синни 15 солагӣ ба навиштани шеър шуруъ намудаам. Устоди нахустинам дар ҷодаи шеър шодравон Муҳаммадалии Аҷамӣ буданд. Ёдашон ба хайр

Страницы